Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2020

Новости за 08.06.2020

Вазорати тандурустӣ гуфт, 80 нафар бемор шудаанд, 60 дар сад шифо ёфтаанд

Ozodi.org 

Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълон кард, ки дар як шабонарӯзи гузашта 80 мавриди собитшудаи бемории СОVID-19-ро сабт кардааст ва теъдоди умумии беморон дар умум ба 4609 нафар расидааст. Дар баёнияи вазорати тандурустӣ аз рӯзи 8-уми июн омадааст, ки дар маҷмӯъ 1176 нафар зери назорати табибон қарор доранд ва теъдоди фавтидагон 48 нафар аст. Аз замони эълони сирояти беморӣ дар рӯзи 30-уми апрел ба гуфтаи мақомот, 2763 ё 60 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум... Читать дальше...

Ба зидди 6 сокини Хуросон барои "эътирози оммавӣ" парванда боз кардаанд

Ozodi.org 

Муфаттишони Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба 6 сокини ноҳияи Хуросон, ки дар эътирози рӯзи 17-уми май иштирок карда буданд, парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Даҳҳо нафар аз ду деҳаи ноҳияи Хуросон, ки бар асари омадани сел хонаву дар ва заминҳои худро аз даст доданд, рӯзи 17-уми май ба нишони эътироз роҳи Бохтар-Душанберо бастанд Як манбаи Радиои Озодӣ дар ҳукумати вилояти Хатлон рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ки чор нафар дар боздошт қарор дошта, ду тани дигар бо шарти берун нашудан аз ноҳия, дар озодӣ ҳастанд. Читать дальше...

"Ин бозӣ бароям камаҳамият шуд": Макгрегор сабаби қатъи фаъолияти варзишияшро шарҳ дод

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Размикори ирланди Конор Макгрегор истеъфояшро чунин шарҳ додааст, ки бозӣ барои ӯ аҳамияташро гум кардаст. Ӯ интизори тағйироти ҷиддӣ будаст, "аммо дер боз ҳеҷ чиз рух надодааст"

Билл Гейтс дар бораи назарияи тавтиаи зидди худ посух дод

Ozodi.org 

Миллиардери амрикоӣ ва муассиси ширкати Microsoft Билл Гейтс дар робита бо як назарияи тавтеа бар зидди худаш посух дод ва гуфт, гӯё ин ки ӯ  бо баҳонаи зидди Covid-19 эм кардани одамон ба онҳо микрочипҳоро ҷой кардааст, бепояву асос аст. Гейтс гуфт, ки ҳеҷ гоҳ  ба микрочипҳо ҳеҷ умумияте надошт. Дар нақли қавл аз Гейтс Business Insider менависад, ки “ин иттиҳомро рад кардан бисёр сахт аст, чунки аблаҳонаву ғайримаъмулӣ мебошад”. Дар сӯҳбат бо шабакаи BBC ӯ гуфт, ки аз вуҷуди чунин ақидаҳои аблаҳона бисёр нигарон аст... Читать дальше...

Чин аз амалкардҳояш барои муқобила ба коронавирус ҳимоят кард

Ozodi.org 

Мақомоти Чин рӯзи якшанбе гузориши тӯлоние нашр карданд, ки дар он тадбирҳои кишвар барои муқобила бо пандемияи коронавирус тасвир ва аз иқдомҳои ҳукумат ