Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 02.06.2020

Аёз Ниёзӣ дар таркише дар Афғонистон кушта шуд

Ozodi.org 

Мавлавӣ Аёз Ниёзӣ, хатиби масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон ва яке аз уламои саршиноси Афғонистон, кушта шуд. Вазорати корҳои дохилии Афғонистон гуфт, Ниёзӣ дар таркиши шоми 2-юми июн бар асари ҷароҳате, ки бардошт, ҷон бохт. Таркиш дар масҷиди Вазир Муҳаммад Акбархон рух дод.  Раёсати ҷумҳури Афғонистон бо судури эъломия таркиш дар масҷидро маҳкум кард. Дар эъломия ба нақл аз раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфта шудааст: "Ҳамлаҳои террористӣ бар масоҷиду шифохонаҳо ва афроди мулкӣ ҷинояти ҷангӣ аст". Читать дальше...

Аз мақомоти ИМА даъват шуд, озодии журналистонро дар бозтоби эътирозҳо таъмин намоянд

Ozodi.org 

Кумитаи ҳимояи рӯзноманигорон (CPJ) аз мақомоти ИМА даъват кард, "таъқиби журналистон ва кормандони расонаҳоро, ки аз тазоҳурот гузориш медиҳанд, қатъ ва онҳоро аз иҷрои талаботи қуюди шабгарди озод кунанд. Ин ниҳод гуфтааст, аз 29 май инҷониб ба камияш 125 мавриди "нақзи озодии матбуот"-ро дар Иёлоти Муттаҳида ба қайд гирифтааст, ки ҳангоми кори рӯзноманигорон барои бозтоби эътирозҳо аз марги Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпуст рух додаанд. Флойд дар ҳодисаи боздошт шуданаш аз тарафи кормандони пулис ба ҳалокат расида, гунаҳкори қазияи ҳабс шудааст. Читать дальше...

СҶТ дар байни обу оташ. Чин чӣ гуна иттилоъ дар бораи вирусро дер пешниҳод кард

Ozodi.org 

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ) дар моҳи январи имсол дар маҳзари ом Чинро барои вокуниши зуд ба муқобили коронавируси нав ситоиш мекард. Дар чандин чунин ситоишҳо "саривақт" дар ихтиёри СҶТ гузошта шудани харитаи генетикии вирус ва ҳам шаффофияти ҳукумат ва "бисёр муассир" будани он таъкид шуд.

Додгоҳи Хуросон ҳамлаварон ба Абдуллоҳ Ғурбатиро ҷарима баст

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон се сокини ин ноҳияро барои ҳамла ба хабарнигори тоҷик Абдуллоҳ Ғурбатӣ ҷарима кард. Вакили мудофеъ Абдураҳмон Шарипов гуфт, онҳо ба авбошӣ муттаҳам шуданд ва ҳар кадоме ба пардохти 580 сомонӣ муваззаф гардиданд. Қарори додгоҳ рӯзи дувуми июн содир шуд.

Омори расмии қурбониёни COVID-19 бетағйир аст, омори ғайрирасмӣ аз 400 нафар бештар шуд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи дувуми июн гуфт, дар тақрибан як ҳафтаи ахир касе аз бемории COVID-19 нафавтид. Шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон 47 нафар аст. Ин дар ҳолест, ки дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи беш аз 400 нафар дарҷ шудааст. Дар як ҳафтаи ахир номи беш аз бист касро ба ин рӯйхат ворид карданд. Феҳрастро бар пояи хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикон омода кардаанд ва бахше аз он пурра тасдиқ шуда... Читать дальше...



Ҷонибдории Netflix, Nike, Adidas аз эътирозгарони Амрико ба зидди нажодпарастӣ

Ozodi.org 

Ширкатҳои амрикоие, ки дар бахши технология, умури бонкӣ, мӯд ва шоу-бизнес фаъолият мекунанд, бо нашри изҳорот аз эътирозҳо ба марги як марди сиёҳпӯст дар натиҷаи зиёдаравии корманди пулис дар Миннесота ҷонибдорӣ карданд. Ба иттилои "Садои Амрико", ширкати Netflix дар Твиттер навиштааст, ки ҳимоят аз ҳаққи кормандони сиёҳпӯсташро вазифаи худ медонад. "Хомӯшӣ ба ҳамдастӣ баробар аст", - гуфтааст ширкат. Дар саҳифаи асосии низоми ҷустуҷӯии Google дар бораи баробарии нажодӣ барои ҳама изҳороте нашр шудааст. Читать дальше...

