Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Март
2020

Новости за 03.03.2020

Раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндон даргузашт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Ҳусейн Абдусамадов, раҳбари гурӯҳи ҳамлаварон ба сайёҳони хориҷӣ дар Данғара, ки ба ҳабси абад маҳкум шуда буд, дар яке аз зиндонҳои Душанбе даргузаштааст. Мақомот ва наздикони ӯ ин хабарро тасдиқ карданд. Мансурҷон Умаров, сардори Идораи зиндонҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сабабу омилҳои марги Абдусамадовро мақомоти Додситонии кулл муайян мекунанд. Умаров афзуд, "ӯ бемории ҷиддӣ надошт, аммо ҳар сари чанд вақт ба бемориҳо гирифтор мешуд. Аз ин хотир... Читать дальше...

Путин ва Эрдуғон дар Маскав мулоқот мекунанд

Ozodi.org 

Кремл ва дастгоҳи президенти Туркия тасдиқ карданд, ки Владимир Путин, президенти Русия бо ҳамтои туркаш Раҷаб Эрдуғон рӯзи 5-уми март дар Москва мулоқот мекунад. Ин ду роҳбар вазъи шимолу ғарби Сурияро дар мулоқоти 5-уми март баррасӣ хоҳанд кард. Ахиран дар ин минтақа даргирӣ байни артиши Туркия бо артиши президенти Сурия Башор Асад идома дорад. Русия ба артиши Асад кӯмак мерасонад. Раҷаб Эрдуғон, президенти Туркия рӯзи душанбе гуфт, ки умедвор аст, дар гуфтугӯ бо Путин созиши оташбас дар Идлиби Сурия ҳосил хоҳад шуд. Читать дальше...

Поёни баррасии парвандаи пурсарусадои зиндонён дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Додгоҳи баррасии шикоятҳои вилояти Павлодари Қазоқистон 2-юми март бозбинии парвандаи шиканҷаи зиндониён дар маҳбаси "АП-162/3" дар соли 2016-ро ба поён расонида, ҳукми ниҳоиро эълом кард. Додгоҳ муҳлати зиндони ду корманди пешини маҳбаси "АП-162/3"-ро кам карда, ҳукмҳои боқиро бетағйир гузоштааст. Маҳкумшудаҳо ба воситаи тамоси видеоӣ дар мурофиа иштирок доштанд. Бозбинии парванда дар асоси қазияи марги қаҳрамони пешини чандкаратаи ҷудои Қазоқистон Бахитҷон Абдукаримови 44-сола дар маҳбас сурат гирифт. Читать дальше...

Пулис: Созмондиҳандагони тазоҳуроти Бишкек муҷозот мешаванд

Ozodi.org 

Сухангӯи Вазорати умури дохилии Қирғизистон Бакит Сейитов гуфт, дар ҷараёни тазоҳуроти ахир дар шаҳри Бишкек чандин мошину бино осеб дидаанд ва бинобар ин, созмондиҳандагони ҳамоиши эътирозӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. "Онҳо барои фитнаангезӣ дар рафти тазоҳурот ҷавоб мегӯянд. Ҳамчунин ташкилкунандагони тазоҳурот ҳамаи зарарҳоро ҷуброн менамоянд. Вазъ ҳоло дар Бишкек муътадил буда, мо шахсияти фитнаангезонро муайян менамоем. Даъватҳои ҳангомаҷӯёна низ садо додаанд. Аз ҷумла даъватҳо ба ғасби "Кохи сафед" ва ҳукумат",-афзуд ӯ. Читать дальше...

Чин уйғурҳоро дар корхонаҳои брендҳои маъруф маҷбуран кор мефармояд

Ozodi.org 

Бино ба маълумоти ҳомиёни ҳуқуқ, мақомоти Чин садҳо ҳазор уйғури мусулмонро, ки дар марказҳои ба истилоҳ, "бозтарбия" нигаҳдорӣ мешаванд, иҷборан дар корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти брендҳои маъруф кор мефармоянд. Дар ин бора дар гузориши Пажӯҳишгоҳи сиёсати стратегии Австралия (ASPI) гуфта шудааст. Ба гуфтаи муаллифон, сухан аз 80 ҳазор уйғуре меравад, ки дасти кам дар 27 корхона кор мекунанд. Дар ин корхонаҳо, аз ҷумла бо бренди Apple, BMW, Nike, Samsung, Sony, Volkswagen ва ғайра маҳсулот истеҳсол мешавад. Читать дальше...

Афсари бознишастаи узбек айби "хиёнат ба давлат"-ро эътироф накард

Ozodi.org 

Хабарнигори нашрияи "Ватанпарвар"-и Вазорати дифои Узбекистон, подполковники мустаъфӣ Владимир Калошини 68-сола, ки бо гумони ифшои "сирри давлатӣ" боздошт шудааст, 2-юми март дар додгоҳ сухани охирини худро баён кард. Духтари Калошин Анастасия Епишева, ки дар шаҳри Москва ба сар мебарад, гуфт, падараш дар додгоҳ гуноҳро ба гардан нагирифтааст. "Падарам 15 сол аст, ки истеъфо додааст. Ба ҳайси хабарнигори оддӣ дар нашрияи "Ватанпарвар" кор мекард. Ӯ маҳз дар ин бора дар додгоҳ суханронӣ кард. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Рафаэль Надаль

Дядя Надаля назвал причину поражения Зверева в финале «Ролан Гаррос»






В МФЦ Лобни организован пункт обмена книгами

Свыше 28 тыс карт провожающего оформили пассажиры ЦППК в Подмосковье с января

Подмосковье нарастило производство мясных полуфабрикатов на 24 %

Контейнеры для строительного мусора появились по 4 адресам в Истре