Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Август
2023

Новости за 18.08.2023

“Ришвахорӣ”-и устодони донишгоҳ баҳс барангехт

Ozodi.org 

Мақомоти тафтишотии Суғд дар як соли ахир аз ҳама бештар мавридҳои ришваситонии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Хуҷандро ба қайд гирифтаанд. Қисме аз онҳо бо ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шудаанд ва чанде ҳам маҳбусанд. Аюб Усмонзода, ректори донишгоҳ даст ба ҷиноят задани кормандонашро рад мекунад.

"Чаро ҳабс шуданд, напурсид?" Назари омбудсмен ва ҳомиён ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеа аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар дар кишвар  беҳтар шудааст.

Таҳдиди Дӯстум ба мубориза зидди Толибон

Ozodi.org 

Абдуррашид Дӯстум, ҷангсолори узбектабор ва собиқ сиёсатмадори Афғонистон, ки як узви эътилофи Шӯрои олии муқовимати миллӣ мебошад, гуфт, ҷангиёни ӯ омода ҳастанд зидди Толибон биҷанганд. Ӯ, ки дар  ҷаласае ба муносибати дусолагии ишғоли қудрат дар Афғонистон аз ҷониби Толибон сӯҳбат мекард, гуфт, ҳар вақте ки ҷаҳон ба хулосае биёяд, ки бо ин гурӯҳи тундрав кор карда наметавонад, ҷангиёни ӯ ба амал омода ҳастанд. Дӯстум гуфт, ки Толибон ба ҳеҷ як пешниҳоди ҷомеаи ҷаҳонӣ омодагӣ нишон намедиҳанд.... Читать дальше...

Дугин гуфт, “тоҷикон бояд дини православиро қабул кунанд”. Душанбе ҳанӯз вокуниш накардааст

Ozodi.org 

Як таблиғгари Кремлин, ки бо изҳороти султаҷӯёнааш маъруф аст, шарти “азхудкунии забони русӣ” ва “қабули дини провославии масеҳиро” барои тоҷикон зарур шумурдааст.

Обид Ҷебов дар “Zagreb Grand Prix 2023” ноком шуд

Ozodi.org 

Дар мусобиқоти байналмилалии “Zagreb Grand Prix 2023”, ки имрӯз, 18-уми август, дар шаҳри Загреби Хорватия оғоз ёфт, паҳлавони тоҷик Обид Ҷебов ноком шуда, аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум гашт.

Афзоиши нархи маводи сӯхт дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯзишворӣ гаронтар шудааст. Аз ҷумла арзиши гази моеъ дар вилояти Суғд то ба 5 сомониву 30 дирам ва дар шаҳри Душанбеву вилояти Хатлон ба 5 сомониву 50 дирам баробар шудааст. Дар ҳоле, ки ҳафтаи пеш нархи як литри ин навъи маводи сӯхт 4 сомониву 80 дирам буд. Дар нархи бензин ҳам то  андозае тағйирот ба чашм мехӯрад. Бензини навъи 92 наздики 10 сомонӣ ва навъи 95  аз 10,20 сомонӣ то 10,40 сомонӣ расидааст. Соҳибкорон болоравии нархро ба давлатҳои истеҳсолкунанда рабт медиҳанд. Читать дальше...



Рустами Эмомалӣ ба Чин сафар мекунад

Ozodi.org 

Бино ба гузориши расонаҳои чинӣ, қарор аст Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо як ҳайати расмӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кунад.

Ифтитоҳи нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар Мурғоб бо кӯмаки USAID

Ozodi.org 

Бо кӯмаки USAID ва дар ҳамкорӣ бо ширкати "Помир Энержӣ", дар ноҳияи баланкуҳи Мурғоб як нерӯгоҳи барқи офтобӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Дар маросими ифтитоҳи ин нерӯгоҳ Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер, мақомоти ҳукумати Тоҷикистон, масъулини USAID ва ширкати "Помир Энержӣ" иштирок кардаанд. Иқтидори ин нерӯгоҳ дар Мурғоб, ки бо системаи батарея фаъолият мекунад, 1,2 МВт/соат, мебошад. Қаблан чунин система аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуд буд, ки иқтидори он аз 200 кВт то 800 кВт буд. Читать дальше...

Либоси мактабӣ арзон аст ё гарон? Назари мардум. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон соли нави таҳсил шуруъ мешавад. Барои ҳамин ин шабу рӯзҳо волидайни хонандагон серташвишанд ва барои фарзандонашон либоси мактабӣ мехаранд. Шикоятҳо аз гарон будани либоси мактабӣ ва паст будани сифати он кам нест.

Назари мардум: Либоси мактабӣ арзон аст ё гарон?

Ozodi.org 

Ду ҳафта баъд дар Тоҷикистон соли нави таҳсил шуруъ мешавад. Ин шабу рӯзҳо волидайни хонандагон серташвишанд ва барои фарзандонашон либоси мактабӣ мехаранд. Шикоятҳо аз гарон будани либоси мактабӣ ва паст будани сифати он кам нест. Мо дар хиёбонҳои Душанбе аз сокинон дар ҳамин бора пурсидем.

Қазоқистон як телевизиони русиро масдуд кард

Ozodi.org 

Қазоқистон шабакаи телевизионии таблиғотиии "Царьград"-и Русияро, ки ба олигархи рус Константин Малофеев тааллуқ дорад, масдуд кард. Дар ин бора "Masa.media" бо истинод ба Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон хабар додааст. Мақомоти Қазоқистон қаблан "Царьград"-ро чаҳор бор барои пахши гузоришҳои "ифротгароӣ, аз ҷумла гузорише бо унвони “Миллатгароҳои қазоқ занони русро дар остонаи Рӯзи Ғалаба террор мекунанд” ҳушдор дода буданд. Масъулони хадамоти "Kaz Blocking Tracker", ки маҳдудияти... Читать дальше...

Дар сӯхтори кони ангишти Қазоқистон як нафар ҷон бохтааст

Ozodi.org 

Дар натиҷаи сӯхтор дар шахтаи "Казахстанская"-и вилояти Қарағанда як нафар ҷон бохта, 8 конкан осеб дидааст. Тибқи фарзияи расмӣ, сӯхтор дар кони "Казахстанская" дар натиҷаи оташ гирифтани тасмаи "конвейер" ҳангоми коркарди ангишт сар задааст. Дар умуми замони рух додани ҳодиса 222 кас дар дохили шахта қарор доштанд. Ба иттилои мақомоти қазоқ, сӯхтор дар шахтаи мазкур ҳанӯз ҳам пурра хомуш карда нашудааст. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дастур дода, ки ҳодиса ҳамаҷониба таҳқиқ карда шавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Увидит ли Париж Мирру из России? Андреева дает жару в Мадриде и включается в олимпийскую гонку






К Абрамсу уже принесли цветы...

В 3-м туре командного чемпионата России в Сочи команда из Санкт-Петербурга победила «Темус Тим» из Москвы, счёт – 4:2

Хвостатые постояльцы. Куда в Москве пристроить питомца на время отпуска

Эскалаторный ход станции Московского метрополитена Пыхтино