ВКХ аз шаҳрвандони Тоҷикистон хост, муваққатан ба Русия нараванд
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз сокинон хостааст, агар зарурате нест, муваққатан аз сафар ба Русия "тавассути ҳамаи воситаҳои нақлиёт" худдорӣ кунанд.
Маъмурони пулиси Русия рӯзи 27-уми апрел дар фурудгоҳи "Шереметево"-и шаҳри Маскав ба зидди коргарони хориҷӣ амалиёти густурда гузаронданд.
Як гурӯҳи корбарони Радиои Озодӣ аз шаҳри Маскав гуфтанд, шоми 26-уми апрел хобгоҳи муҳоҷирони корӣ дар кӯчаи Подъемний переулок оташ гирифтааст.
Ҳодисаи Крокуси Русия ва фишорҳои шадид дар пайи он болои муҳоҷирон водор кардааст, ки дар Тоҷикистон ба дунболи эҷоди ҷойҳои бештари кор бошанд.
Додгоҳе дар Маскав як гумонбари дигари тоҷикистонии ҳамла ба “Крокус сити ҳолл”-ро ба ҳабс гирифт.
Дар нимаи дуюми моҳи апрел ду ронанда ва як пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе барои муносибати дағал ҷазо гирифтанд. Як ронандаро барои дашном додани ҳамкораш даҳ шабонарӯз ҳабс карда, аз ҷойи кор пеш карданд. Ронанда ва пулчинаки дигарро ҷазои маъмурӣ доданд. Ин ду ҳодиса баҳсҳо дар бораи муошират дар нақлиётҳои ҷамъиятии пойтахтро дубора доғ кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинон пуриданд, сабаби баҳсу даъво дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахт чист?
Дар нимаи дуюми моҳи апрел ду ронанда ва як пулчинаки нақлиёти ҷамъиятӣ дар Душанбе барои муносибати дағал ҷазо гирифтанд.
Киштӣ ва ҳайаташ аз 13 апрел ба ин сӯ дар боздошт қарор доштанд.
ВКД Қирғизистон аз боздошти гурӯҳе хабар дод, ки ба навиштаи ин ниҳод, бо қочоқи маводи мухаддир аз хоки Тоҷикистон ба Қирғизистон машғул буд.
Дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-солаи Индонезия, Ҷопон, Ироқ ва Узбекистон, ки дар даври чорякниҳоии Ҷоми футболи Осиё-2024 дар Қатар пирӯз шуданд, ба даври ниманиҳоии мусобиқот роҳ пайдо карданд.
Дар шаҳри Ботканд мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории вобаста ба аломатгузории марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Бунёди атфоли СММ (ЮНИСЕФ) гуфт, хабари аз Сурия ба Тоҷикистон баргардонида шудани гурӯҳи занону кӯдаконро истиқбол мекунад.
Зиндагии амну ороми сокинони маҳаллаи Зағамбари вилояти Туркистони Қазоқистон баъди хабари таҷовузи як духтари мактабхон ноором шуд. Бо гумони дастдарозӣ ба духтари синфи 9 як ноболиғи дигар аз ҳамин маҳал боздошт шудааст. Дар пай шаби 24-уми апрел бетартибӣ сар зад.
Пулиси Қазоқистон тадобири амниятӣ дар як деҳаи узбекнишини ин кишварро сахттар кардаву нерӯҳои вижаро ба он ҷо ворид кардааст.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар даври ниманиҳоии Ҷоми Осиё-2024 аз тими мизбон - Тайланд – аз рӯи силсилаи пеналти бо ҳисоби 5:6 (замони асосӣ ва изофа 3:3) шикаст хӯрд, аз ҳаққи ширкат дар финал маҳрум шуд.
Додгоҳе дар вилояти Чуйи Қирғизистон муовини пешини сардори Хадамоти зиддиинҳисории он кишвар Ақҷолтой Тукуновро барои ду моҳ ба ҳасб гирифт. Ин қарор 26 апрел содир шуд.
Яке аз раҳбарони Толибон иддао кардааст, ки ҳадди аққал се кишвари ҳамсояи Афғонистон заминаро барои фаъолияти ДОИШ дар минтақа фароҳам кардаанд. Ба қавли таҳлилгарон, манзури Амирхон Муттақӣ, вазири умури хориҷии Толибон зоҳиран Покистону Эрон ва Тоҷикистон аст.
Яке аз раҳбарони Толибон иддао кардааст, ки ҳадди аққал се кишвари ҳамсояи Афғонистон заминаро барои фаъолияти ДОИШ дар минтақа фароҳам кардаанд.
Як идда муҳоҷирони тоҷик, ки аз ҳаққи вуруд ба Гурҷистон маҳрум шудаанд, аз муомилаи бади мақомдорони гурҷӣ шикоят доранд. Ба қавли онҳо вазъият баъди ҳамлаи маргбори толори "Крокуси сити ҳол"-и канори Маскав муносибат бо муҳоҷирони тоҷик бад шудааст.