"Бозор сӯхт, мо ҳам сӯхтем"
Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздор будааст.
Дар як соли ахир теъдоди қарздорон дар Тоҷикистон 400 ҳазор нафар афзудааст ва ҳоло дар кишвар аз ҳар 10 сокин ду нафари онҳо аз бонк ё муассисаи молие қарздор будааст.
Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Панҷакент алайҳи корхонаи тиллои “Зарафшон”, ки онҳоро аз истифодаи партовҳои сангу рег маҳрум кардааст, ба мақомоти вилоят шикоят бурданд.
Любую книгу можно заказать, зайдя на страницу “Kitobz” в Facebook и Instagram. Также можно осуществить доставку до дверей, по городу Душанбе это стоит 5 сомони, за его пределами 10
Дақиқан баъди як сол дар Тоҷикистон бояд интихоботи порлумонӣ ва президентӣ баргузор шавад. Ҳамоно интригаи калони сиёсӣ ҳифз ва ё интиқоли қудрат аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон аст, ки тибқи Қонуни асосӣ барои пешбарии номзадиаш аз ҳуқуқи номаҳдуд бархӯрдор мебошад.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми соли гузашта аз фурӯши даҳҳо нусхаи китобҳои пастсифат ҷилавгирӣ кардаанд. Ба гуфтаи масъулони вазорати фарҳанг, ки назорат аз болои сифату мӯҳтавои китобҳо бар дӯши онҳост, аксари чунин китобҳои пастсифат аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ нашр шудааст.
Ожонси ҷаҳонии зидди допинг 4 варзишгари Тоҷикистонро барои истифодаи доруҳои мамнуъ аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ ба муҳлати аз 2 то 4 сол маҳрум кард
Боздошти тоҷики муттаҳам бо даҳшатафканӣ дар Сурия, рухсатии бемузди кормандони "Тоҷик Эйр", ҷустуҷӯйи модар аз сӯи зане, ки дар думоҳагӣ ба ятимхона супурда шудааст, касодшавии бозори танфурӯшӣ дар Тоҷикистон ва матолиби дигар
Котиби давлатии ИМА Майк Помпео дар охирин истгоҳи сафараш ба нуҳ кишвари Ховари Миёна ба Миср расид, то шарикони Арабро мутақоид кунад, ки Вашингтон аз минтақа берун рафтанӣ нест. Помпео рӯзи 10 январ баъди боздид аз Урдун ва Ироқ ба Миср омад. Ӯ талош кард раҳбаронро мутақоид кунад, ки хуруҷи нерӯҳои ИМА аз Сурия ба маънои даст кашидан аз мубориза бо гурӯҳи "Давлати Исломӣ" ва ё сабук кардани фишор ба Эрон нест. Сафари Помпео ба минтақа дар пасманзари номуайянӣ оиди барономаи маъмурияти Трамп... Читать дальше...
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки давоми соли гузашта аз фурӯши даҳҳо нусхаи китобҳои пастсифат ҷилавгирӣ кардаанд.
Сафар Исҳоқов, нахуствазири пешин ва яке аз тарафдорони президенти собиқи Қирғизистон Алмосбек Отамбоев, ба таври ниҳоӣ бар асоси моддаи “фасод”, ки аз 15 то 20 соли зиндонро пешбинӣ мекунад, муттаҳам дониста шуд.
Фаъолони муҳити зисти Узбекистон мегӯянд, музоядаеро, ки ҳаннотон барои фурӯши лонаи хаффош ё куршапарак дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташкил кардаанд, хаффошҳоро аз макони зист маҳрум мекунад. Дар бахшҳои узбекии шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло баҳсҳое идома доранд, ки гӯиё бо дарёфти лонаи хаффош метавон даромади ҳангуфте ба даст овард ва бархеҳо як лонаро аз 5 то 10 ҳазор доллар мехаранд. Баъзеҳо ба ин гуфтаҳо бовар карда, ба ҷӯстуҷӯи лонаи кӯршапарак пардохтаанд. Онҳое, ки пайдо кардаанд, лонаҳоро аксу навор гирифта... Читать дальше...
