Путин созишнома барои ташхиси муҳоҷирони тоҷикро имзо кард
Владимир Путин, президенти Русия созишнома бо Тоҷикистон дар бораи ташхиси муҳоҷирон қабл аз сафарро имзо кард.
Ба гузориши хабаргузории ТАСС, бо имзои Путин раванди тасдиқ ё ратификатсия созишнома дар Русия ба анҷом расид ва ин санад иҷроӣ мешавад.
Рӯзи 17-уми март Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия ин созишномаро тасдиқ карда буд. Бар пояи ин санад, акнун муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст. Дар назар аст дар як ё чанд дармонгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаҳои муоинаи тиббӣ боз шаванд, ки ба ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафари онҳо ба Русия машғул хоҳанд шуд.
Нархи ташхис ба гуфтаи Саломиддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, 240 сомонӣ ё 25 доллар арзиш дорад.
Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд.
