Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 22.01.2020

20 соли "Азия-Плюс". Гуфтугӯ бо Умед Бобохонов

Ozodi.org 

Аз чопи шумораи аввалини "Азия-Плюс", яке аз нашрияҳои бонуфуз дар Тоҷикистон, 20 сол гузашт. Умед Бобохонов, муассис ва сардабири нашрия, гуфт, дар ин муддат тавонистанд хонандаи худро пайдо карда, ба яке аз ҳафтаномаҳои беҳтарин табдил ёбанд. Аммо, ба қавли ӯ, солҳои ахир фазои корӣ барои онҳо ва расонаҳои дигари мустақил дар Тоҷикистон тангтар ва доираи "хатти сурх" маҳдудтар шудааст.

Ҷанҷол сари ҳиҷоб ва мардони "беғайрат" дар Ҳирот. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ин ифротгароист

Ozodi.org 

Насби як шиор дар бораи ҳиҷоб дар шаҳри Ҳироти Афғонистон баҳсбарангез шуд. Як созмони исломӣ дар ин шиор гуфтааст, шавҳаре, ки занаш бадҳиҷоб аст, "беғайрат" мебошад. Ҳомиёни ҳуқуқ гуфтанд, ин ифротгароист.

Вирус дар Чин. Тоҷикистон мехоҳад сафари шаҳрвандонро маҳдуд кунад

Ozodi.org 

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз Вазорати умури хориҷа ва Кумитаи рушди cайёҳӣ хостааст, то дар сафари сайёҳон ва дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ба Чин маҳдудият ҷорӣ кунанд.

Барф як роҳи муҳими Тоҷикистонро баст

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он шикоят мекунанд, ки ду рӯз боз ба сабаби боридани барфи зиёд дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт банд мондаанд ва касе ба додашон намерасад. Мақомот мегӯянд, роҳ ба сабаби аз кор мондани як мошини борбар баста шудааст.



Истихроҷи тило дар Тоҷикистон афзудааст, аммо маълумот сиррӣ мемонад. Чаро?

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гузориш доданд, ки дар соли 2019 дар муқоиса ба як соли пеш аз он дар кишвар беш аз 25 дарсад бештар тило истихроҷ шудааст. Вазорат чанд сол боз аз эълони ҳаҷми тилои тавлидшуда худдорӣ меварзад, вале бо таваҷҷуҳ ба дарсади афзоиш ва муқоиса бо соли пеш метавон гуфт, ки соли 2019 дар Тоҷикистон беш аз 8 тонна тило истихроҷ шудааст. Сиррӣ будани маълумот дар бораи тақсимоти сарватҳои қаъри замин ба коршиносони мустақил ва расонаҳо имкон намедиҳад... Читать дальше...

Идомаи муҳокимаи эълони нобоварӣ ба Трамп дар Сенати Амрико

Ozodi.org 

Додситонҳои Маҷлиси Намояндагони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вазифадор шудаанд, ки рӯзи 22-юми январ далелҳои худро дар мурофиаи муҳиме дар Сенат барои аз вазифа сабукдӯш кардани президент Доналд Трамп пешниҳод кунанд. Ҷумҳурихоҳон пештар аз ин ба қоидаҳои барои додгоҳи импечмент пешниҳодшуда аз тарафи Митч МакКоннелл, роҳбари аксарияти Сенат, овоз доданд. Намояндагони маҷлиси Сенати Амрико тарҳи вобаста ба раванди нобоварӣ ба президенти ИМА Доналд Трампро қабул карданд. Ин тарҳ ба пешниҳоди Митч МакКоннелл... Читать дальше...

Дуздии сандуқи хайрияи як масҷид дар ноҳияи Ашт

Ozodi.org 

Як шахси номаълум пулҳои сандуқи хайрияи масҷиди деҳаи Бободархони ноҳияи Ашти вилояти Суғдро дуздидааст. Сокинон мегӯянд, ҳодиса шаби 6-уми январ иттифоқ афтода, то ба ҳол гумонбар дастгир нашудааст. Ба қавли онҳо, сандуқ чанд моҳ боз дар берун аз дарвозаи масҷид насб шуда, баъди аз Русия омадани сокинон пули зиёде ба он ворид шудааст. Маблағи умуми рабудашуда ҳанӯз маълум нест. Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, ҳодисаро таҳқиқ доранд. Дар як наворе, ки дурбини назоратии масҷид сабт кардааст ва нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид... Читать дальше...

Вируси нав дар Чин 440 танро мубтало кард ва 9 нафарро кушт

Ozodi.org 

Комисияи миллии ҳифзи тандурустии Чин рӯзи 21-уми январ хабар дод, ки 440 тан дар 13 вилояти он кишвар гирифтори вируси нав шудаанд. Ҳамчунин аз марги нуҳ тан бар асари мубтало шудан ба ин вирус хабар дода шуд. Гуфта мешавад, ки ин вирус аз одам ба одам мегузарад. Ли Бин, муовини мудири ин комисия рӯзи 22 январ гуфт, ки ба шаҳри Вуҳан, шаҳре дар Чини Марказӣ даровардани ҳайвонҳо манъ шудааст. Маҳз дар ин шаҳр нахустин ҳолати мубтало шудан ба вируси нав ба қайд гирифта шудааст. Вай афзуд, санаде... Читать дальше...