Блогерро барои як баромадаш дар Инстаграм 6 сол зиндонӣ карданианд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 2 июн парвандаи блогер Элмирбек Сидимановро баррасӣ кард. Тавре вакили дифои блогер Алӣ Магаев ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ хабар дод, ҷониби айбдоркунанда дар мурофиа барои шахси зери ҳимояи ӯ 6 соли зиндон талаб кардааст. "Додрас дархост бораи гузаронидани ташхиси забоншиносиро рад кард. Блогерҳо нахуст Сидимановро таҳқир карда, ба номи модару хоҳараш дашном додаанд. Сипас ӯ ба онҳо посух додааст. Вай ба бадбинии қавмӣ даъват накардааст", - афзуд вакили дифоъ. Читать дальше...

Зан ҳам метавонад соҳибкори муваффақ бошад. Қиссаи Азизамоҳ Муҳаммадиева

Ozodi.org 

Дар ҷомеаи Тоҷикистон маъмулан занҳо хонашин ва ба тарбия фарзандон машғул мешаванд Аммо муҳоҷирати мардон ба Русия ва нокофӣ будани пули онҳо барои таъмини хонавода занони зиёдро водор кардааст, ки дар бораи ивази нақши худ фикр кунанд.

Ҳалокати 3 кас аз заҳролудшавӣ дар боздоштгоҳи Қазоқистон

Ozodi.org 

Се сокини шаҳри Кокшетау, маркази маъмурии вилояти Акмолини Қазоқистон дар натиҷаи заҳролудшавии эҳтимолӣ дар боздоштгоҳи пулис ҷон бохтанд. Сомонаи маҳаллии Kokshetau.asia 2 июн хабар дод, ки аз боздоштгоҳи пулиси Кокшетау ҷамъан 6 нафар бо "нишонаҳои заҳролудшавии шадид" ба беморхона интиқол дода шуд. Ба огаҳии пулиси Акмолин, ин афрод, ки муҳлати ҳабси маъмуриро дар боздоштгоҳ якҷоя адо мекарданд, шаби 28 май бистарӣ шудаанд. Панҷ тани онҳо барои нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва яке бо ҷурми майдаавбошӣ дар ҳабси маъмурӣ қарор доштанд. Читать дальше...

Узви Маҷлиси Эрон: Дар нооромиҳои соли гузашта 230 нафар кушта шуданд

Ozodi.org 

Як узви баландпояи порлумони Эрон гуфт, дар норозигиҳои моҳи ноябри соли гузашта ба зидди ҳукумати ин кишвар 230 нафар кушта шуд. Дар ин бора хабаргузории давлатии ИРНА иттилоъ дод. Бори аввал аст, ки як узви порлумони Эрон дар бораи   кушташудагон дар нооромиҳо рақам медиҳад. Нооромиҳо соли гузашта пас аз якбора боло рафтани нархи сӯзишворӣ сар шуд. Пас аз инқилоби исломӣ дар соли 1979, нооромиҳои чоррӯзаи моҳи ноябри соли 2019 паҳновартарин ва хушунатбортарин нооромӣ дар Эрон ба шумор меравад. Читать дальше...

Вазорати дифои Русия санҷиши вакиснаи зидди COVID-19-ро оғоз кард

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Русия 50 довталабро аз шумори низомиён барои санҷиши ваксинаи зидди COVID-19 интихоб кард. Дар ин бора расонаҳои Русия хабар доданд. Вазорат мехоҳад, ваксинаеро санҷиш кунад, ки бо иштироки Донишкадаи марказии илмиву таҳқиқотии Вазорати мудофиаи Русия сохта шудааст. Нахустин гуруҳи довталабон рӯзи 3-юми июн ваксина хоҳанд гирифт. Ҳанӯз дар ибтидои моҳи апрел хабар расида буд, ки Вазорати мудофиаи Русия дар сохтани ваксинаи зидди вируси корона ширкат мекунад. Қарор аст, озмоиши... Читать дальше...

