Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2020

Дар 23-юмин солгарди аз зери назари Бритониё берун шудани Ҳонгконг қонуни нави амният ба кор даромад

0
Дар 23-юмин солгарди аз зери назари Бритониё берун шудани Ҳонгконг қонуни нави амният ба кор даромад

Рӯзи 1 июл дар Ҳонгконг қонуни нави амният ба ҳукми иҷро даромад, ки барои ҷудоиталабӣ,  сарнагуншавӣ ва терроризм ҳукми зиндони абадро пешбинӣ мекунад. ИМА гуфт, ин «рӯзи ғамгин» барои мардуми озодидӯсти Чин мебошад. Субҳи 1 июл полиси Ҳонгконг аллакай як нафрареро боздошт кард, ки дар даст парчам дошт ва полис гуфт, ки ӯро бо иттиҳоми  даъват ба истиқлолият ба ҷавобгарӣ мекашанд. Инчунин аввалин бор баъди 1 июли соли 1997 мақомот раҳпаймоии ҳарсолаи демократиро манъ карданд. Бо ин вуҷуд  фаъолони демократӣ гуфтанд, ки ба монеаҳо нигоҳ накарда раҳпаймоии худро баргузор хоҳанд кард. Рӯзи 30 июн котиби давлатии ИМА Майк Помпео Пекинро ҳушдор дод, ки дар паи қабули қонуни нав тадбирҳои ҷавобӣ гирифта мешавад.  Помпео гуфт, ки ИМА бо супориши президент Доналд Трамп «имтиёзҳои  сиёсии ба Ҳонгконг пешкашшударо бекор мекунад». Иттиҳоди Аврупо инчунин ин қонунро мавриди интиқод қарор дода гуфт, ки он мухторияти ҳамаҷонибаи Ҳонгконгро аз байн мебарад. Вазири хориҷаи  Бритониё Доминик Рааб гуфт, ки Чин ба ваъдаҳои ба мардуми Ҳонгконг додааш вафо накард ва ӯҳдадориҳои байналмилалии худро нақз кард.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Стефанос Циципас

Паула Бадос и Стефанос Циципас расстались | Виды спорта






США решили признать Путина следующим президентом России

Певец Сергей АРУТЮНОВ и солистка группы Демо - встречаются, или просто выпустили совместный хит “Солнышко”? Разлад АРУТЮНОВА и Маши Малиновской?

Столичный бизнес нарастил энергопотребление в январе – марте 2024 года на 6,2 процента

В российских регионах появилась новая схема мошенничества