Дархости баробарии муҳоҷирон бо шаҳрвандони Русия
Светлана Чупшева, сардори Оҷонси ташаббусҳои стратегӣ (ОТС) навиштааст, Португалия дар давраи коронавирус ва оқибатҳои иқтисодии он 580 ҳазор муҳоҷирро бо шаҳрвандонаш баробар дониста, ҳуқуқҳои иҷтимоии онҳоро таъмин намудааст.
Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 18-уми апрел ба муҳоҷирон иҷозат дод, ки то 15-уми июн ҳаққи патентро напардозанд. Сабти ҷои зисташонро тамдид накунанд.
"Аммо пардохти кумакҳои иҷтимоӣ ба муҳоҷирон, дар сурати қабули ин пешниҳод, кори содае нахоҳад буд. Зеро на ҳамаи муҳоҷирон дар Русия фаъолияти қонунӣ анҷом медиҳанд"-, гуфт Олга Чудиновских, як омӯзгори Донишгоҳи давлатии Москва.