Саргардонии муҳоҷирон баъд аз манъи парвозҳо ба Тоҷикистон
Рӯзи 19-уми март. Фурудгоҳи Внуково. Ҳавопаймои мо бояд субҳи 20-уми март дар Тоҷикистон менишаст, вале ба мо гуфтанд, ки ҳоло барқия омадааст ва Тоҷикистон ҳавопаймоҳоро қабул намекунад. Инҷо бачаҳое ҳастанд, ки бо охирин пули худ билет харидаанд, хонаи иҷораашонро супурдаанд. Акнун бояд чӣ кор кунанд?