Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Январь
2020

Новости за 25.01.2020

Модари сарбоз: "Писарамро девона кардаанд". Мақомот: "Иброҳим афтод"

Ozodi.org 

Модари як сарбоз иддао дорад, писарашро дар Артиш ба ҳаде лату куб кардаанд, ки тавони сӯҳбат надорад, вале мақомт мегӯянд, писари ин зан афтодааст ва ҳоло табобат мешавад. Ҳалима Мирова, модари як сарбоз ду моҳи ахир дар роҳи ноҳияи Айнӣ ва Душанбе саргардон аст. Ӯ барои аёдати писараш, ки дар беморхонаи рӯҳӣ бистарӣ аст, меояд. Ба иддаои ин модар, писари 23 солаашро ду моҳи пеш ба хизмат бурданд ва ҳоло пурра аз гап мондаасту касеро намешиносад. Ӯ мегӯяд, иҷозаи дидор бо писари беморашро намедиҳанд. Читать дальше...

"Ғанӣ ва Солеҳ мухолифи сулҳ нестанд"

Ozodi.org 

Давлати Афғонистон иддаои Толибон, ки гуфта буданд, президент Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали дастаи интихоботиаш мухолифи раванди сулҳ ҳастанд, рад кард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо гуруҳи Толибон барои сулҳ дар Афғонистон моҳҳо боз гуфтугӯ доранд. Изҳороти ахири Муҳаммадашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон ва Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали дастаи интихоботиаш вокуниши тунди Толибонро ба бор овард. Гурӯҳи Толибон дар изҳороте гуфтаанд, ки Ашраф Ғанӣ ва Амруллоҳ Солеҳ мухолифи сулҳ ва хоҳони афрохтани оташи ҷанг ҳастанд. Читать дальше...

Варзишгарони қаҳрамон бидуни супоридани имтиҳон донишҷӯ мешаванд

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Тибқи як қарори раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, варзишгароне, ки соҳиби унвони қаҳрамонӣ мешаванд ва дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд, бидуни супоридани имтиҳон ба донишгоҳҳои олии ин кишвар дохил мешаванд

Писари фаъоли сиёсии тоҷик дар Русия гум шудааст

Ozodi.org 

Маҳмурод Одинаев,муовини раҳбари Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон мегӯяд, писараш дар Русия гум шудааст. Ҳоҷиакбар Одинаеви 19 сола бори охир 19-уми январ бо хоҳараш телефонӣ сӯҳбат кардааст. Маҳмурод Одинаев мегӯяд, писараш ба хоҳараш гуфтааст, ки кору зиндагиаш хуб аст ва аз ҳеҷ чиз шикоят надорад. Ӯ мегӯяд, чанд ҳафта пеш мақомоти Тоҷикистон аз дӯстони писараш дар бораи ӯ маълумот хоста буданд. «Аниқ намедонам, ки писарам куҷост, вале дар ин ҳолат ҳазор гумон мекунӣ. Пештар дар бораи писарам мақомот аз дӯстонаш пурсида буданд... Читать дальше...

Аз макони сухтор дар Томски Русия ҷасади як муҳоҷири дигар пайдо шуд

Ozodi.org 

Аз макони сӯхтори рӯзи 21-уми январ дар вилояти Томски Русия ҷасади як муҳоҷири дигар аз Узбекистон пайдо шудааст. Шумораи қурбониёни ин сухтор ба 12 нафар расид. Рӯзи 24-уми январ мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки қурбонии охир Музаффарҷон Муҳаммадҷонов, сокини шаҳри Андиҷон аст, ки барои кор ба Русия рафтааст. Аз 12 нафари фавтида дар ин сухтор 11 нафараш шаҳрванди Узбекистон ва як нафар шаҳрванди Русия будааст. Пештар дар бораи ҳалокати даҳ муҳоҷир хабар дода буданд. Мақомоти ҳолатҳои фавқулодаи Русия гуфтанд... Читать дальше...

Дар ҳамлаи мушакии Эрон 34 низомии амрикоӣ ҷароҳат бардоштааст

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи ИМА рӯзи 24-уми январ эълон кард, ки дар ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ 34 низомӣ ҷароҳати мағзӣ бардоштаанд. Хабаргузории Рейтерз хабар дод, ки ин рақам дар қиёс ба эълони пештараи фармондеҳи Марказии Амрико бештар аст. Фармондеҳии марказии Амрико 16-уми январ эълон карда буд, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомии "Айн-ул-Асад" дар Ироқ, 11 сарбози амрикоӣ таҳти муолиҷа қарор гирифтаанд. Аз ин пештар Доналд Трамп, президенти Амрико ва дигар... Читать дальше...

Заминларзаи марговар дар Туркия

Ozodi.org 

Бар асари заминларзаи шаби 24-уми январ дар вилояти Элязиги Туркия наздики 20 нафар ҳалок шуд. Дар ин бора хабаргузории Анадолуи Туркия хабар дод. Қувваи заминҷунби бар ассои ҷадвали Рихтер 6,8 балро ташкил додааст. Манзили зисти сокинон хароб шудааст ва аксари сокинони ноҳияи Сивриҷи вилояти Элязиг бе ҷойи зист мондаанд. Онҳо шабро дар боғҳо рӯз кардаанд. Дар бисёре аз навоҳӣ осебдидагонро дар толорҳои варзишӣ ҷой кардаанд. Бар асоси иттилои Хадамоти геологии ИМА, заминларза қисамтҳое аз Туркия... Читать дальше...

"На ҳавлӣ, на ҳоҷҷатхона". Ҷанҷоли сокинони баландошёна дар Фархор. ВИДЕО

Ozodi.org 

Гуруҳе аз сокинони ошёнаи дуюми як бино дар Фархор мегӯянд, ҳавлиро ҳамсояҳо аз ошёнаи аввал ғасб кардаанд. Ин мушкил ҷанҷоли ҳамсоягонро ба миён овардааст. Сокинони ошёнаи дувум даъво доранд, ки ҳавлӣ барои истифодаи умум аст ва касе ҳақ надорад онро шахсӣ кунад. Сокинони ошёнаи аввал мегӯянд, барои истифодаи ҳавлӣ бо чунин шакл иҷозаи расмӣ доранд Марҷона Забирова, сокини бино мегӯяд, борҳо ин мушкилро то сатҳи ҳукумат расониданд, вале мақомот ба арзашон нарасиданд. Ба гуфтаи ӯ, “кормандони ҳукумат меоянд... Читать дальше...

Ҷанҷоли сокинони баландошёна дар Фархор

Ozodi.org 

Гуруҳе аз истиқоматкунандагони ошёнаи дуюми як бино дар Фархор мегӯянд, ҳавлиро ҳамсояҳо аз ошёнаи аввал ғасб кардаанд. Ин мушкил ҷанҷоли ҳамсоягонро ба миён овардааст. Сокинони ошёнаи дувум даъво доранд, ки ҳавлӣ барои истифодаи умум аст ва касе ҳақ надорад онро шахсӣ кунад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Камила Джорджи

Экс‑теннисистка Джорджи обвиняется в краже мебели и ковров на €100 тысяч — СМИ






Ефимов: шестиполосный тоннель под МКАД готов на 80%

Паралимпиец из Звенигорода примет участие в международных соревнованиях

Путин назвал президента Раиси надежным партнером России

Путин попросил Володина передать теплые слова о Раиси на его похоронах