Футболбозони тоҷик дар аввалин бозии дӯстона аз ҳарифони туркашон 1:6 шикаст хӯрданд. Ягона голро ба дарвозаи Туркия Парвиз Раҳматов ворид намуд
Дар пайи ҳамлаи Толибон ба қаламрави ду вилояти Афғонистон дастикам 15 афсари пулис кушта ва 19 нафари дигар захмӣ шуд. Ин ҳамлаҳо рӯзи 10 январ ҷараён гирифтанд. Камаш 8 сарбози пулис дар вилояти шимолии Тахор замоне кушта шуд, ки ҷангиёни Толибон ба постгоҳи онҳо ҳамла карданд,- гуфт узви Шӯрои вилоят Мавлавӣ Кароматулло. Ба гуфтаи ӯ, ин ҳамла дар Хоҷа Ғор сурат гирифт ва 14 нафари дигрро захмӣ кард. Ҳафт афсари дигар дар ҷараёни ҳамла ба постгоҳе дар Бағлон ба ҳалокат расид ва панҷ нафар захмӣ шуд,- гуфт Зариф Зариф узви Шӯрои вилоят. Читать дальше...
Федератсияи футболи Қирғизистон хабари истеъфои Семетей Султонов, домоди президенти пешини ин кишвар Алмосбек Отамбоевро нашр кард. "Имрӯз, дар марҳилае, ки тими мунтахаби мо барои дарёфти Ҷоми Осиё талош мекунад, ман тасмим гирифтам. Тасмим хеле муҳим ва масъулиятнок аст дар навбати аввал барои худи ман - ман тасмим гирифтам, ки пеш аз муҳлат курсии президентии Федератсияи футболи Қирғизистонро тарк кунам. Ин тасмим аз қабл омода шуд, ман бо омодагӣ ба ин тасмим расидам, касе маро водор ё фишор наовардааст... Читать дальше...
Моҳвораи "Космос-2430"-и Русия, ки бахши сохтори огоҳисозии ҳамлаи мушакии "Око" буд, дар фазо оташ гирифт. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 9 январ бо такя ба Фармондеҳии мудофиавии фазоии Амрикои Шимолӣ (NORAD) иттилоъ медиҳад. Ба иттилои NORAD, моҳвора аз мадор берун шуда, "маҳв гардидааст". Қисматҳои оташнагирифтаи он мумкин аст, рӯзи 5 январ дар минтақаи ҷанубии уқёнуси Ором афтанд. Рӯзи якшанбеи 6 январ Radio New Zealand дар сомонааш навишт, ки дар фазои ҷазираи Шимолии Зеландияи Нав тӯли чанд сухтани маводеро мушоҳида шудааст. Читать дальше...
Мунаҷҷимон дар Канада туғёни мавҷҳои асроромези радиоеро ташхис кардаанд, ки хориҷ аз манзумаи офтобӣ омадаанд. Онҳо дар ин бора бо нашри ду таҳқиқе дар маҷаллаи мӯътабари илмии “Nature” рӯзи 9-уми январ хабар доданд. Дар таҳқиқ омадааст, ки маълум нест, сарчашмаи туғёни мавҷҳои қавӣ аз куҷост ва чӣ онҳоро ба вуҷуд меорад. Панҷоҳ мунаҷҷим аз 5 муассисаи таҳқиқотӣ ин мавҷҳоро таҳқиқ кардаанд. Туғёни такрории мавҷҳои баландсуръати радиоро, ки як сония ҳам давом намекунанд, соли гузашта ҳангоми озмоиши телескопи бузурги CHIME ошкор кардаанд. Читать дальше...
