Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 06.04.2020

Мақомоти қазоқ гуфтанд, киҳо метавонанд кумаки иҷтимоӣ дарёфт кунанд

Ozodi.org 

Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии Қазоқистон Бирҷон Нуримбетов гуфт, киҳо кумаки иҷтимоии 42,5 ҳазортангаии давлатиро дарёфт хоҳанд кард. Ба гуфтаи вай, коргарони кирояи ширкатҳову муассисаҳои тиҷоратии хурду миёна, тиҷорати бузург дар шаҳрҳои карантиншуда ҳаққи дарёфти кумаки иҷтимоиро доранд. "Касоне ки дар шароити фосилавӣ фаъолияташонро идома медиҳанд, ҳаққи дарёфти кумакро надоранд. Кумак ба онҳое дахл дорад, ки бидуни ҳифзи маош ба рухсатии меҳнатӣ фиристода шудаанд. Ба кормандони муассисаҳои давлатӣ... Читать дальше...

Ихтирооти "коронавирусӣ". Аз гулоб то кулчақанди "КОВИД-19"

Ozodi.org 

Мардум дар ҷаҳон иҷоза надодаанд, ки хуруҷи бемории КОВИД-19 монеи халлоқияти инсонҳо шавад. Аз гулоб то кулоҳу ҷавоҳирот ва ширинӣ офаридаҳоест, ки баъзеҳо бо нусхабардорӣ аз вируси ноаён онҳоро ба замони пандемия мувофиқ кардаанд, то мардумро хушҳол ва ҳам аз хатари он огаҳ кунанд.

Фавти ду узбекистонӣ дар Ню-Йорк аз коронавирус

Ozodi.org 

Ҳафтаи гузашта дар шаҳри Ню-Йорки ИМА ду шаҳрванди Узбекистон - яке 51 ва дувумӣ 60-сола, аз коронавирус фавтиданд. Фавтидаҳо ҳамроҳ бо хонаводаҳояшон дар ИМА зиндагии доимӣ доштанд. Даҳҳо ҳазор узбекистоние, ки айни ҳол дар Ню-Йорк зиндагӣ доранд, аз мубталошавӣ ба коронавирус нигаронанд. Зани 60-солаи узбекистонӣ, ки аз коронавирус фавтид, нуҳ соли охир дар ИМА зиндагӣ мекард. Вай ҳамзамон чандин сол аз диабети қанд ранҷ мебурд. Ду ҳафта пеш вай бо нишонаҳои гирифторӣ ба вируси корона бистарӣ шуд, аммо ӯро ба шарти хонанишинӣ рухсат доданд.

69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус дар Қирғизистон

Ozodi.org 

Вазири тандурустии Қирғизистон Собирҷон Абдикаримов гуфт, 6-уми апрел дар ин кишвар 69 ҳолати нави мубталошавӣ ба коронавирус ё COVID-19 сабт шудааст. Ба гуфтаи вазир, ҳолатҳои нав дар афроде ошкор шудааст, ки бо беморон тамос доштанд. Дар маҷмӯъ дар бемористонҳои Қирғизистон 202 нафар табобат мегиранд, ки вазъи 5 танашон вазнин гуфта мешавад. Дар Қирғизистон то 6-уми апрел 216 кас ба коронавирс мубтало шуда, чаҳор кас ҷон бохтаанд. То ҳол 10 кас шифо ёфтаанд. Имрӯз низ қарор аст, 23 тани дигар аз беморхона рухсат шаванд.

СММ гуфт, дар ҳолати карантин хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст

Ozodi.org 

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш бо нашри як паёми видеоӣ дар "Твиттер" гуфт, дар шароити карантин, ки дар бештари кишварҳои ҷаҳон ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус ҷорӣ аст, ҳолатҳои хушунати хонаводагӣ афзоиш ёфтааст. "Ҳафтаҳои ахир мо дар пайи ташдиди фишорҳои иқтисодиву иҷтимоӣ шоҳиди ҳолатҳои даҳшатбори хушунати хонаводагӣ мешавем", - изҳор дошт дабири кулли СММ. Ба гуфтаи ӯ, дар баъзе аз кишварҳо шикояти занон ба хадамоти кумакрасон зиёд шудааст. Гутерриш мегӯяд, кори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тиб бештар шуда... Читать дальше...

Даъват аз матбуоти Косово барои ҷилавгирӣ аз “шиддат” дар пасманзари бӯҳрони коронавирус

Ozodi.org 

Федератсияи журналистони Аврупо (ФЖА) аз матбуоти Косово даъват кард, ки дар замони бӯҳрони беҳдоштӣ дар пасманзари пандемияи коронавирус, аз  “шиддат бахшидан ба танишҳо” худдорӣ кунанд. Созмони мустақар дар Брюссел бо пахши изҳороте рӯзи 4 апрел гуфт, ки вазъи карантин дар шаҳраке бо аксар сербҳои сокинаш дар минтақаи Митровитсаи Шимолӣ аз ҷониби телевизиони давлатии РТК ва сомонаи интернетии Sinjali пӯшиши “нодуруст ва ғайриахлоқии иттилоотӣ” дидааст. “Чунин ба назар мерасад, ки  бархе сиёсатмадорон... Читать дальше...

