Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2020

Новости за 23.04.2020

Муовини пешини раиси порлумони Тоҷикистон бистарӣ шудааст

Ozodi.org 

Хайриннисо Юсуфӣ, муовини пешини раиси порлумон ва ҳоло муовини раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва духтараш дар бемористони сироятии Душанбе бистарӣ карда шудаанд. Пизишкон мегӯянд, Хайриннисо Юсуфӣ баъди баланд шудани ҳарорати духтараш ба бемористон интиқол ёфт. Хуршед Ҳабибов, сардухтури беморхонаи сироятии шаҳри Душанбе, рӯзи 23-юми апрел гуфт, Юсуфиро барои эҳтиёт бистарӣ кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи саломатии муовини раиси ҲХДТ муътадил аст ва ӯ бо духтараш зери назорати табибон қарор доранд. Читать дальше...

HRW хост, "Тоҷикистон ба мардум ҳақиқатро бигӯяд"

Ozodi.org 

Ҳю Виллиамсон, раиси бахши Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар Human Rights Watch мегӯяд, "ҳукуматҳои Оcиёи Марказӣ вазифадор ҳастанд, ки ҳуқуқи шаҳрвандонро ба саломатӣ ба воситаи дастрасӣ ба хабари дақиқ дар бораи КОВИД-19 таъмин кунанд".

Таҳдиди фармондеҳи эронӣ ба ИМА баъди изҳороти Трамп

Ozodi.org 

Фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон гуфт, баъди таҳдиди твиттерии президенти ИМА Доналд Трамп ба ғарқ кардани қаиқҳои низомии эрониҳо ба нирӯҳояш амр додааст, ки онҳо низ метавонанд нирӯҳои баҳрии амрикоиҳоро ҳадаф қарор диҳанд. Генерал Ҳусейн Саломӣ зимни як суханронии телевизиониаш рӯзи 23 апрел ҳушдор дод, ки нирӯҳои онҳо ба “ҳама гуна амал қотеона, муассир ва сареъ посух хоҳанд дод”. Саломӣ афзуд: “Мо ба воҳидҳои дарёии худ амр додем, ки  агар киштиҳову воҳидҳои низомӣ аз нирӯҳои... Читать дальше...

Донишманди 73-солаи тоҷик аз илтиҳоби шуш фавтидааст

Ozodi.org 

Абдуалӣ Тоиров, донишманди шинохтаи тоҷик дар риштаи физика, 22-юми апрел бар асари бемории илтиҳоби шуш даргузаштааст. Ӯ 73-сола ва мудири Лабораторияи электроникаи квантии Пажӯҳишгоҳи физикаю техникаи ба номи С.Умаров буд. Тоиров рӯзҳои ахир дар Маркази тиббии ба номи Карим Аҳмадов (бемористони машҳур бо номи Якум Советский) дар Душанбе табобат мегирифт. Донишманди тоҷик яке аз чаҳор нафарест, ки ба қавли мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз бегоҳии 21-уми апрел то 22-юми апрел аз бемории илтиҳоби шуш ҷон доданд. Читать дальше...

Дар Узбекистон як зан дар мошини пулис таваллуд кард

Ozodi.org 

Ду корманди Раёсати пулиси шаҳри Тошканд шаби 21 ба 22-юми апрел ба як модари ҷавон дар вақти зоймони тифлаш кумак кардаанд. Зан тифлро дар мошини хидматии кормандони пулис таваллуд кардааст. Ба огаҳии пулиси Тошканд, кормандони пулис шабонгоҳ ҳангоми гаштугузор дар маҳаллаи таҳти назорати худ дар кӯчаи Истироҳати пойтахти Узбекистон бо ду зане рӯбарӯ шудаанд, ки якеашон ҳомила будааст. Ин зан бо ҳамроҳии хушдоманаш мехостааст, ба таваллудхона биравад. Кормандони пулис хостаанд, онҳоро то ба беморхонаи рақами 3-и Тошканд расонанд... Читать дальше...

