Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2019

Новости за 24.01.2019

Дуздӣ дар “хонаи Худо”

Ozodi.org 

Маъмурони милисаи шаҳри Исфара мардеро дастгир карданд, ки ба дуздии 80 ҳазор рубли русӣ (муодили беш аз ҳазор долддари амрикоӣ”-и як намозгузор дар дохили масҷид гумонбар аст. Ҳодиса рӯзи 21-уми январ дар масҷиди маркази шаҳри Исфара рух додааст

Як ҳафта меҳмондорӣ аз мусофирони "асири" тарма дар Бадахшон

Ozodi.org 

Баъди тақрибан як ҳафта роҳи байни Хоруғ ва Ишкошими вилояти Бадахшон аз муҳосираи барфу тарма озод карда шуд. Мақомот гуфтанд, ки равуои сокинон ва мошинҳои хурду борбар аз ин тариқ иҷоза ҳаст, вале роҳ комилан амн нест. Онҳо мегӯянд, ҳар лаҳза эҳтимоли фаромадани тарма вуҷуд дорад.

Даъват ба муҷозоти билетфурӯшҳо: кассаҳои қимматфурӯш санҷида шаванд

Ozodi.org 

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” аз мақомоти интизомии Тоҷикистон дархост кардааст масъулини бархе нуқтаҳои чиптафурӯширо ба ҷавобгарӣ кашанд. Дафтари матбуотии ширкати “Сомон Эйр” рӯзи 24-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, соҳибони бархе нуқтаҳои чиптафурӯшӣ даст ба фиреби муштариён мезананд. Посухи ширкати “Сомон Эйр” баъд аз он дастраси Радиои Озодӣ шуд, ки бархе мусофирон шикоят карданд, ки ҳафтаи гузашта нархи чиптаҳои сафар ба Русия якбора гарон шуд. Ин гароншавӣ дар пайи қатъи парвозҳои ширкати “Тоҷик Эйр” сурат мегирад. Читать дальше...

1215 рӯз ҳабси Бузургмеҳр Ёров

Ozodi.org 

Як созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқ аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ки ба таъқиби вакилони мудофеъ дар кишвар хотима дода, адвокати зиндонӣ Бузургмеҳр Ёровро билофосила озод кунад. Рӯзи 24-уми январ рӯзи ҳуқуқшиносонест, ки таҳти хатар ҳастанд.

Дар ҷустуҷӯи решаҳо. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як ҷуфти амрикоӣ, ки 11 сол пеш духтараки қирғизро ба фарзандӣ хонаданд, ӯро барои ошноӣ бо фарҳангу мардуми кишвараш ба Қирғизистон оварданд.



Дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла дастикам 14 нафар кушта шуд

Ozodi.org 

Биноба маълумоти ахир, дар ҷараёни эътирозҳои Венесуэла, ки чанд рӯз боз давом дорад, камаш 14 нафар ҷон бохт. Беш аз 200 нафар боздошт шуд. Президенти кишвар Николас Мадуро мухолифинро ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Рӯзи 23 январ садҳо ҳазор нафар ба кӯчаҳои Каракас баромад. Онҳо истеъфои Мадуроро талаб доранд. Ҳамзамон бо эътирози зидди Мадуро тарафдорони ӯ низ даст ба тазоҳурот заданд. Аммо теъдоди онҳо зиёд набуд. Мадуро ИМА-ро ба даст доштан дар табаддулоти давлатӣ муттаҳам кард. Читать дальше...

Ахбори Озодӣ аз 24-уми январи соли 2019

Ozodi.org 

Ҳукумати Душанбе мехоҳад аз ҳисоби иқдомҳои ташвиқкунанда "облава"-и ҷавонон ба артишро барҳам занад, оби ҷӯй замини деҳаро фурӯ мебарад, муҷозоти духтарони ҳиҷобпӯш ва волидонашон дар Қазиқистон ва матолиби дигар.

Аз эшону сайидзодаҳои Тоҷикистон хостанд, ки санад биоранд

Ozodi.org 

Як масъули Маркази исломшиносии Тоҷикистон аз сайидзодаҳо даъват кардааст, ки шаҷаранома ё санади тасдиқкунандаи пайванди онҳо ба хонадони паёмбари исломро барои таҳқиқ ва нашр пешниҳод кунанд.

