Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2021

Новости за 21.06.2021

ФАВРӢ: Тоҷикистон аз сабти ҳолатҳои нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар дод

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон расман эътироф карданд, ки ҳолати сироятёбии сокинон ба COVID-19 дар кишвар сабт шудааст . Ситоди муқобила бо коронавирус бегоҳи 21-уми июн бо нашри ин хабар аз сокинон даъват кард, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя кунанд.

Паноҳандагон дар Тоҷикистон: на пойи рафтан, на ҷойи мондан. ВИДЕО

Ozodi.org 

20-уми июн Рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аст. Дар ин рӯз ба тақдири миллионҳо нафаре таваҷҷуҳ мешавад, ки ба хотири наҷоти ҷонашон ё дарёфти зиндагии беҳтар маҷбур шудаанд, кишварашонро тарк кунанд.

Ҳақталошӣ. Чӣ гуна падар ба духтараш сабақи истодагарӣ ва мубориза дод

Ozodi.org 

Уктамҷон Турсунов, падари Парвина Турсунова, як духтаре, ки 13 сол пеш дар нимсолаи дуюми соли таҳсил донишҷӯ шуд, мегӯяд, инсонҳо барои ҳаққи худ бояд талош кунанд ва набояд ба беадолатӣ тан диҳанд.

Баъзеҳо тиккаву пора мешуданд. Ҳама ҷо оғуштаи хун буд"

Ozodi.org 

Ҳукумати Украина дар идомаи бозгардонидани шаҳрвандонаш аз Сурия ҳафтаи гузашта як занеро бо 7 фарзандаш ба Киев овард. Амина дар урдугоҳи Ал-Ҳавл зиндагӣ мекард, ки онҷо даҳҳо зани тоҷик бо кӯдаконашон мунтазири бозгашт ба ватан ҳастанд.

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ ва бародараш маълум шудааст

Ozodi.org 

Макони нигаҳдории Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ (Абдулло Қувватбеков) ва бародараш Иззатулло Қувватбеков, ки рӯзи 18-уми июн боздошт шуда буданд, барои пайвандонаш маълум шудааст. Мақомоти тафтишотӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки онҳо дар бинои Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ нигаҳдорӣ мешаванд ва нисбаташон тафтишотӣ пешакӣ оғоз шудааст. Дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Сомонӣ ин хабарро тасдиқ ё рад накарданд ва шарҳ надоданд, ки онҳо бо чӣ ҷурм боздошт шудаанд. Пештар наздикони Мавлавӣ Абдуллои Язғуломӣ гуфта буданд... Читать дальше...

Муфаттиши парвандаи Иззат Амонро иваз карданд

Ozodi.org 

Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон муфаттиши парвандаи Иззат Амон, ҳомии шинохтаи ҳуқуқи муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро иваз кардааст. Пештар наздикони Иззат Амон аз кори Эраҷ Қувватов, муфаттиши қаблии парванда шикоят карда буданд. Ҳоло ба ҷойи ӯ, Сипеҳр Сафаров, муфаттиши дигари ВКД тафтиши парвандаро бар дӯш гирифтааст. Як манбаъ аз Раёсати тафтишоти Вазорати корҳои дохила ба шарти зикр накардани номаш рӯзи 21-уми июн бо тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, Сипеҳр... Читать дальше...

Ҷасади як марзбони тоҷикро пас аз 16 рӯз аз об берун оварданд

Ozodi.org 

Ҷасади Юсуфҷон Музаффарзода, як марзбони тоҷик, ки 16 рӯз қабл дар рудхонаи Панҷоб, дар марзи ноҳияи Ҳамадонӣ бо Фархор ғарқ шуда буд, пайдо шудааст. Як масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи 21-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷасадро субҳи якшанбе сокинон дар деҳаи Сомониёни ҷамоати Турдиев пайдо карданд. Манбаъ афзуд, ки ҷасад пас аз берун овардан аз об, ба мақомот супурда шуд. Ин масъули ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки "ҷасад аз реги лаби рудхона пайдо шуд, маҷрои об бисёр тез аст. Читать дальше...



