"Оинномаи Румро вайрон кард". Қарори Додгоҳи Гаага дар бораи Тоҷикистон
Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC), қароргоҳаш дар Гаага, гуфт, Тоҷикистон бо риоя накардани талаби боздошти Владимир Путин, президенти Русия, Оинномаи Румро вайрон кард.

Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ (ICC), қароргоҳаш дар Гаага, гуфт, Тоҷикистон бо риоя накардани талаби боздошти Владимир Путин, президенти Русия, Оинномаи Румро вайрон кард.
Дар тозатарин радабандии ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз рӯйи шохиси шодӣ ё хушҳолӣ дар байни 147 кишвар, дар мақоми 88-уми қарор гирифтааст. Дар гузориши нави World Happiness Report 2026, ки рӯзи 19 март нашр шуд, 147 кишвари ҷаҳон аз ҷанбаҳои мухталиф, монанди ҳимояти иҷтимоӣ, умед ба оянда, вазъияти тандурустӣ, эҳсосоти мусбат ва манфӣ ва дигар шохисҳо, арзёбӣ шудаанд. Илова бар ин, муаллифон омилҳое аз қабили даромади аҳолӣ, сатҳи озодӣ, дарки фасод ва дарозумриро низ дар назар гирифтаанд. Ин мутолеа бар... Читать дальше...
Рӯзномаи Wall Street Journal ба нақл аз чанд манбаи расмии амрикоӣ гузориш додааст, ки Эрон ду мушаки баллистикӣ ба тарафи пойгоҳи Диего-Гарсия дар Уқёнуси Ҳинд, партоб карда будааст. Бар пояи ин гузориш, ҳеч яке аз ин мушакҳо ба пойгоҳи ҳавоии муштараки Амрико ва Бритониё барнахӯрдааст. Яке дар тӯли роҳ, дар обҳо суқут карда ва як нови Амрико ҳам як мушаки раҳгири SM-3-ро ба сӯи дигарӣ партоб карда будааст, ҳарчанд маълум нест, ки амалиёти раҳгирӣ ва аз байн бурдан муваффақиятомез будааст ё не. Читать дальше...
Сипоҳи посдорони Эрон аз оғози даври дигаре аз ҳамлаҳои мушакӣ ба Исроил хабар додааст. Исроил ҳам аз шиносоӣ ва раҳгирии мавҷи нави мушакҳо хабар дод. Ҳанӯз гузорише аз бархӯрди эҳтимоли ин мушакҳо нашр нашудааст. Дар хабаре дигар, Сипоҳ посдорон иддао кард, ки дар ояндаи наздик шаҳри "Раъс-ул-Хайма"-и Имороти Мутаҳидаи Арабро ҳадаф қарор хоҳад дод ва ба "ҳама сокинон"-и ин шаҳр ҳушдор додааст, ки ба суръат шаҳрро тарк карда, ба минтақаҳои амн бираванд. Сипоҳи посдорон иддао кардааст, ки аз "Раъс-ул-Хайма" барои "амалиётҳое... Читать дальше...