Добавить новость
Главные новости Москвы
Москва
Апрель
2020

Дабири кулли НАТО Чину Русияро ба дуруғпароканӣ айбдор кард

0
Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг Чин ва Русияро ба он айбдор кард, ки дар робита ба мубориза бо коронавирус хабарҳои дуруғ паҳн мекунанд.


"Намояндагони Русия ва Чин гуфтанд, ки кишварҳои ҳампаймон дар доираи НАТО дар мубориза бо коронавирус якдигарро дастгирӣ намекунанд ва тавони ҳифзи пиронсолони худро надоранд. Ҳамчунин кишварҳои узвро масъули паҳн шудани коронавирус номиданд. Мо чанд намунаи изҳороти Москва ва Пекинро дорем, ки асос надоранд ва барои расонидани осеб ба робитаҳо миёни кишварҳои узви НАТО нашр шудаанд",-изҳордошт Столтенберг ба хабарнигорон.


"Дар мавриди тавонмандии кишварҳои мо ба якдигар дар пешгирии коронавирус бояд гуфт, ки дар нишасти хабарии видеоии вазирони дифоъ, ҳамаи кишварҳои узв ба созиш расиданд, ки корҳои муштаракро суръат мебахшанд. Танҳо тавассути ҳамкорӣ мо метавонем беморон, таҷҳизот ва маводи тиббиро тариқи марзҳо интиқол диҳем", - афзуд ӯ.


Столтенберг гуфт, қарори НАТО дар бораи идома додани ҷойгиркунии низомиёни худ дар ҳудуди кишварҳои Балтика устувор аст. "Ин на танҳо дар сухан, балки дар амал низ ҳаст. Низомиёни кишварҳои ҳампаймон дар Литва, Латвия, Эстония ва Лаҳистон ҷойгиранд. Нерӯҳои ҳавоии НАТО ҳарими ҳавоии ин кишварҳоро назорат мекунад ва назорати киштиҳои низомии НАТО дар баҳри Балтик идома дорад.



Москва на Moscow.media
Частные объявления сегодня





Rss.plus




Спорт в Москве

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Касаткина проиграла американке Крюгер во втором круге турнира WTA в Абу-Даби






Площадь пожара в здании Электрозавода увеличилась в более чем два раза

Канье Уэст сначала "послал" Гошу Рубчинского русским матом, а потом назвал другом и предложил снова "затусить" в Москве

Кубок Англии: 12 фактов перед матчем «Плимут» – «Ливерпуль»

Как купить автомобиль и при этом хорошо сэкономить