Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Ноябрь
2021

Новости за 09.11.2021

Данғара ё Кангурт? Баҳси ҳайкалгузорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон бозгаштааст

Ozodi.org 

Нашрияи "Тоҷикистон" пешниҳоди ду нафарро нашр кард, ки мегӯянд, бояд ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар, ҳайкал гузошт. Маълум нест, ин андеша чӣ қадар пуштибонӣ дорад, вале он сари чанд вақт рӯ мезанад ва мумкин аст, мақомоти расмӣ дар паси он бошанд.

Оромгоҳи Сид. Орзуҳои шикаста ва тақдири фоҷиабори паноҳҷӯён дар Аврупо. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар 6 соли гузашта бештар аз якуним миллион муҳоҷиру паноҳҷӯ аз кишварҳои Осиё ва Ховари Миёна худро ба Аврупо расонидаанд ва талош барои расидан ба зиндагии беҳтар ҳанӯз ҳам идома дорад. Аммо баъзе аз онҳо ба мақсади хеш намерасанд ва дар нимароҳи мақсуд ҷон медиҳанд.

Ба расонаҳои давлатии Русия дастур додаанд, ки "Толибон"-ро созмони мамнуъ наноманд

Ozodi.org 

Роҳбарияти хабаргузории "Россия сегодня", ки мудири куллаш ровии телевизион Дмитрий Киселёв аст, ба зердастон дастур додаанд, ки "Толибон"-ро созмони мамнуъ дар Русия наноманд.



"Пуштамро зер кард, сарамро газид." Парвиншо гуфт, ки чӣ гуна хирс ба ӯ ҳамла кард. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як наврас аз ноҳияи Ванҷи вилояти Бадахшон нақл кард, ки чӣ гуна бист рӯз пеш хирс ба ӯ ҳамла кард ва сару пушташро захмӣ намуд. Парвиншо Муҳаббатови чордаҳсола ҳоло дар шаҳраки “Шифобахш”, бемористони Қарияи Болои шаҳри Душанбе, муолиҷа мегирад. Пизишкон вазъи саломати ӯро хуб арзёбӣ карданд.

Белорус аз ҳаракати нави паноҳҷӯён ба сӯи Аврупо хабар дод

Ozodi.org 

Субҳи рӯзи душанбеи 8-уми ноябр шабакаҳои телеграми Беларус хабар доданд, ки издиҳоми бузурги паноҳҷӯён аз Ховари Миёна тавассути қаламрави вилояти Гродно ба сӯи марзи Полша ҳаракат мекунанд. Ба гуфаи онҳо ин таҷаммӯъ умед доранд тавассути Полша ба Олмон бирасанд. Раёсати корҳои дохилии вилояти Гродно хабар дод, ки полис барои таъмини ҳифзи қонун ва тартибот чораҳо меандешад. Кумитаи давлатии марзбонии Беларус гуфт, дар робита ба наздик шудани паноҳҷӯён, марзбонон ба реҷаи пурзӯри хизмат гузаштанд. Читать дальше...

Эътирози соҳибони мошинҳои "русӣ" дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Даҳҳо соҳиби мошинҳое, ки бо рақамҳои давлатии Русия вориди Қазоқистон шудаанд, 8-уми ноябр ба нишони эътироз дар шаҳри Нурсултон ҷамъ шуданд. Ронандагони норозӣ гуфтанд, кормандони пулис рӯзҳои ахир мошинҳоеро бештар боз медоранд, ки рақамҳои давлатии Русияро доранд. Ба гуфтаи ронандагон, ҳолатҳои ҷаримашавии соҳибони мошин ва интиқол ёфтани мошинҳо ба таваққуфгоҳи ҷаримавӣ афзоиш ёфтааст. "Дар ин гуна мошинҳо асосан одамони оддӣ мегарданд. Бинобар ин, амали кормандони пулисро мешавад фишор ба одамони оддӣ гуфт. Читать дальше...

СММ: "Афғонистон дузахе дар рӯи замин хоҳад шуд, агар..."

Ozodi.org 

Коршиносони СММ ҳушдор додаанд, ки бо якбора сард шудани ҳаво дар Афғонистон, буҳрони ғизоӣ дар он кишвар наздик мешавад. "95 дарсади афғонистониҳо наметавонанд барои худ ғизо дастрас кунанд ва мо танҳо мушоҳида мекунем, ки чи тавр ҳамаи онҳо бо марг аз гуруснагӣ рӯбарӯ мешаванд", - изҳор доштаасӣ мудири иҷроияи Барномаҳои ҷаҳонии ғизоӣ Дэвид Бислӣ 7 ноябр баъди боздидаш аз шаҳри Кобул. Ба гуфтаи Дэвид Бислӣ, "Афғонистон дар шаш моҳи оянда дузахе дар рӯи замин хоҳад шуд". Бислӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст... Читать дальше...