Ҷанҷол дар идораи "Казахмис": худкушиву маҷрӯҳшавии коргарон

Ozodi.org 

Дар идораи коргоҳи "Казахмис" дар шаҳри Жезкангани Қазоқистон занозанӣ рух дод. Ба иттилои пулис, як коргар худкушӣ кардаву ду тани дигар маҷруҳ шудаанд. Ба иттилои мақомот, низоъе, ки рӯзи 21-уми январ дар утоқи мудири коргоҳ рух дод, ба фоҷеа анҷомид. "Раиси иттиҳоди коргарони "Казахмис" Тоғузбой Тажбенов дар рафти ин ҷанҷол бо корд ба пушти мудири корхона Амангелдӣ Минигулов ва ба қафаси синаи Собирҷон Тембоев, коргари дигари ин корхона зарба задааст. Тажбенов баъди ин худкушӣ кардааст. Минигулов... Читать дальше...

Видеои муҳоҷирон ва вокунишҳо ба "муҷозот"-и модари блогери тоҷик дар Озодӣ Онлайн. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сӯхтор дар маҳалли зисти муҳоҷирон, гилаи ронандаҳо, мактаби вайрона дар Панҷакент ва вокунишҳо ба “муҷозот”-и модари блогери тоҷик аз видеову мавуъҳоест, ки имрӯз дар “Озодӣ Онлайн” дар бораашон гап мезанем. Барномаро бо видеое аз Русия оғоз мекунем, ки муҳоҷирон рӯзи 20-уми январ фиристоданд. Муаллифи видео дертар ба Радиои Озодӣ гуфт, сӯхтор дар яке аз гӯшаҳои шаҳри Санкт-Петербург ва дар вагонҳое, ки муҳоҷирон мезистанд, рух додааст. Дар ин ҳодиса тоҷикон осеб надидаанд. Видеои дигар аз шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд... Читать дальше...

Боздошти гумонбарон дар нигаҳдории духтари 16-сола дар Бишкек

Ozodi.org 

Пулиси Қирғизистон се гумонбарро дар нигаҳдории духтари 16-сола дар ғуломии шаҳвонӣ боздошт кард. Дар ин бора мақомоти Қирғизистон хабар доданд. Пештар расонаҳо навиштанд, ки моҳи ноябри соли 2019 мардони ношинос ин духтарро аз шаҳри Қаракул рабудаанд. Давоми ду ҳафта ин духтарро дар фоҳишахонае дар Бишкек иҷборан нигаҳ доштаанд. Ба иттилои мақомоти Қирғизистон, се марди соли таваллудашон 1996, 1987 ва 1996 боздошт шудаанд. Ба дари фоҳишахонае, ки духтар онҷо нигаҳдорӣ мешуд, айни ҳол муҳр зада шудааст. Читать дальше...

Дар Узбекистон рӯйхати нави адабиёту сомонаҳои мамнуъ тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Кумитаи умури дини Узбекистон рӯйхати нави матлабҳои дорои хусусияти диниеро тасдиқ кард, ки нашр ва паҳни онҳо дар ҳудуди ин кишвар манъ аст. Дар кумита гуфтанд, ки санад 25-уми декабри соли 2019 тасдиқ ва ба Вазорати умури дохилии ин кишвар фиристода шудааст. Вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ карданд. Як манбаъ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Узбекистон гуфт, санад аз 40 саҳифа иборат аст. Дар рӯйхат номи мавъиза, китоб, саҳифаҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ оварда шудааст, ки ба гуруҳу созмонҳои фаъолияташон мамнуъ дар ҳудуди Узбекистон... Читать дальше...

Қатъи ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт. Роҳрӯбону ронандагон якдигарро айбдор мекунанд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз ронандагони мошинҳои боркаш аз он шикоят мекунанд, ки ду рӯзи ахир дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт банд монданд ва касе ба додашон намерасад. Ин ронандаҳо, ки байни онҳо тоҷирони қирғиз ҳам ҳастанд мегӯянд, ба далели барфрезии зиёд дар масири наздик ба деҳаи Алигалабон дар ҳудуди ноҳияи Нуробод дармондаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ки роҳ бо айби ронандаи як мошини борбар банд шудааст. Гурӯҳе аз ронандагон рӯзи 22-юми январ бо Радиои Озодӣ тамос гирифта ва гуфтанд, ки дар қисматҳои мухталифи ин шоҳроҳ ҳудуди 20 мошини боркаш банд мондааст. Читать дальше...