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон дастур дод, ки "суханҳои пурҳикмати гузаштагон, ки миёни мардум маҳфуз мондаанд", ҷамъоварӣ ва дар шакли маҷмуа нашр шавад. Дастури Бердимуҳаммадов дар як ҷаласае марбут ба баррасии бахши кишоварзӣ садо дод. Президенти Туркманистон дар он ҷаласа гуфт "анъанаҳои миллии кишоварзӣ" рушд дода шаванд. "Президент ба ноиби сарвазир супориш дод, ки суханҳои пурҳикмати ҷамъоварии ҳосил ва дар шакли маҷмуа нашр шаванд", - хабар доданд расонаҳои Туркманистон. Читать дальше...
Охирин раиси Шӯрои олии СССР Анатолий Лукянов дар синни 88-солагӣ баъди бемории вазнин дар Маскав даргузашт. Дар ин бора духтари Лукянов -- Елена ба хабаргузории РБК иттилоъ додааст. Лукянов соли 1930 дар Смоленск ба дунё омад. Соли 1943 корро дар корхонаи дифоӣ оғоз карда, соли 1953 факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Москваро хатм намуд. Баъди хатми донишгоҳ дар ниҳодҳои гуногуни ҳукуматӣ фаъолият дошт ва соли 1961 корро дар дастгоҳи Шӯрои олии СССР оғоз кард. Лукянов соли 1990, пас... Читать дальше...
Остона мегӯяд, ки 47 шаҳрванди Қазоқистон, аз ҷумла 11 зан ва 30 кӯдакро аз Сурия ба ватан бозпас овард. Бештари кӯдакон аз 1 то 5 сол доранд, "Онҳоро бо роҳи фиреб ба ин кишвари ҷангзада бурданд, дар дасти террористҳо асир буданд", омадааст, дар изҳороти расмӣ. Ба гуфтаи мақомоти Остона, ин шаҳрвандон дар давоми як моҳ аз марҳилаҳои мутобиқсозӣ мегузаранд ва бо ёрии зарурии тиббӣ таъмин мешаванд Дар наворе, ки нашр шуд, афроде дар либоси низомӣ занону кӯдаконро ба ҳавопаймо савор мекунанд.... Читать дальше...
Мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки Пекин ба беш аз ду ҳазор қазоқтабор иҷозаи хуруҷ аз минтақаи Шинҷони Чинро додааст. Мақомоти Шинҷон пештар аз ин маъракаи густардаеро бо ҳадафи бозтарбия шуруъ карданд. Дар урдугоҳҳои бозтарбия, ки Пекин онҳоро "марказҳои бозомӯзии касбӣ" унвон мекунад, бештар аз як миллион одамро нигаҳ дошта мешаванд. Онҳое, ки муддате дар ин урдугоҳҳо нигаҳдорӣ шудаанд, гуфтанд, баъди боздошт ва интиқол ба урдугоҳҳо аз онҳо талаб шудааст, аз фарҳанг ва дидгоҳҳои мазҳабии худ даст кашанд. Читать дальше...
Мақомоти Тоҷикистон шахсияти як ҷангҷӯи тоҷики гуруҳи тундрави “Давлати исломӣ”-ро, ки аз тарафи нерӯҳои курд дар Сурия боздошт шуд, мушаххас кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон барои ҳалли норасоии шадиди мутахассисони силшинос ва мубориза бо ин беморӣ, барои табибони ин соҳа имтиёзҳои нав ҷорӣ кард. Тибқи қарори Ҳукумат, ки Эмомалӣ Раҳмон ахиран имзо кард, табибоне, ки ба муолиҷаи беморони сил машғуланд, аз маоши баландтару исттироҳати бештар бархӯрдор хоҳанд буд. Соати корӣ барои кормандони бахши сил коҳиш ёфт.
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии аввали дӯстона аз тими миллии Туркия бо ҳисоби 1:6 шикаст хӯрд.
Нархи хадамоти танфурӯшон дар Тоҷикистон ҳудуди 25-30 дарсад арзон шудааст.
Рӯзи 9-уми январ дар Имороти Муттаҳидаи Араб се бозии охирини даври аввали сабқати гурӯҳии Ҷоми Осиё-2019 оид ба футбол баргузор шуд.