Дардисарҳои "паймони шифоҳӣ" дар ҷомеаи Тоҷикистон

Ozodi.org 

Бисёре аз сокинон ҳанӯз ба ваъдаҳои шифоҳӣ эътимод мекунанд ва барои қонунӣ кардани муомилот ва додугирифтҳои худ талош наменамоянд. Ин ҳолат дар ниҳоят бисёре аз онҳоеро, ки ба ваъдаҳои шифоӣ эътимод мекунанд, то ба толори додгоҳҳо мебарад ва ҳатто ба маҳбас мекашонад.

Дар сафари Мирзиёев ба Олмон танқиди матбуотӣ аз таъриф бештар буд

Ozodi.org 

Бархилофи интизороти мақомоти Узбекистон аз созишнома бо оҷонсии олмонӣ, танқид дар ҷараёни сафари президент Шавкат Мирзиёев ба ин кишвар бештар аз ситоиш буд.  Дар расонаҳои олмонӣ ба муносибати сафари Мирзиёев ба ин кишвар дар бораи Узбекистон чандин мақолаи танқидӣ нашр шуд, дар ҳоле, ки Тошканд интизор дошт созишнома бо оҷонсии олмонии "GPRC German PR and Consulting Group GmbH" ситоиши Узбекстонро дар матбуот таъмин мекунад. Бар пояи созишнома дар арафаи сафари мазкур гурӯҳе аз рӯзноманигорони... Читать дальше...

Як сарбози Горди миллии Қазоқистон худро парондааст

Ozodi.org 

Фармондеҳии минтақавии "Оңтүстік"- Горди миллии Қазоқистон хабар дод, ки як сарбозони ин ниҳод худро парондааст. Ҳодиса шаби сешанбе ба чаҳоршанбе дар қисми низомии 28237, воқеъ дар наздикии деҳаи Узинагаши вилояти Алмато рух дод. "21 январ, тақрибан соатҳои 01:35 дақиқа сарбози қаторӣ Уласбек Кожан ҳангоми иҷрои вазифаи посбонӣ худро парондааст. Дар натиҷаи сахт захмӣ шудани сараш ӯ ба ҳалокат расид", - омадааст дар иттилоияи расмӣ. Ҷузъиёти ҳодиса шарҳ дода намешавад. Танҳо гуфта шудааст, ки Кожан моҳи июни соли 2018 ба сарбозӣ рафтааст. Читать дальше...

Трамп баъди шуруи кори ҳукумат суханронӣ мекунад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико мегӯяд, суханронии солонааш дар Конгрессро баъд аз он ироа мекунад, ки кори ниҳодҳои давлатӣ аз сар гирифта шавад. Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 23-уми январ дар Твиттер хабар дод ва баъд аз онки Ненси Пелоси, раиси Маҷлиси Намояндагон иҷоза надод, ӯ дар толори Маҷлиси намояндагон дар Конгресс суханронӣ кунад. Ненси Пелоси аввал ба Доналд Трамп даъватномаи расмӣ барои суханронӣ фиристод, вале баъдан бо зикри масоили амниятӣ ба сабаби мутаввақиф будани кори ниҳодҳои ҳукуматӣ онро пас гирифт. Читать дальше...

Соли 2018-ро "соли шармовар" барои Эрон номиданд

Ozodi.org 

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, соли 2018 дар Эрон бештар аз 7 ҳазор нафар дастгир шудаанд ва ин сол барои Эрон “соли шармовар” ва “маъракаи шармовари саркӯб” будааст. Ин созмони ҳомии ҳуқуқ бо нашри як гузориш гуфт, дар миёни боздоштшудагон, тазоҳургарон, донишҷӯён, хабарнигорон, коргарон, ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони ҳифзи муҳити зист ҳастанд. Панҷоҳ нафари онҳо кормандони матбуот будаанд ва ба гуфтаи Афви Байналмилал, дар муҳокимаҳои ғайриодилона ба солҳои тулонии зиндон ва шаллоқ маҳкум шудаанд. Читать дальше...

Новости России
Москва

Поздравления с днем референдума о независимости


Ташхиси ҳазорҳо хонандаи мактаб барои ҷилавгирӣ аз ВИЧ. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пизишкон хуни тақрибан 120 ҳазор хонандаи мактабро дар Тоҷикистон ташхис хоҳанд кард, ки оё гирифтори вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ) ҳастанд ё не. Мақомот мегӯянд, ҳадаф аз ин кор маълум кардани кӯдакони олуда ба ВИЧ ва сари вақт ба табобат фаро гирифтани онҳост.