Баъди ҷустуҷӯҳои сартосарӣ дар Покистон 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шуд

Ozodi.org 

Мақомот дар Покистон гуфтанд, ки 20 ҳазор намозгузор ба карантин гирифта шудаанд ва ҷустуҷӯи ҳазорҳо нафари дигар идома дорад, ки бо вуҷуди пандемияи коронавирус моҳи март дар як маросими динии Лоҳур иштирок карданд. Беш аз 100 ҳазор нафар даъвати мақомот барои бекор шудани мулоқот бо аъзои Таблиғи Ҷамоат – як ҷумбиши диниро нодида гирифта,  дар ин маросим иштирок карданд.  Мақомот гуфтанд, ки мехоҳанд тамоми ширкатдорони ин маросими рӯзҳои 10 то 12 март баргузоршударо аз санҷиши тиббӣ гузаронида ва ё карантин бикунанд. Читать дальше...

Сӣ сол мунтазири оби пок ва иҷрои ваъдаҳои мақомоти Кӯлоб

Ozodi.org 

Як наҳре, ки аз ду рустои Кӯлоб мегузарад, чаҳор фасли сол оби тира дорад, вале бо вуҷуди ин манбаи аслии оби ҳазорон нафар сокини ҳарду русто ба ҳисоб меравад. Сокинони деҳаҳои Мирнишин ва Кул мегӯянд, ночор оби наҳрро истифода мебаранд, зеро оби пок дар наздикиҳояшон нест.



Умедвории Трамп ба беҳбуди вазъ дар ИМА ва ба беморхона интиқол шудани нахуствазири Бритониё

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки  дар муборизаи кишвар бо паҳншавии коронавирус нишонаҳои умед ба даст омадааст, дар ҳоле, ки хабарҳо аз Бритониё мегӯяд, нахуствазири ин кишвар Борис Ҷонсон эътироф кард, ки ба бемористон интиқол ёфтааст. Трамп бо ин ки гуфт, шумори фавтидаҳо дар паи олудашавӣ ба коронавирус  дар ду ҳафтаи наздик ба нишондодҳои “ваҳшатнок” наздик хоҳад шуд, илова кард, ки боз ҳам аломатҳои коҳиш дар ошкоршавии ҳодисаҳои нав вуҷуд дорад. Трамп гуфт, ки “дар поёни нақби торик рӯшанӣ” дида мешавад. Читать дальше...

Оғози мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2020

Ozodi.org 

Дар нахустин даври мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ, ки рӯзи якшанбеи 5-уми апрел баргузор шуд, се бозӣ доир гардид. Як дидор бо пирӯзии мизбонон хотима ёфт, ду бозӣ мусовӣ шуд. Дастаи «Хатлон»-и Бохтар дар майдони худ «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 2:1 мағлуб кард. Бозӣ миёни дастаҳои нави лигаи олӣ - «Локомотив-Помир» (Душанбе) ва «Файзканд» (Восеъ) - бо ҳисоби мусовии 2:2 анҷом пазируфт. Бозии «Кӯктош» (Рӯдакӣ) бо «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) бидуни гол хотима ёфт. Читать дальше...

Трамп гуфт, агар Русияву Саудӣ ба созиш нарасанд, аз нафти онҳо боҷ меситонанд

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, агар Русияву Саъудӣ натавонанд дар масъалаи коҳиши ҳаҷми истеҳсоли нафт ба мувофиқа бирасанд, ӯ аз нафти воридотии ҳарду кишвар боҷ меситонад.  Трамп рӯзи 5-уми апрел дар ҷараёни як нишасти хабарӣ гуфт, “агар онҳо ба мувофиқа нарасанд, ман ин корро мекунам. Тарофаҳои хеле ҷиддӣ. Ман бешубҳа ин корро хоҳам кард” ва афзуд, ки ӯ дар андешаи ҳимояти саноати нафти Амрико мебошад. Боҷ аз нафти воридотӣ бар зарари Саудӣ ва ҳам Русия аст, чун ин кишварҳо содиркунандаҳои азими нафт ба ИМА маҳсуб меёбанд. Читать дальше...

Омодагиҳои бештар дар Узбекистон барои муқобила бо КОВИД-19

Ozodi.org 

Аз беморони Маркази илмиву таҷрибавии шикастабандии шаҳри Самарқанд хостанд, ки бинои муассисаро холӣ кунанд. Кормандони раёсати тандурустии вилояти Самарқанд гуфтанд, дар ҳоли ҳозир "муассисаи мазкур бо тамоми таҷҳизоти барои табобати гирифторони коронавирус зарурӣ таъмин шудааст". Як манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш гуфт, ки бемористони уфунатии Самарқандро барои табобати "гирифторони коронавирус омода кардаанд". Дар вилоятҳои дигари Узбекистон ҳам марказҳои қабули гирифторони коронавирус таъсис шудааст. Читать дальше...

