Адвокати тоҷик дар Русия ба КОВИД-19 сироят ёфтааст
Шуҳрат Қудратов, адвокати шинохтаи тоҷик бо нишонаҳои сироят ба КОВИД-19 дар як беморхонаи Маскав бистарӣ шудааст. Ин адвокати шинохта, ки наздики чор сол дар Тоҷикистон зиндонӣ буд, пас аз озодӣ барои кор ба Русия рафт. Дар як тамоси катбӣ ӯ ба Радиои Озодӣ навишт, ки ҳафтаи гузашта баъди танг шудани нафаскашиаш ва то 40 дараҷа боло рафтани ҳарорати баданаш кормандони тиб ӯро ба беморхона интиқол додаанд. Ӯ гуфт, ки пас аз муоинаи пизишкон андаке саломатиаш беҳ шудааст. “Рузи 6 уми ноябр табам баланд шуд ва нафаскашиам мушкил гардид. Читать дальше...