Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2022

Новости за 15.08.2022

Сафари мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) ба Тошканд

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар доираи омодагӣ ба мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи президенти собиқи Ассотсиатсияи футболи Узбекистон Мираброр Усмонов иштирок мекунад. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи ёдбуди Мираброр Усмонов, ки аз 22-юм то 27-уми август дар Ташканд баргузор мешавад, дастаҳои мунтахаби наврасони Узбекистон, Тоҷикистон, Эрон ва Ҷопон ширкат меварзанд. Мусобиқа аз рӯи системи даврӣ дар як давра доир мегардад. Читать дальше...

Додситонӣ хост, Мамадшоева 25 сол ва Холбашов як умр зиндонӣ шаванд

Ozodi.org 

Намояндаи Додситонӣ аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки нисбат ба Холбаш Холбашов, афсари пешини неруҳои марзбонӣ, ҳукми абад ва дар нисбат ба Улфатхоним Мамадшоева, рӯзноманигор ва фаъоли маданӣ, 25 сол ҳукми зиндон эълон кунад.

"Хатлон"-и Бохтар ва "Равшан"-и Кӯлоб дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон пешсафанд

Ozodi.org 

Пас аз танаффуси якмоҳа рӯзҳои 10-14-уми август бозиҳои даври дувоздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Бозии марказии даври дувоздаҳум рӯзи 10-уми август миёни дастаҳои “Хуҷанд”- и шаҳри Хуҷанд ва “Истиқлол”-и Душанбе баргузор шуд. Дар ин дидор дастаи меҳмон – «Истиқлол» - бо ҳисоби 2:1 пирӯз гардид. Ду бозии дигар рӯзи 12-уми август сурат гирифт. “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан дар майдони худ “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 3:0 ва “Файзканд”-и... Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 15-уми августи соли 2022 (Пахши зинда)

Ozodi.org 

Интиқоди шадиди сафири ҳукумати пешини Афғонистон аз маъмурияти Толибон, бурду бохти Толибон дар як соли ҳукмронии ин ҷунбиши исломӣ дар Афғонистон, сарнавишти норӯшани муҷассамаи дучарха дар Данғара, маросими видоъ бо Нур Табаров ва матолиби дигар.

Президенти Узбекистон бо даъвати шоҳ ба Арабистони Саудӣ меравад

Ozodi.org 

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзҳои 17 ва 18 август бо даъвати шоҳ Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд сафари давлатиеро ба Арабистони Саудӣ анҷом медиҳад. Сухангӯи президенти Узбекистон Шерзод Асадов 15 август гуфт, тибқи барномаи ин сафар, дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ гуфтугӯи раҳбарони ду кишвар баргузор ва дар он масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Риёзу Тошканд баррасӣ мешаванд. Ба гуфтаи Асадов, "дар ҷараёни сафари Мирзиёев имзои бастаи бузурги санадҳои дуҷониба дар бораи “иқтисоди сабз”... Читать дальше...

Эронро барои нашри нафратномаҳо дар бораи Салмон Рушдӣ танқид карданд

Ozodi.org 

Мақомоти эронӣ гуфтанд, дар ҳамлае, ки  Салмон Рушдӣ маҷрӯҳ ва бистарӣ шуд, худи нависанда гунаҳкор аст. Вашингтон матбуоти эрониро барои нашри матолиби “нафратангез” дар бораи ин “ҳамлаи зишт” гунаҳгор кард. Дар вокуниши нахустин ба ҳодисаи ҳамла ба муаллифи 75-солаи “Ояҳои шайтонӣ” рӯзи 15-уми август Теҳрон ҳама гуна  робита бо ҳамлаи се рӯз пешро “қотеона” рад кардааст. Ҳодиса дар қисмати ғарбии шаҳри Ню-Йорк рух дод. Ба Салмон Рушдӣ, ки бояд дар Пажӯҳишгоҳи Чатокуа дар мавзӯи озодии баён суханронӣ мекард... Читать дальше...



Шумори қурбониёни таркиши анбори бозоре дар Арманистон то шаш нафар зиёд шуд

Ozodi.org 

Дар шаҳри Еревани Арманистон дар паи таркише дар анбори нигаҳдории васоили оташбозӣ ё фейерверк дастикам шаш нафар кушта ва даҳҳо тан маҷрӯҳ шуд. Вазорати ҳолатҳои изтирории Арманистон ба бахши Армании Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти наҷот идома дорад ва ҳанӯз 16 нафар беномунишон дониста мешаванд. Ба иттилои дафтари шаҳрдории Ереван, дар паи таркише, ки дар анбори воқеъ дар ҳудуди бозори азиме рух дод, сӯхтор сар зад ва ҳанӯз пурра хомӯш карда нашудааст. Сабаби сар задани таркиш маълум нест, вале ба иттилои шоҳидон... Читать дальше...

