Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2023

Новости за 05.09.2023

Қирғизистон содироти бедаву биринҷро манъ кард

Ozodi.org 

Девони вазирони Қирғизистон содироти беда (коҳу алаф барои чорво) ва биринҷро ба хориҷ аз кишвар манъ кард. Ба иттилои вазорати кишоварзии Қирғизистон, манъи содироти ин маҳсулот шаш моҳ давом мекунад. Аммо ин қарор ба бозсодирот, транзит ва кӯмаки башардӯстонае дахл надорад, ки аз сӯи девони вазирон расонида мешавад. Охири моҳи июли соли ҷорӣ вазири кишоварзии Қирғизистон Аскарбек Жанибеков гуфта буд, ҳаҷми захираи ғизои чорво 30 дарсад камтар аз талабот аст. Ба ин далел, вай пешниҳод карда буд, ки содироти он ба хориҷ манъ шавад. Читать дальше...

Наҷоти муъҷизавии Сафиаллоҳи ҳафтсола аз сели маргбори дараи Ромит

Ozodi.org 

Он шаби фоҷеа сокинон дар миёни афроде, ки аз сел наҷот ёфтанд як кӯдакеро дар ҳолати бисёр ҳузнангез пайдо карданд. Бо сару рӯйи пур аз лою хок ва ҷисми аз тарсу сарди карахтшуда ӯ дар як дарахте бархурдаву аз марг наҷот ёфтааст. Шаҳлои Абдулло аз ҳоли ин кӯдак огоҳ шуд.

“Генерал Армагеддон”, ки аз замони ошӯби Пригожин нопайдо буд, дар аксе дида шуд 

Ozodi.org 

Генерали рус Сергей Суровикин, ки аз замони ошӯби кӯтоҳмуддати раҳбари ширкати зархаридони “Вагнер” дар моҳи июн нопайдо буд, дар як аксе дубора аз худ дарак дод, вале пурсишҳо дар бораи сарнавишти ин фармондеҳи артиши Русия ҳамоно зиёд ҳастанд

Қиссаи муҳоҷир: Ба рӯям механдиданд, таҳқирам мекарданд, вале корро идома медодам.

Ozodi.org 

Чандин шабонарӯз нони хӯрдан надошт, аз пулис пинҳон мешуд ва ҳатто як ҳафта дар боздоштгоҳи кӯдакона буд. Як қирғизистонӣ дар Маскав ба муштариён питса мерасонад. Ӯ дар сӯҳбат бо хабарнигорони лоиҳаи Мигрант -медиа аз мушкилоти зиндаии худ дар пойтахти Русия, қисса кард.



Занеро, ки писарандарашро бераҳмона мезад, боздошт карданд

Ozodi.org 

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфт, як сокини ноҳияи Қубодиёнро бар асоси навори латукӯби кӯдаке ба идораи полис интиқол додаанд. Дар хабаре, ки 5-уми сентябр нашр шуд, ВКД менависад, сокини 34-солаи деҳаи Шоғарфи ноҳияи Қубодиён Гузалхон Буриева дар навори ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳёфта писарандари 10-солааш Иброҳим Мамараҳимовро  латукӯб мекунад. Ин навор вокунишҳои тунди корбаронро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт ва бисёр шореҳон хостори ба ҷавобгарӣ кашидани зан шуданд. Дар хабари ВКД гуфта намешавад... Читать дальше...

"Агар шумо ҳам фарзанд дошта бошед, хавотир мешавед." ВИДЕО

Ozodi.org 

Кӯдакону наврасони шаҳраки навбунёди Баҳористон дар ноҳияи Деваштич ҳар рӯз қариб даҳ километр роҳро тай мекунанд, то илму савод омӯзанд. Дар маҳалли зисти онҳо мактабе нест ва эълони он ки дар Тоҷикистон даҳҳо мактаби нав кушода шуд, ба онҳо дахл надорад. Ин ҳол соли 8-ум аст, ки тағйир намекунад.

Се медали паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии куреси қазоқӣ

Ozodi.org 

Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми ҷаҳонии курес, куштии қазоқӣ, ки аз 31-уми август то 3-юми сентябр дар шаҳри Уштобе (Сетеппа)-и Қазоқистон баргузор шуд, се медал (як нуқра ва ду биринҷӣ) ба даст оварданд. Дар ин мусобиқоти байнулмилалӣ, ки таҳти сарпарастии  Федератсияи ҷаҳонии куштӣ доир гардид, паҳлавонон аз 20 кишвари олам дар вазнҳои мухталиф рақобат карданд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии Сорбон Абдулҳаев ҳафт варзишгар дохил буд. Аз байни онҳо се нафар медал гирифтанд. ... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Соболенко вышла в полуфинал турнира WTA-1000 в Мадриде






Священник указал на недопустимость для православных традиции оставлять еду на могилах и поминать усопших спиртным

Американец, бывший морской пехотинец, осужден на реальный срок за нападение на полицейского в Воронеже

Милош Бикович рассказал студентам Школы критики о фильме «Лесной царь»

Счастье с третьей попытки актрисы Натальи Архангельской