Новости России
Москва

Продвижение новых песен с высоким результатом


Ҳавои Бишкек олудатарин дар ҷаҳон номида шуд

Ozodi.org 

Бино ба иттилои хадамоти интернетии AirQuality, 7 ноябр дар Бишкеки Қирғизистон назар ба шаҳрҳои дигари дунё олудатарин ҳаво ба қайд гирифта шудааст. Манбаъ афзудааст, ки ҳавои пойтахти Қирғизистон аз шаҳрҳои Деҳлӣ, Карочӣ, Лоҳур ва Тел-Авив дида ифлостар буд. Дастгоҳҳои ҳавосанҷ рӯзи 8 ноябр сатҳи олудагии ҳавои Бишкекро 261 нишон додаанд. Дар ҳоле ки тибқи меъёр, он бояд то 50 бошад. Нишондоди беш аз 300-и олудагии ҳаво сахт хатарнок мебошад. Ҳамасола бо фарорасии фасли сармо дар Бишкек ҳаво якбора олуда мешавад. Читать дальше...

Рӯзноманигори лаҳистониро ба Узбекистон роҳ надоданд

Ozodi.org 

Хабарнигори лаҳистонӣ Агнешки Пикулитска беш аз якшабонарӯз мешавад, ки дар марзи Қазоқистон ва Узбекистон дармондааст. Рӯзноманигор мегӯяд, марзбонон ба ӯ иҷозат намедиҳанд, ки вориди Узбекистон шавад. Ҳамчунин ӯ ба далели маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус наметавонад ба Қазоқистон баргардад. Ба гуфтаи рӯзноманигор, марзбонони Узбекистон ҳангоми баргашти ӯ аз Қазоқистон иҷозат надодаанд, ки вориди он кишвар шавад. "Вуруди ман ба Узбекистон расман манъ шудааст. Сабаби ин маҳдудият номаълум аст. Читать дальше...

Ҷоми Тоҷикистон: ½ финал – пирӯзии "Истиқлол" ба "Эсхата" ва "Хуҷанд" ба "Равшан"

Ozodi.org 

Бозиҳои аввали даври ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2021 оид ба футбол рӯзҳои 6-7-уми ноябр баргузор шуданд. Рӯзи шанбе дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар «Истиқлол»-и Душанбе бо «Эсхата»-и Хуҷанд рақобат кард. Ба чор голи задаи мизбонон меҳмонон тавонистанд бо се гол посух бидиҳанд. Бозии ҷавобӣ байни ин ҷуфт рӯзи 27-уми ноябр дар шаҳри Хуҷанд барпо мегардад.  Бозии дигари ниманиҳоӣ рӯзи якшанбе, 7-уми ноябр, дар варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд миёни дастаҳои «Хуҷанд» ва «Равшан»-и Кӯлоб баргузор шуд. Читать дальше...

Мунтахаби Тоҷикистонро ба бозии дӯстона бо Қазоқистон Мубин Эргашев омода мекунад

Ozodi.org 

Мубин Эргашев, раҳбари тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23), дар бозии дӯстонаи дастаи мунтахаби миллии кишвар муқобили мунтахаби Қазоқистон (16-уми ноябр) вазифаи сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистонро иҷро мекунад, хабар медиҳад сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон. Ба иттилои манбаъ, мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо раҳбарии Мубин Эргашев чанд рӯз пеш ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2022, ки моҳи июни соли оянда дар Узбекистон баргузор мешавад, роҳхат гирифт. Ба Эргашев собиқ бозигарони маъруфи мунтахаби миллӣ ... Читать дальше...

"Пул нест, ҳезум нест, хунук хӯрда, мехобам"

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон шикоятҳо аз кори ширкати Барқи Тоҷик идома дорад, ки мардумро бо нерӯи барқ таъмин карда наметавонад. Айни замон мақомот аз мардум мехоҳанд, ғами худро бихӯранду барои зимистон омода шаванд. Ҳамкорони мо дар Душанбе аз чанд раҳгузар пурсиданд, ки оё барои зимистон омода шудаанд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

ATP представила новые правила парного тенниса






Москва вводит временные ограничения на продажу алкоголя 4, 5, 8 и 9 мая

Хвостатые постояльцы. Куда в Москве пристроить питомца на время отпуска

Суд присяжных частично оправдал протаранившего ворота посольства РФ в Дублине

К Абрамсу уже принесли цветы...