Таҳдиди Эрон ба ҳамла алайҳи нерӯҳои исроилӣ дар марз бо Лубнону Ғазза
Эрон гуфтааст, дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва Фаластин, "маҳалли таҷаммуъ"-и нерӯҳои Исроилро дар шимоли ин кишвар ва Навори Ғазза ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор хоҳад дод.
Ин таҳдид аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон дар ҳоле содир шуд, ки артиши Исроил рӯзи 23-юми март хабар дод, ки ду мушаки партобшуда аз Эрон ба тарафи Исроил дар ҷануби Лубнон фуруд омад.
Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияаш тавзеҳи бештаре дар ин бора надодааст.
Исроил аз оғози ҷанг бо Эрон ва ба дунболи он ҳамлаҳои "Ҳизбуллоҳ" ба Исроил, амалиёти густардаеро ба таври ҳамзамон алайҳи ин гурӯҳ дар ҷануби Лубнон оғоз кардааст.
Исроил ва Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро созмони террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон чанд намоянда дорад.
Дар тозатарин таҳаввулот, мақомҳои Лубнон эълон карданд, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба минтақае хориҷ аз Бейрут, ду нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд. Ин ҳамла пас аз чандин ҳамлаи шабона ба ҷануби Бейрут рух дод.
Ҳамзамон хабаргузории расмии Лубнон аз идомаи ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои мухталифи ҷануб ва шимол-шарқи ин кишвар ва ҳамчунин вуруди нерӯҳои исроилӣ ба як шаҳри марзӣ ва даргирӣ бо сокинон хабар додааст.
"Ҳизбуллоҳ" низ эълон кардааст, ки ҳамлаҳое алайҳи нерӯҳои исроилӣ дар ҷануб ва шимоли Исроил анҷом додааст.
Ин даргириҳо, ки барои ҳафтаи чаҳорум боз идома дорад, боис ба кушта шудани беш аз ҳазор нафар ва овора шудани наздик ба ним миллион нафар дар Лубнон гаштааст.