Дастархони рӯзадорон дар Тоҷикистон чӣ хоҳад дошт?

Ozodi.org 

Рӯзи 24-уми апрел дар Тоҷикистон моҳи Рамазон оғоз мешавад. Имсол дар пасманзари бемории ҳамагири КОВИД-19 сокинони кишвар дар моҳи Рамазон имкони хондани намозҳои панҷвақтаву ҷумъа ва таровеҳро дар масҷид надоранд ва ташкили ифтори дастҷамъӣ ва идгардак ҳам манъ шудааст. Зоҳиран дастархони рамазонии сокинон низ фарқкунанда хоҳад буд. Барот Юсуфӣ аз сокинони Душанбе пурсид, ки барои рӯзҳои Рамазон чӣ омодагӣ доранд. Дар видео бинед.



Табибони Покистон ба хотири ҷилавгирӣ аз вирус ба маҳдудият дар масҷидҳо даъват карданд

Ozodi.org 

Табибон дар Покистон аз ҳукумат ва рӯҳониёни бонуфуз даъват карданд, ки қарори намозгузорӣ дар масҷидҳо ба хотири хатари афзоиши мавҷи ибтило ба коронавирусро бозбинӣ кунанд. Рӯзҳои истироҳати гузашта дар остонаи фарорасии моҳи Рамазон, ки 24 апрел шурӯъ мешавад, ҳукумати Покистон таҳти фишори рӯҳоният маҳдудияти намозгузорӣ дар масҷидҳоро сабуктар кард. Рӯзи 22 апрел дар номаи Анҷумани тиббии Покистон ба номи нахуствазир Имрон Хон ва рӯҳоният таъкид шудааст, ки маҳдудият ба хотири пешгирӣ аз босуръат паҳншавии вируси нав хеле зарур аст. Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо нақшаи бурунрафт аз вирусро дар  конфронси видеоӣ баррасӣ мекунад

Ozodi.org 

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23 апрел дар як конфронси видеоӣ барномаи муштараки молиявиро дар шароити рукуди иқтисодии дар паи пандемияи коронавирус эҷодшуда баррасӣ мекунанд. Раҳбарони аврупоӣ аз Комиссиюни Аврупо суол мекунанд, ки тавони ин ниҳоди муттаҳидкунандаи 27 кишвари аврупоӣ дар расидагӣ ба бахшҳои аз ҳама беш осебдидаи иқтисоди минтақа аз чӣ иборат аст. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо дар матни даъватнома навишт, ки комиссиюн вазъ ва эҳтиёҷотро таҳлил карда бо пешниҳоде ҳозир шавад. Читать дальше...

Дар Узбекистон 565-солагии Камолиддин Беҳзодро ҷашн мегиранд

Ozodi.org 

Моҳи октябри имсол дар Узбекистон 565-солагии рассом Камолиддини Беҳзодро ҷашн мегиранд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар ин бора рӯзи 21-уми апрел фармон содир кард. Бино ба фармони мазкур, яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканд ба ифтихори Камолиддини Беҳзод ба номи ӯ гузошта хоҳад шуд. Солҳои 2020-2021 барои донишҷӯёне, ки дар бахшҳои ихтироъ ва санъати дизайнерии мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, бурсия ё стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод низ таъсис дода шуд. Ҳамзамон дар он кишвар... Читать дальше...

Вафо Аюбӣ бо иттиҳоми осеб расондан ба маъмури милиса боздошт шуд

Ozodi.org 

Мақомоти милисаи шаҳри Кӯлоб Вафо Аюбӣ, писари овозхон Зафар Аюбиро ба "зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият" муттаҳам карданд. Феълан ӯ дар боздоштгоҳ аст ва парвандаашро Додситонии Кӯлоб таҳқиқ дорад.  Талошҳо барои фаҳмидани мавқеи хонаводаи Вафо Аюбӣ то ин дам бенатиҷа буд. Яке аз наздикони Зафар Аюбӣ гуфт, вай ҳозир нест, бо хабарнигорон суҳбат кунад. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб, ки аз ҷараёни тафтишот огоҳ аст, рӯзи 22-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, Вафо Аюбиро 17-уми апрел дастгир кардаанд. Читать дальше...