"Дар рӯйи бетон хобанд." Ду моҳ интизории муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти бозгашт ба ватан чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистони Ҷанубӣ ва Узбекистон, дар 800-километрии шаҳри Алмато, дармондаанд.

"Дар рӯйи бетон хобанд." Ду моҳ интизории муҳоҷирони тоҷик дар марзи Қазоқистону Узбекистон. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон бо нияти бозгашт ба ватан чандин ҳафта аст, ки дар марзи Қазоқистони Ҷанубӣ ва Узбекистон, дар 800-километрии шаҳри Алмато, дармондаанд.

Новости России
Москва

Что лечит невролог и с какими симптомами к нему обращаться?


Консули Тоҷикистон гуфт, ҳоло парвоз аз Петербург ба Душанбе дар назар нест

Ozodi.org 

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳанӯз барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз шаҳри Санкт-Петербург парвози чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳо ташкил карда нашудааст. Давлаталӣ Назризода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург, рӯзи 2-юми июн гуфт, "ҳар вақте чунин тасмим гирифта шуд, муҳоҷиронро аз қабл огоҳ мекунем." Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар дод, ки баъд аз зуҳри 30-юми май 173 шаҳрванди Русия, аз ҷумла ҳашт навзодро бо ҳавопаймои "Уралские... Читать дальше...

Зарари сел дар Хуросонро наздики 7 миллион сомонӣ ҳисоб кардаанд

Ozodi.org 

Зарари сел ва лағжиши кӯҳ дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон беш аз 6 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (муодили зиёда аз 600 ҳазор доллар) ҳисоб шудааст. Мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, хулосаи кумисюни вижа дар бораи зарари офати табииро ба ҳукумати вилоят ва ҷумҳурӣ фиристоданд.

Дороиҳои фарзандони вазири пешини амнияти Озарбойҷон дар Бритониё ошкор шуд

Ozodi.org 

Фарзандони вазири пешини амнияти давлатии Озарбойҷон Элдар Маҳмудов соҳиби хонаҳои гаронарзиш дар Бритониё мебошанд. Аз ҷумла, як хонае, ки дар шаҳри Лондон ба онҳо нисбат дода мешавад, 21 миллион доллар нарх дорад. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев Элдар Маҳмудовро соли 2015 бе шарҳ аз мақоми вазири амнияти давлатии кишвараш барканор кард. Бар асоси маълумот дар бораи муштариёни Бонки ҷазираҳои Кайман, ки моҳи ноябри соли 2019 дар пайи як ҳамлаи ҳакерӣ расонаӣ шуд, хонаводаи Маҳмудовҳо соҳиби... Читать дальше...

Трамп мехоҳад барои қатъи нооромиҳо аз нерӯ истифода кунад

Ozodi.org 

Президенти ИМА Доналд Трамп мегӯяд, ки барои поён додан ба бетартибӣ ва яғмогариҳо, ки пас аз марги марди сиҳёпӯст ба дасти пулис дар чандин шаҳри Амрико сар заданд, аз ҳамаи имкониятҳо, ба ҷумла нерӯҳои мусаллаҳ истифода хоҳад кард. Раҳбари ИМА гуфт, агар сарони аёлатҳо ин корро накунанд, ӯ худаш ба шаҳрҳои ноором артиш хоҳад фиристод. Вай рӯзи 1-уми июн ба ҳамаи аёлатҳо дастур додааст, ки барои ҷорӣ кардани тартибу низом аз нерӯҳои Горди миллии ИМА истифода кунанд. Бино бар қонунгузории Амрико... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Александр Зверев

Александр Зверев раскритиковал график соревнований в туре






На Красной площади заканчиваются последние приготовления к параду Победы

Путин: Россия отвергает претензии альянса на исключительность

«Никому не позволим угрожать нам» — Путин выступил на Красной площади

Путин назвал всех участников СВО героями России