Шарҳи мақомот дар бораи фавти як сокини Суғд ва карантини кормандони тиб

Ozodi.org 

Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи фавти як марди 60-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидааст. Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Радиои Озодӣ аз таҳти карантин гирифта шудани 11 корманди беморхонаи ин ноҳия пас аз фавти марди 60-сола хабар дод. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ бо коронавирус рабт доштани ин рӯйдодҳоро рад карданд, вале гуфтанд, 13 нафар -- кормандони тиб... Читать дальше...

Бонки миллии Қирғизистон барои коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳо қарз медиҳад

Ozodi.org 

Бонки миллии Қирғизистон тасмим гирифт, ба хотири коҳиши оқибатҳои коронавирус ба бонкҳои тиҷории ин кишвар қарз диҳад. Фоизи солонаи қарзҳои ин ниҳод дар ҳоли ҳозир 5 дарсадро ташкил медиҳад. Қарзҳо танҳо бо пули миллӣ дода шуда, бояд барои риояи талаботи захиравӣ, иҷрои меъёрҳои иқтисодӣ ва дигари Бонки миллӣ, иҷрои саривақтии уҳдадориҳо дар назди амонатгузорон истифода шаванд. Бонкҳо ҳақ надоранд, қарзҳоро барои амалиёт дар бозори асъор, коғазҳои қиматнок, хариди коғазҳои қиматноки давлатӣ истифода баранд. Читать дальше...

Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад

Ozodi.org 

Узбекистон дар ҳамкорӣ бо як ширкати Словакия - "Chirana" истеҳсоли дастгоҳҳои нафаси сунъиро оғоз мекунад. Ба гуфтаи Ҷамолиддин Бобохонов, як масъули Вазорати рушди навоварии Узбекистон истеҳсоли дастгоҳҳо моҳи майи соли равон оғоз мешавад. Сохтмони пурраи корхона қарор аст, то моҳи сентябри соли равон ба поён бирасад. Шарикони хориҷӣ тасмим доранд, дар марҳалаи аввал ба корхона 3 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ ва 30 ҷои корӣ ташкил кунанд. Дар марҳалаи дувум сармоягузории 5-6 млн доллар ва таъсиси 100 ҷои корӣ дар назар аст. Читать дальше...

Даргузашти Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик

Ozodi.org 

Сардор Раҳдор, шоир ва рӯзноманигори тоҷик шаби гузашта дар сини 66-солагӣ бар асари сактаи мағзӣ даргузашт. Наздикони ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ чанд рӯзи ахир дар бахши эҳёгарии бемористони Қаряи Болои Душанбе бистарӣ буд. Ҷасади ӯро субҳи имрӯз, душанбеи 6-уми апрел барои хоксупорӣ ба зодгоҳаш ноҳияи Рӯшон интиқол доданд. Сардор Раҳдор хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон буд ва муддате дар Афғонистон ба ҳайси афсари низомӣ хизмат кард. Ӯ муддати беш аз... Читать дальше...

Новости России
Москва

Ставки снова растут: «Выберу.ру» подготовил рейтинг лучших краткосрочных вкладов в мае 2024 года


Шумораи гирифторон ба COVID-19 дар Қазоқистон ба 584 тан расид

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Қазоқистон 5-уми апрел хабар дод, ки дар ин кишвар 15 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Ҳудуди 58 дарсади ҳолатҳои мубталошавӣ ба коронавирус дар шаҳрҳои Нурсултон ва Алмато (мутаносибан 219 ва 116 ҳолат) ошкор гаштааст. Ба огаҳии Вазорати тандурустии Қазоқистон, аз ин миён 36 кас шифо ёфта, шаш нафар ҷон бохтаанд. "Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки марҳалаи асосии мубталошавӣ ба коронавирус ба моҳҳои апрел ва май рост меояд. Дар ин... Читать дальше...

Гуфтугӯҳо дар бораи нафт бинобар баҳси Москва бо Риёз ба таъхир афтод

Ozodi.org 

Нишасти намояндагони кишварҳои истихроҷкунандаи нафт, ки қарор буд 6 апрел баргузор шавад, ба таъхир афтод. Ба иттилои хабаргузории "Reuters", ин ҷаласа қарор аст, ба иллати коронавирус дар шакли видеоӣ 8 ё 9 апрел баргузор шавад. Сабаби ба таъхир афтодани нишаст, баҳсҳо миёни Москва ва Риёз гуфта мешавад, ки дар поинравии нархи нафт якдигарро айбдор мекунанд. Ба баргузории нишасти мазкур президенти ИМА Доналд Трамп исрор карда буд. Трамп ахиран гуфт, вазъи бозори ҷаҳонии нафт бояд фавран ба эътидол оварда шавад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Даниил Медведев идет третьим в чемпионской гонке ATP, Андрей Рублев — пятый






Свыше 600 навалов мусора устранили в Подмосковье за неделю

Мать арестованного Попова: многие сослуживцы поддерживали его, он берег солдат

Путин попросил Володина передать теплые слова о Раиси на его похоронах

Курс доллара на Мосбирже опустился ниже 90 рублей