Добавить новость
Главные новости Москвы
Москва
Апрель
2020

Мурофиаи журналисти рус Прокопйева мавқуф гузошта шуд

0
Дар Псков рӯзи 20 апрел Додгоҳи дуюми ҳавзавии ҳарбӣ дар ҷаласаи сайёраш қарор кард, ки баррасии парвандаи ҷиноии зидди журналист Светлана Прокопйева, ки дар сафедкунии терроризм айбдор мешавад, боздошта хоҳад шуд. Дар ин бора хабарнигори Север.Реалии. гузориш дод. Ба иттилои ин манбаъ, муҳокимаи парвандаи Прокопйева худи имрӯз шурӯъ ва боздошта шуд. Вакили дифоъ Виталий Черкасов гуфт, ки муҳокима “то замони ба эътидол омадани вазъи санитарию эпидемиологӣ дар кишвар”, ки бо сабабаи пандемияи коронавррус ҷорӣ шудааст, мавқуф гузошта шуд.


Светлана Прокопйеваро дар сафедкунӣ ва таблиғи терроризм гунаҳгор мекунанд. Парванда бар асоси барномаи ӯ дар шабакаи “Эхо Москвы в Пскове» боз шудааст. Дар ин барнома журналист назари худро дар бораи сабабҳои ҳамлаи терористӣ ба раёсати ФСБ дар Архангелск баён карда буд. Ӯ дар ин барнома тахмин кард, ки эҳтимолан рафтори Михаил Жлобитский, ки дар таркиш кушта шуд, натиҷаи сиёсати мақомот будааст.


Ба ҳимояи Прокопйева журналистону ҳомиёни ҳуқуқ дар Русия ва хориҷ аз он садо баланд карданд. Рӯзи 1 октябр беш аз 50 нашрияи мустақили Русия маъракаи пуштибонӣ аз Прокопйеваро барпо карда ба шакли хаттиву видеоӣ номаи бози ӯро нашр карданд, ки “Ҳафт сол бар ивази ду саҳифа матн” ном гирифт. 



Москва на Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в Москве

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Циципас одержал первую победу в финалах турниров ATP-500 после 11 поражений






16-летний Богдан Заме из Оренбурга стал участником шоу в Москве

Научно-технологическая гильдия «Рубежи науки» запускает стратегические проекты в области космических исследований

Подростка в Архангельске задержали за пропаганду терроризма

Объем нефтепереработки Татарстана в 2024 г. достиг 24,3 млн т