Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
Ozodi.org
Март
2024

Новости за 13.03.2024

Пайкари Сафияхонро дар Хуҷанд дафн карданд

Ozodi.org 

Баъд аз 34 рӯз пайкари Сафияхон Раҳматоваи 9-соларо аз ҳудуди Узбекистон ёфтанд ва 13-уми март дар яке аз қабристонҳои Хуҷанд дафн карданд. Хонаводааш бар асоси як навори дурбини назоратӣ бовар доштанд, ки ӯ дар дарёи Сир ғарқ шуда буд ва ҷустуҷӯяш беш аз як моҳ идома дошт.

"Нерӯи барқ нест", "нархи маҳсулот гарон"

Ozodi.org 

Моҳи Рамазон имсол дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳаҳо бо маҳдудият нерӯи барқ мегиранд. Мардум мегӯянд, чунин “лимит”-ро чанд соли охир надида буданд. Нархи баъзе аз маҳсулоти ғизоӣ ҳам боло рафтааст.

Зиндагии мардум дар Рамазон осонтар шуд ва ё сахт?

Ozodi.org 

Моҳи Рамазон дар Тоҷикистон дар шароите оғоз шуд, ки сокинони аксар шаҳру деҳоти кишвар бо маҳудият барқ дастрас мекунанд. Сокинон мегӯянд, чунин лимит ё реҷаи интиқоли маҳдуди нерӯи барқро чанд соли ахир надида буданд. Нархи бархе аз маҳсулоти ғизоӣ низ боло рафтааст.

Тарҳи қонуни ҷанҷолии ВАО-ро дар Қирғизистон боз хонданд

Ozodi.org 

Бо дастури президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов тарҳи қонун "Дар бораи ВАО" бозхонд шудааст. Пештар аз ин Ҷабборов бо роҳбарони расонаҳои Қирғизистон мулоқот ва аз ҷумла тарҳи қонун "Дар бораи ВАО"-ро баррасӣ кард. Ин тарҳи қонун дар баррасии порлумони он кишвар буд.

Давлат Худоназаров: "То зинда ҳастам, меҳри Тоҷикистон бо ман аст"

Ozodi.org 

Давлат Худоназаров, аз симоҳои дурахшони синамо, фаъоли иҷтимоӣ ва муддаии курсии президенти Тоҷикистон дар соли 1991, ба синни 80 расид. Ӯ рӯзи 13-уми марти соли 1944 дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зода шудааст. Солҳо боз дар Русия кору зиндагӣ мекунад.



Як сокини Душанбе мегӯяд, ӯро "заданд" ва "ахта" карданд. Баҳси қарз ё осеби равонӣ?

Ozodi.org 

Идибек Нусратов, сокини шаҳри Душанбе, даъво дорад, ки аз тарафи ду ҳамсояи ҷавонаш латукӯб ва шиканҷа шуд, аммо маъмурони милиса шикояти ӯро нодида мегиранд. Ҳодиса ҳафт моҳ пеш рӯй додааст. Нозири маҳаллӣ шикоятро беасос донист. "Агар ҷиддӣ таҳқиқ мешуд, ҳама чиз ошкор мешуд," -- гуфт Идибек.

Идибек мегӯяд, ба шикояташ эътибор намедиҳанд

Ozodi.org 

Як сокини шаҳри Душанбе иддао дорад, ки дар натиҷаи латукӯби ҳамсоягонаш аъзои таносулиаш сахт осеб дид, вале мақомоти интизомӣ шикоятҳои ӯро ба эътибор намегиранд. Айни замон, онҳое, ки Идибек Нусратов ба ҷиноят муттаҳам мекунад, мегӯянд, ӯ бемории равонӣ дорад ва иттиҳомаш дурӯғу беасос аст.

Мақомот ёфтани ҷасади Сафияхонро тасдиқ карданд

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки ҷасади Сафияхон Раҳматоваи 9-сола аз шаҳри Хуҷанд дар ҳудуди Узбекистон пайдо шудааст. Як рӯз пеш наздиконаш дар ин бора ба Радиои Озодӣ хабар доданд.

Амрико ба Ғазза кӯмакҳои башарии бештар мефиристад

Ozodi.org 

Сокинони Ғазза, минтақае, ки аз ҷониби Исроил муҳосира шудааст, аз норасоии ғизо ранҷ мекашанд. Дар ҳамин шабу рӯз як кишти бузурги амрикоӣ бо маҳсулоти сохтмонӣ ба сӯи соҳили Ғазза ҳаракат дорад. Амрико мехоҳад, дар ин ҷо бандаре созад, ки ба воситаи он ба мардуми Ғазза кӯмак расонда шавад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Потапова не смогла пробиться во второй круг турнира WTA в Страсбурге






Платформа нацпроекта «Производительность труда» по цифровизации бизнеса охватила 3000 предприятий

Россияне встретят начало лета на морских курортах

Массовая дорожная авария произошла на юго-востоке столицы

Собянин назвал социальные объекты, которые будут открыты в Новой Москв