Дархости Сафорати Чин: ба марзи Тоҷикистон ва Афғонистон наравед
Сафоратхонаҳои Чин дар Душанбе ва Кобул аз шаҳрвандони чинӣ хостанд, ки ба минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон сафар накунанд. Намояндагони Сафорати Чин дар Душанбе ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтаанд, "вақтҳои охир вазъият дар минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон мураккабу ҳассос шудааст" ва барои ҳамин "сафоратхонаҳои Чин дар Тоҷикистону Афғонистон аз шаҳрвандони Чин даъват карданд, ки аз сафар ба минтақаҳои марзӣ худдорӣ кунанд". Дар Сафорати Чин умедворӣ кардаанд, ки вазъият дар марз "дар ниҳоят ба эътидол меояд". Читать дальше...