Дабири СММ хост, бо баҳонаи коронавирус ҳаққи одамонро поймол накунанд

Ozodi.org 

Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид рӯзи панҷшанбе гуфт, коронавирус ба баъзе аз кишварҳо "дастак" медиҳад, ки иқдомҳои саркӯбгароёна қабул кунанд ва онро "ғайри қобили қабул хонд".  Антонио Гуттереш ҳушдор дод, ки ин иқдомҳо ба бемории ҳамагири КОВИД-19 ҳеч дахл надоранд, аммо метавонанд сабаби буҳрони ҳуқуқи инсон шаванд. Гуттереш бо нашри гузориши Созмони Милал нишон дод, ки чӣ гуна муқобила бо вирус, муолиҷа ва ҳалли буҳрони иҷтимоиву иқтисодӣ бо ҳидоят ё роҳнамоии ҳуқуқи инсон сурат гирад... Читать дальше...

Таниши бештар дар равобити Эрону ИМА баъди пратоби маҳвора ва таҳдиди киштиҳо дар Халиҷи Форс 

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп гуфт, ки амр додааст дар сурати аз ҷониби қаиқҳои низомии эронӣ  азияту озор дидани киштиҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс онҳоро хароб кунанд. Ин хабар дар рӯзе нашр шуд, ки Сипоҳи посдорони инқилоби исломии (СПИИ)-и Эрон гуфтанд, ба мадор маҳворабареро партоб кардаанд. ИМА ва дигар кишварҳо ҳанӯз ба мадор расидани маҳворабарро тасдиқ накардаанд. Озори киштиҳои амрикоӣ дар обҳои Халиҷ рӯзи 15 апрел аз ҷониби нирӯҳои баҳрии ИМА гузориш шуд.  Киштиҳои амрикоӣ он лаҳзаҳо машғули машқ буданд... Читать дальше...

Моҳи Рамазон ва эҳтиёт аз коронавирус дар кишварҳои мусалмоннишин

Ozodi.org 

Ин шабу рӯз 1,8 миллиард мусалмон дар ҷаҳон ба пешвози моҳи Рамазон омода мешаванд, ки ин навбат дар фазои маҳдудиятҳои марбут ба пандемияи коронавирус фаро мерасад. Хабарҳои расмӣ аз кишварҳои мусалмоннишин  мизони олудашавӣ ба коронавирусро чандон зиёд ва паҳншуда нишон намедиҳанд, вале эътимод ба ин ки ин хабарҳо дақиқу шаффоф ва воқеӣ ҳастанд, вуҷуд надорад. Олудашавӣ ба вирус дар нуқоти мухталифи ҷаҳон тадриҷан афзоиш меёбад ва то имрӯз гирифтории 2,6 миллион ва даргузашти 183 ҳазор сокини сайёра бар асари ин вирус тасдиқ шудааст. Читать дальше...

Новости России
Москва

В Дубне сотрудники Росгвардии помогли утиному семейству перейти оживленную трассу


Адиби тоҷик Муҳиддин Хоҷазод бо аломатҳои илтиҳоби шуш бистарӣ карда шуд

Ozodi.org 

Муҳиддин Хоҷазод (Муҳиддин Хоҷаев), нависандаи 82-солаи тоҷикро бо аломатҳои бемории илтиҳоби шуш ё пневмония дар шифохонаи рақами якуми Хуҷанд бистарӣ кардаанд. Пизишкон мегӯянд, шаби 22 ба 23-юми апрел ӯро зери дастгоҳи нафасгирии сунъӣ гузоштанд ва ҳоло вазъи саломатиаш "беҳтар аст". Писари 49-солаи ӯ, Алишер Хоҷаев, низ бо ҳарорати баланд ҳамроҳи падар бистарӣ карда шудааст. Табибон вазъи саломати ӯро муътадил гуфтанд. Фирдавсхон Тӯрахонов, сардухтури бемористони рақами якуми шаҳри Хуҷанд... Читать дальше...

