Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2026
1 2 3 4 5 6 7 8 9 10 11 12 13 14 15 16 17 18 19 20 21 22 23 24 25
26
27
28
29
30
31

Ҳукумати Тоҷикистон  мехоҳад 25% мансабҳоро ба занон диҳад

0

Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ҳузури занон дар корҳои давлатиро бештар кунад. Дар як барномаи ҳукуматӣ, ки Радиои Озодӣ 25-уми март шинос шуд, омадааст, феълан фақат 19 дарсади роҳбарони мақомот занон ҳастанд, ки нокофӣ мебошад.

Бар пояи ин санад, то соли 2030 бояд 25 дарсади вазифаҳои роҳбарӣ дар идораҳои давлатӣ ба занон ихтисос дода шавад. Дар ин барнома гуфта нашудааст, ки аз кадом тариқ мақомот мехоҳанд ин корро иҷро кунанд.

Ба гуфтаи мақомот, давоми чор соли оянда ҳиссаи занон дар корҳои давлатӣ аз 25 дарсади феълӣ бояд ба 30 дарсад зиёд карда шавад.

Тасмими ҳукумат барои бештар ҷалб кардани занон ба корҳои давлатӣ дар ҳолест, ки пештар мақомот пешниҳоди вакилонро дар ин бора рад карда буданд.

Соли 2019 як гурӯҳ вакилони порлумон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ, то 40 дарсади мансабҳои давлатӣ ба занон дода шавад.

Намояндагони ҳукумат бо радди ин пешниҳод гуфта буданд, ки масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.

Феълан аз 21 узви ҳукумат чанд вазир, аз ҷумла, вазири меҳнат ва вазири фарҳанг занон ҳастанд.




Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus
















Музыкальные новости




























Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса