Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2023

Новости за 23.07.2023

Сарвазири Исроилро ҷарроҳӣ кардаанд

Ozodi.org 

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроилро шоми шанбе дар беморхонаи “Шеба”-и Тел-Авив бистарӣ кардаанд. Пизишкон гуфтаанд, ки дар роҳҳои хунгарди дили ӯ дастгоҳи назоратӣ гузоштаанд ва амалиёти ҷарроҳӣ хуб гузаштааст. Қарор аст, рӯзи душанбе ӯро аз беморхона ҷавоб диҳанд. Дар ин рӯз дар порлумони Исроил масъалаи ислоҳот дар сохтори додгоҳӣ баррасӣ мешавад. Ин ислоҳот тазоҳуроти сартосариро дар Исроил ба бор оварда буд. Мухолифон мегӯянд, Нетаняҳу мехоҳад бо ин роҳ мустақилияти додрасҳоро аз байн барад. Читать дальше...

Ронандае, ки зери чархи мошинаш зани роҳрӯб ҷон дод, боздошт шудааст

Ozodi.org 

Мақомот як ронандаи ҷавонро, ки дар пахш ва куштани зани роҳрӯб бо мошини сабукрав дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии Душанбе гумонбар мешуд, боздошт кардаанд. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод, ки Умарҷон Раҷабов, сокини шаҳри Душанбе, субҳи 23-уми июл як зани роҳрӯбро пахш карда, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Ин зани 54-сола дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Назари пайвандони ронанда ба ин ҳодиса маълум нест, вале  РВКД дар хабараш гуфтааст, ки Умарҷон Раҷабов ба ин зан кумак нарасондааст ва аз ҷойи ҳодиса фирор карда... Читать дальше...

Роҳи Душанбе-Бадахшон пас аз сели харобиовар дубора боз шудааст

Ozodi.org 

Роҳи Душанбе-Бадахшон, ки дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз бар асари омадани сел баста шуда буд, дубора боз шудааст. Рӯзи 22-уми июл об аз рӯдхонаи Панҷ сар зад ва роҳи Душанбе--Бадахшонро муваққатан баст. Умеда Юсуфӣ, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон рӯзи 23-уми июл дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, сел аз самти Афғонистон ба рӯди Панҷ рехта, маҷрои обро анадаке дигар кард. Ӯ гуфт, роҳ дар деҳаи Сангевд ва Ширговад танҳо ду соат баста шуд. “Ба ин минтақа техника сафарбар шуда, монеаҳо бартараф шуданд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев обыграл Бублика и вышел в четвертьфинал "Мастерса" в Мадриде






США вынуждено корректируют санкционную политику в отношении России

Суд присяжных частично оправдал протаранившего ворота посольства РФ в Дублине

Генеральша Мария Китаева, о которой почему-то не принято говорить вслух

Диана Гурцкая показала на фото, как ее муж выглядел перед смертью в самолете