Шаҳрдори Прага баъди таҳдиди заҳролудшавӣ таҳти ҳимояти полис гузашт
Қаблан маҷаллаи чехии “Респект” гуфт, ки Ҳриб ва раиси Прага-6 Ондржей Коларж мавриди ҳадафи заҳролудшавии ҷосусони рус қарор гирифтаанд. Вазири хориҷаи Чех Томаш Петричек сафири Русия дар Прагаро алайҳи ҳама гуна паёмадҳо ҳушдор дод. “Респект” бо такя ба манбае дар хадамоти иктишофии Ҷумҳурии Чех гуфт, ки як афсари хадамоти ҷосусии Русия се ҳафта пеш бо шиносномаи дипломатӣ вориди Чехия шуд ва дар ҷомадонаш заҳри навъи рисин дошт. Мақомоти Чех гуфтанд, ки иқдомҳои ахири Прага Маскавро асабонӣ кардааст. Дар чанд моҳи гузашта мақомоти Прага кӯчае дар наздикии сафорати Русия дар Прагаро ба ёди сиёсатмадори кушташудаи рус Борис Немтсов тағйир дода, муҷассамаи маршали рус Коневро бардоштанд. Рӯзи 27 апрел Дмитрий Песков сухангӯи президенти Русия Владимир Путин ин иттҳомотро ҳамчун бепоя ва “як дурӯғ” рад кард.