Оҷонсии омори Тоҷикистон маблағи фурӯши барқ ба хориҷаро эълон кард
Баъди худдории Вазири энержии Тоҷикистон ва раиси ширкати "Барқи тоҷик" аз ифшои омори фурӯши барқ ба хориҷа, Оҷонсии омор ин маълумотро эълон кард. Раиси Оҷонсии омор гуфт, соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷа ба маблағи 106 миллион доллар барқ фурӯхтааст. Ба гуфтаи Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, соли гузашта Тоҷикистон ба Афғонистон 1,7 млрд. ва ба Узбекистон 1,6 млрд. киловат соат барқ содир кардааст. Нурмуҳаммадзода афзуд, як қисми ками барқ ба кишварҳои дигар содир шудааст, аммо нагуфт ба кадом кишварҳо. Читать дальше...