Дар Қирғизистон хушунати хонаводагӣ 65 дарсад афзудааст

Ozodi.org 

Аз моҳи январ то марти соли ҷорӣ дар Қирғизистон 2319 ҳолати хушунати хонаводагӣ сабт шудааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилии Қирғизистон хабар медиҳад. Дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта теъдоди шикоят аз хушунат 65 дарсад афзудааст. Дар 95 дарсади ҳолатҳо занҳои аз 21 то 50-сола мавриди хушунат қарор гирифтаанд. Дар се моҳ 8 ҳолати куштор, дар пайи хушунати хонаводагӣ, сабт шудааст, ки ин нишондод низ ду баробари ҳамин давраи соли гузашта аст. Пулиси Қирғизистон дар моҳҳои январ-марти... Читать дальше...

Муҷозоти як пулиси қазоқ барои иҷозаи убури мошинҳо аз постгоҳ ҳангоми карантин

Ozodi.org 

Сардори Раёсати пулиси ҷиноии шаҳри Алматои Қазоқистон Жанболат Зиадин аз мақомаш барканор шуд. Дар ин бора расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд. Зиадин баъди нашри наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақом барканор шуд. Дар навор дида мешавад, ки афроде дар мошинҳои гаронбаҳои Bentley, Mercedes ва Cadillac аз постгоҳ бидуни монеа убур мекунанд. Дар ҳоле, ки дар Алмато аз чанд ҳафта ба ин сӯ карантин ҷорӣ шудааст. Вуруду хуруҷ аз он танҳо бо гузарномаи вижа имкон дорад ва дар даромадгоҳҳои шаҳр постгоҳ гузошта шуда... Читать дальше...

Дастури таҷлили 565-солагии Камолиддини Беҳзод дар Узбекистон

Ozodi.org 

Дар Узбекистон моҳи октябри соли ҷорӣ аз 565-солагии рассом Камолиддини Беҳзод дар Узбекистон таҷлил хоҳад шуд. Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 21 апрел дар ин бора фармони вижае имзо кард. Бино ба фармони мазкур, яке аз кӯчаҳои шаҳри Тошканд ба ифтихори Камолиддини Беҳзод номгузорӣ хоҳад шуд. Солҳои 2020/2021 барои донишҷӯёне, ки дар бахшҳои ихтироъ ва санъати дизайнерии мактабҳои олӣ таҳсил мекунанд, бурсия ё стипендияи давлатии ба номи Камолиддини Беҳзод таъсис дода хоҳад шуд. ... Читать дальше...

Идомаи бозиҳои бетамошобини қаҳрамонии Тоҷикистон. "Кӯктош" бо "Хуҷанд" мусовӣ кард

Ozodi.org 

Бозии охирини даври сеюми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Кӯктош»-и Рӯдакӣ ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки рӯзи чоршанбеи 22-юми апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид. Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба нафъи «Кӯктош» хотима ёфт. Ҳисобро нимҳимоятгар Ҳикматулло Расулов дар дақиқаи 41-ум боз кард. Голи ҷавобиро нимҳимоятгари «Хуҷанд» Фатҳулло Фатҳуллоев дар нимаи дувуми дидор, дар дақиқаи 52-юм зад. Ёдовар мешавем, бозии марказии даври сеюми... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
ATP

Карен Хачанов проиграл Вукичу во втором круге турнира ATP-250 в Хертогенбосхе






Бизнес-клуб для предпринимателей «Однаволна» | Бизнес-сообщество в Москве

Подберезовики, местами — лисички. Какие грибы собирать в Подмосковье в июне

Экономист рассказал, когда доллар достигнет 200 рублей

Биометрии расширяют границы // Подтвердить персональные данные станет проще