Нафари номаълуме барои сайёҳат ба кайҳон 28 миллион доллар пардохтааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Нафаре, ки исмаш феълан махфӣ нигоҳ дошта мешавад, ба хотирии харидории чиптаи киштии кайҳонии “Blue Origin” барои саёҳат ба кайҳон бо миллиардер Ҷефф Безос 28 миллион доллар пардохт кардааст. Парвоз рӯзи 20-уми июл таъйин шудааст.

Узбекистон толибилмонеро, ки дар мадрасаҳои хориҷ таҳсил доранд, бармегардонад

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон дар моҳҳои охир ҳудуди 1,5 ҳазор донишҷӯи узбекистонии мадрасаҳои диниро аз Миср ба Узбекистон баргардонидаанд. Мақомоти Узбекистон сабаби баргардонии донишҷӯёнро шарҳ намедиҳанд. Намояндаи сафорати Узбекистон дар Миср дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аз ин ба баъд донишҷӯён аз Узбекистонро танҳо дар асоси тавсияи Кумитаи кор бо дини девони вазирони Узбекистон мепазирад. Сафорати Узбекистон дар Миср бо нашри изҳороте дар сомонааш навишт, ки "бисёре... Читать дальше...

Собиқ муовини аввали сарвазири Қирғизистон ба ҳабс гирифта шуд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкеки Қирғизистон рӯзи 19 июн Тойирбек Сарпашев, ноиб-аввали пешини сарвазири он кишварро то рӯзи 31 июли соли ҷорӣ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Мақомоти тафтишотӣ ӯро дар фасодкорӣ гумонбар мекунанд. Тафтишот муайян кардааст, ки Сарпашев "дар ҳамдастӣ бо роҳбарияти олии Қирғизистон ва намояндагони ширкати канадагии Centerra Gold Inc. рафторе содир кардааст, ки бар зарари муҳити зисти Қирғизистон равона шудааст". Сарпашев 17 июн боздошт шуда буд. Мақомоти Қирғизистон... Читать дальше...

Узбекистон аз сифр Андиҷони нав месозад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев санги асоси шаҳреро гузошт, ки дар ноҳияи Андиҷони он кишвар аз сифр бунёд мешавад. Тавре хадамоти матбуотии президенти Узбекистон хабар дод, тарҳи шаҳри нав бо мутахассисони турк коркард шудааст. Андиҷони нав дар наздикии Андиҷони кунунӣ барои беш аз 450 ҳазор одам сохта мешавад. Масоҳати умумии он чор ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки ду ҳазор гектар барои баландошёнаҳои зист, иншоотҳои иҷтимоӣ, хидматрасонӣ ва минтақаи саноатӣ пешбинӣ шуда, дар ду ҳазор гектари дигар мақомот мехоҳанд... Читать дальше...

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи зидди КОВИД-19 дод

Ozodi.org 

Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи "КоронаВак" ва тақрибан ҳамин миқдор сӯзандорӣ кӯмак кардааст. Ин ваксинаҳо истеҳсоли ширкати "Sinovac Research & Development Co. Ltd" буда, шоми 20-уми июн ба Душанбе расиданд. Дар маросими қабули ваксинаҳо дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, мақомоти тоҷик ва низ сафири Чин дар Тоҷикистон ҳузур доштаанд. Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки ваксинаҳои чинӣ дар анборҳои вижаи ин вазоратхона нигаҳдорӣ шуда, тибқи нақша ба табақаҳои пешбинишудаи аҳолӣ гузоронида мешавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев о победе над Алькарасом на турнире в Мадриде: мне очень помогла подача






К Абрамсу уже принесли цветы...

Обыкновенный соловей (Luscinia luscinia)

Беременная Малахова пришла на ММКФ в прозрачном белье

Более 70 тыс тюльпанов, бегоний и гиацинтов высадят в городские клумбы Химок