Боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Арманистон
Нерӯҳои марзбонии Арманистон як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Асомуддин Раҷабови 46-сола аз Гурҷистон ба Арманистон мегузашт.
Вакили мудофеъ Ани Чатинян аз Helsinki Citizens' Assembly–Vanadzor рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шахси зери ҳимояташ бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бо иттиҳоми "ифротгароӣ" дастгир шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир додситонӣ қазияи ӯро баррасӣ дорад. Умед дорем, ки ба Тоҷикистон таслим нахоҳад кард," – гуфт хонум Чатинян.
Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Асомуддин Раҷабов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаор матлабҳои танқидӣ нашр кардааст.
Яке аз дӯстонаш гуфт, ӯ як соли охир дар Гурҷистон мезист, вале пулис огоҳӣ додааст, ки муҳлати будубошаш ба поён расиду бояд ин кишварро тарк кунад.
"Муҳлати шиносномаи Асомуддин ҳам ба охир мерасид ва ӯ ягона шонсро дар он дид, ки ҳарчи зуд ба Арманистон гузарад, аммо дар марз дастгир шуд," -- афзуд ӯ.
Ба нақли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки номаш ба далели амниятӣ навишта намешавад, Асомуддин Раҷабов аз соли 2009 то соли 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.
"Вай дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон ҳам ширкат дошта, баъди дидани баъзе саҳнаҳои ваҳшатнок ихтиёрӣ аз дастаи ОМОН берун шуд ва барои идомаи зиндагӣ ба Русия рафт. Сипас ба Туркия ва аз онҷо ба Гурҷистон гузашт," – гуфт ӯ.
Асомуддин Раҷабов соҳиби ду фарзанд аст.
Ҳафтаи гузашта пайвандони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон гуфта буданд, ки чанд рӯз боз аз онҳо дарак надоранд.
Онҳо низ бо дархости Тоҷикистон ва бо иттиҳоми "зархаридӣ", "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва "қочоқи маводи мухаддир" дастгир шуда, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ванадзор, дар шимоли Арманистон ҳастанд. Наздикони онҳо, баръакс иддао доранд, ки қазия сиёсист.