Амрико хабарнигори эрониро озод кард

Ozodi.org 

Марзия Ҳошимӣ, наттоқи телевизиони Эронро аз боздоштгоҳи Амрико озод кардаанд. Обид Аюб, намояндаи Кумитаи Амрикоӣ ва Арабии зидди табъиз гуфт, ки Марзия Ҳошимиро баъди як ҳафтаи боздошт рӯзи 23-уми январ озод карданд. Ӯро ҳамчун шоҳид дар як парвандаи номаълум дастгир кардаанд. Марзия Ҳошимӣ барои телевизиони давлатии Пресс ТВ- и Эрон кор мекунад.  Меҳдӣ Отифат, раиси бахши ҳифзи манофеи Эрон дар сафорати Покистон дар Вашингтон гуфт, ки Марзия Ҳошимӣ озод шудааст. Мақомоти Амрико ҳануз ин хабарро шарҳ надодаанд. Читать дальше...

Виктор Януковичро ба хиёнат ба ватан гунаҳкор донистанд

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Киев, Виктор Янукович, раиси ҷумҳури собиқи Украинаро ба хиёнат, даст доштан дар талошҳо барои тағйири марз ва афрӯхтани ҷанг гунаҳкор донист. Владислав Девятко, додраси додгоҳи ноҳияи Оболонски дар шаҳри Киев рӯзи 24-уми январ ҳангоми қироати ҳукм гуфт, ки Янукович ҳамчунин ба он гунаҳкор дониста шуд, ки аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хостааст, ба Украина неру бифристад. Янукович ба хиёнат ба ватан, даст доштан дар афрӯхтани ҷанг, талош барои халалдор кардани тамомияти арзӣ муттаҳам мекунанд. Читать дальше...

Русия ҳузури ширкатҳои амниятӣ дар Судонро тасдиқ кард

Ozodi.org 

Вазорати умури хориҷии Русия гуфт, ки ширкатҳои хусусии кишвар артиши Судонро омӯзиш медиҳанд. Вазорат ҳамингуна ҳузури онҳо дар кишвари африқоиро тасдиқ кард, ки аз тазоҳуроти мухолифон ба ларза омадааст. Мария Захарова, сухангӯи вазорати умури хориҷии Русия рӯзи 23-уми январ гуфт: “Ба иттилои мо, намояндагони ширкатҳои хусусии амниятии Русия, ки ҳеҷ иртиботе бо ниҳодҳои давлатӣ надоранд, дар Судон фаъолият мекунанд”. Пештар аз ин баёнияи Мария Захарова, матбуоти Бритониё навишт, ки зархаридори... Читать дальше...

Пуштибонии Трамп аз раҳбари мухолифини Венесуэла, ки худро президент эълон кард

Ozodi.org 

Раҳбари мухолифин ва раиси порлумони Венесуэла Хуан Гуайдо рӯзи 23-юми январ дар пайи эътирозҳои оммавӣ худро президенти муваққат эълон кард. Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, "мардуми Венесуэла далерона бар зидди режими Мадуро садо баланд кард. Трамп пуштибонии худро аз Гуайдо баён дошт. "Ассамблеяи миллӣ ҳамчун шохаи ягонаи қонунии ҳокимият ба Конститутсияи кишвар муроҷиат кард, ки ҳукумати Николас Мадуро ғайриқонунӣ эълон шавад", - омадааст дар изҳороти Кохи Сафед. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ аз Николас Мадуро даъват кард... Читать дальше...

Қаллобони интернетӣ барои ҷамъоварии иттилои корбарон сомонаи UZCARD сохтанд

Ozodi.org 

Мақомоти Узбекистон истифодаи тамғаи Uzcard-ро аз сӯи қаллобони интернетӣ таҳқиқ мекунад. Дар ин бора аз мақомоти бонкии он кишвар рӯзи 22 январ хабар доданд. Афроди ношинос иттилои дохили сомонаи Uzcard.uz-ро нусхабардорӣ карда, дар бораи таъсиси иқдоми нави муштараки UzCard бо WEBSUM хабар доданд. Қаллобони интернетӣ ба ҳамаи корбарон ваъда додаанд, ки фоизи маблағҳояшонро бештар мекунанд, аммо дар иваз корбарон бояд мушаххасоти корти бонкии худро ошкор кунанд. "Ин иқдомро низоми пардохти байнибонкии Uzcard роҳандозӣ накардааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Карен Хачанов

Карен Хачанов проиграл 124-й ракетке мира во втором круге турнира в Ханчжоу






Адвокат Мисаров: "освободить от долгов" и "вернуть деньги" обещают лжеюристы

Названы регионы с наибольшим снижением цен на загородные дома за лето

К неудовольствию Запада, Россия и Иран уладили последние политические разногласия

новостишки мыслишки