Бунёдгузори як "пирамидаи молӣ" дар Узбекистон бо пули 300 муштарӣ фирор кардааст

Ozodi.org 

Бунёдгузори яке аз "Пирамидаҳои молӣ" бо номи "Rayona Qutlug" дар Узбекистон пулҳои наздик ба 300 муштарии худро гирифта, аз кишвар фирор кардааст. Ҷабрдидаҳо дар суҳбат бо хабаргузории "Хабар.уз" гуфтаанд, ки ба ҳисоби миёна барои мошин 4-5 ва барои хона 15-17 ҳазордолларӣ пешпардохт карда буданд ва аз ин кори онҳо наздиконашон хабар надоштанд. "Rayona Qutlug" 10 январи соли 2022 аз сӯи сокини маҳаллӣ Эркин Эгамбердиев таъсис ёфтааст. Пулиси ноҳияи Мирободи шаҳри Тошканд зидди раҳбарияти созмон... Читать дальше...

Медали чаҳоруми варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ

Ozodi.org 

Екатерина Ишенко, варзишгар аз Тоҷикистон, дар Бозиҳои V ҳамбастагии исломӣ, ки бо иштироки беш аз 4000 варзишгар аз 56 кишвари ҷаҳон дар шаҳри Қунияи Туркия ҷараён дорад, дар мусобиқаи тенниси рӯи миз миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд медали нуқра ба даст овард. Ин медали чаҳоруми варзишгарони тоҷик дар ин бозиҳо ба шумор меравад. Мусобиқаи пара-тенниси рӯи миз (класси 9) ба таври даврӣ сурат гирифт. Дар мусобиқа чаҳор варзишгар ширкат дошт. Екатерина дар ду давр варзишгарони Эрон - Пагоҳ... Читать дальше...

Абубакр Шеров дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо медали нуқра гирифт

Ozodi.org 

Абубакр Шеров, варзишгари тоҷик, дар Ҷоми бози Осиё (Aktau Asian Open 2022) ба хотираи Турар Жолдибоев, тоҷири маъруфи қазоқ, ки рӯзҳои 13-14-уми август дар шаҳри Оқтови Қазоқистон баргузор шуд, дар вазни то 66 кило медали нуқра ба даст овард. Абубакр рақобатро аз даври дувум муқобили варзишгари мизбон Азамат Зулжалелов шуруъ кард ва дастболо шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ намояндаи дигари Қазоқистон Болат Билолро шикаст дод ва ба нимфинал роҳ ёфт. Паҳлавони тоҷик дар даври ниманиҳоӣ севумин гуштигири қазоқ Алмас Галимовро ноком карда... Читать дальше...

Қазоқистон нақшаи содироти нафт тавассути Озарбойҷонро рад кард

Ozodi.org 

Вазири энержии Қазоқистон Болат Акчулаков хабарҳо дар бораи содироти 1,5 миллион тонна нафтро тавассути лӯлаи Боку-Тифлис-Ҷайҳон, ки Русияро давр мезанад, рад кард. Вай 12 август дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Атирауи Қазоқистон гуфт, ки кишвараш чунин тасмиме надорад. "Ман ҳам ин хабарро хондам. Фикр намекунам, ки мо дар бораи интиқоли нафт тавассути ин масир созишномае имзо кунем. Чунин масъалахо дар сатҳи корхонаҳои миллӣ баррасӣ мешаванд. Аммо мо дар бораи имзои созишнома дар бораи интиқоли нафт дар моҳи сентябр гуфтугӯ надорем"... Читать дальше...

Нур Табаров, вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон даргузашт

Ozodi.org 

Нур Табаров, адиб, рӯзноманигор ва вазири пешини фарҳанги Тоҷикистон шаби гузашта дар сини 81-солагӣ даргузашт. Наздикон ва дустонаш гуфтанд, ки ӯ солҳои ахир аз беморӣ ранҷ мебурд Маросими видоъ ва ҷанозаи ин шахсияти шинохта субҳи 15-уми август дар назди хонааш дар пушти чойхонаи "Роҳат" ва намози ҷаноза дар масҷиди Сари Осиё баргузор шуд. Сипас тобути ӯро барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш шаҳри Ваҳдат интиқол доданд. Нур Табаров солҳо ҳамчун рӯзноманигору драмнавис ва ходими сиёсисву фарҳангӣ кор карда, солҳои ахир бознишаста буд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

Рублев не отстал от «Реала»! Как русская звезда тенниса покорила Мадрид






Цитата Гитлера и давление соцсетей: что сказал Бишимбаев в последнем слове

Мария Багреева: Москва провела 50 тыс. закупок у МСП на портале поставщиков

Суд арестовал главу Восточно-Арктической нефтегазовой корпорации Неверова

«Северный путь Вечного огня» соединит Волгоград и Ямал