Таърифу танқидҳо аз кори панҷсолаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон
![Таърифу танқидҳо аз кори панҷсолаи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон](https://gdb.rferl.org/BFA54850-30A7-4ADC-A8A2-A11F36B31092_cx20_cy3_cw71_w800_h450.jpg)
Аъзои Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 19-уми март аз кори панҷсолаи худ натиҷагирӣ карданд. Интихоби аъзои нав 27-уми марти имсол баргузор мешавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, дар ҷаласаи хотимавӣ аз кори панҷсолаи худу ҳамкоронаш ситоиш кард ва гуфт, "Маҷлиси Миллӣ тайи фаъолияти худ барои пешбурди ҳаёти ҷомеа тавонист, нақши судманд бозад".
Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, мегӯяд, ки "кори Маҷлиси Миллиро самарбахш гуфтан нашояд, зеро ҳайати он аз раисони шаҳру ноҳияҳо ташаккул ёфта, иродаи сиёсӣ дар ин палата вуҷуд надорад".
Убайдуллоев ҳам дар баробари тавсифи кори Маҷлиси Миллӣ таъкид намуд, ки "ҳоло ба он муяссар нагардидем, ки ҳар як шаҳрванди кишвар дар симои қонун муҳофизи худро бинад. Тарзе кунем, ки шаҳрвандон нисбат ба қонун эҳтироми қавӣ дошта бошанд ва дар амал бовар ҳосил кунанд, ки қонун баъд аз Худо муҳофизатгари ҳуқуқу озодиҳои инсон аст".
Раиси Маҷлиси Миллӣ афзуд, дар панҷ соли ахир беш аз 400 қонунро баррасиву ҷонибдорӣ кардаанд. Ва дар ин муддат аз сӯи шаҳрвандон зиёда аз ҳазор арзу шикоят гирифтаанд.
Ҳуқуқдони шинохта ва муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, "дар ин ҷо якҳизбӣ аст, мустақилӣ эҳсос намешавад ва кори ин маҷлис бетаъсир аст."
Раҳбарии Маҷлиси Миллии Тоҷикистонро аз замони таъсисаш то кунун Маҳмадсаид Убайдуллоеви 68-сола ба дӯш дорад. Аз рӯйи тақсимбандии мансабҳо феълан ӯ нафари дувум дар кишвар аст, аммо тахмин зада мешавад, ки шояд ин дафъа курсии худро ҳифз карда натавонад.
Маҷлиси Миллӣ аз 33 узв иборат аст ва ҳар панҷ сол интихоби ҳайати нави он баргузор мегардад.