Дар Элбруси Русия панҷ кӯҳнавард кушта шуд
Дар Русия аз миёни 19 кӯҳнаварде, ки талош карданд қуллаи баландтарини Элбрусро фатҳ кунанд, панҷ нафарашон куштаву 11 нафарашон захмӣ шуданд. Ин гурӯҳ шоми 23-юми сентябр дархости наҷот карда буданд. Дар ин гурӯҳ, ба иттилои Интерфакс, намояндагони 11 минтақаи Русия аъзо буданд. 14 нафарашонро дар амалиёти ҷустуҷӯ, ки бо ширкати 70 наҷотбахшу 16 васоили нақлиётӣ барпо шуд, зинда пайдо карданд. Фарзияи пешакии сабабҳои фоҷеа бад шудани ҳаво ва бориши зиёди барфу тӯфон гуфта мешавад. Шоми панҷшанбе... Читать дальше...