Нороҳатӣ дар хориҷа! Пахши “Футбол” қатъ, рамзи “Варзиш” дигар шуд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Як идда бинандагони шабакаҳои телевизионии “Футбол” ва “Варзиш” – и Тоҷикистон аз дастнорасии онҳо дар хориҷ аз Тоҷикистон изҳори нороҳатӣ мекунанд. Ба қавли онҳо, ин ду шабакаро дар гузашта тариқи моҳвора тамошо мекарданд, аммо ҳоло ин имконро надоранд

"Модари писар чӣ гуноҳ дошт?"

Ozodi.org 

Сӯхтор дар маҳалли иқомати муҳоҷирон, гилаи ронандаҳо, мактаби вайрона дар Панҷакент ва вокунишҳо ба муҷозоти модари блогери тоҷик аз видеову мавуъҳоест, ки имрӯз дар "Озодӣ Онлайн" дар бораашон гап мезанем.

Новости России
Москва

Ставки снова растут: «Выберу.ру» подготовил рейтинг лучших краткосрочных вкладов в мае 2024 года


Манобеъ 6 млн будани аҳолии Туркманистонро рад мекунанд

Ozodi.org 

Мақомоти Туркманистон дар бораи шумори аҳолии ин кишвар маълумоти нав нашр карданд. Маълумоти нав дар бораи аҳолии Туркманистон чанд рӯз пеш дар сомонаи марбут ба конфронси байналмилалии "Сиёсати бетарафӣ ва нақши он дар таъмини амният, субот ва рушди устувори байналмилалӣ", ки қарор аст моҳи декабри соли 2020 баргузор гардад, нашр шуд. Масъулони сомона гуфтанд, ки шумори аҳолии Туркманистон ба 6,2 миллион нафар расидааст. Шумораи дақиқи аҳолии Туркманистон аз соли 1995 ба ин сӯ эълом нашуда буд. Читать дальше...

Шахсияти муҳоҷирони ҳалокшуда дар Томск эълом шуд

Ozodi.org 

Шахсияти 10 муҳоҷири корие, ки шаби 20 ба 21 январ дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як хона дар вилояти Томски Русия ҷон бохтанд, эълом карда шуд. Ба огаҳии мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия, ин муҳоҷирони корӣ аз ноҳияи Қизилтеппаи вилояти Навоии Узбекистон буда, дар миёни онҳо бародарон низ ҳастанд. Кумитаи тафтишотии Русия гуфт, корфармо, ки шаҳрванди Чин аст, ҳадафи пайгарди қонунӣ қарор дода шудааст. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Узбекистон мегӯянд, муҳоҷирони ҳалокшуда дар бинои якошёна зиндагӣ ва барои ширкати "Гринвуд" кор мекарданд. Читать дальше...

Кӯмак ба зани маълул, вале соҳибирода аз Восеъ

Ozodi.org 

Баъди гузориши Радиои Озодӣ дар бораи Саодат Хоҷаева, сокини маълули ноҳияи Восеъ мақомоти расмӣ ба кӯмаки ӯ шитофтанд, аммо мисли ӯ садҳо нафари дигар аз имтиёзҳои муносиб маҳруманд ва дар вазъи баде зиндагӣ мекунанд.

Додгоҳи Душанбе шикояти Нилуфар Раҷабоваро рад кард

Ozodi.org 

Додгоҳи шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии Нилуфар Раҷабова, як сокини пойтахтро, ки барои пӯшидани сатр боздошт ва сипас барои "майдаавбошӣ" ҷарима шуда буд, бетағйир гузошт. Мурофиаи рӯзи 22-юми январ зери раёсати додрас Хуршед Азизматзода доир шуд. Ҷониби шикояткунанда дар ин қазия Раъно Абдуллоева дар мурофиа иштирок надоштааст. Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт рӯзи 18-уми декабри соли гузашта Нилуфар Раҷабоваро бар асоси шикояти Раъно Абдуллоева, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳияи Сино муҷозот кард. Читать дальше...

Интихобот дар Тоҷикистон -- бе дурбини назоратӣ ва телефонҳои мобилӣ?

Ozodi.org 

Мақомоти Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) ба насби дурбинҳои назоратӣ ва аксу наворгирии мардум дар нуқтаҳои ройдиҳӣ чандон моил нестанд. Онҳо мегӯянд, агарчи насби дурбин ва истифода аз телефон барои таъмини шаффофият хуб аст, "аз сӯи дигар метавонад ба ҷараёни ройдиҳӣ ва интихобот халал расонад". Бархе аз таҳлилгарон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, насби дурбини назоратӣ тақаллуб дар марказҳои овоздиҳиро камтар хоҳад кард.   Нозирони дохиливу байналмилалӣ дар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Рахимова прошла во второй круг турнира WTA в Рабате на отказе Таунсенд






В ЯНАО ожидается штормовой ветер

Минсельхоз распределил поставки сахара в страны ЕАЭС

В Люберцах 40 детей-сирот обеспечат жильем в этом году

МЧС: плотный туман в Москве продержится до 7 утра 22 мая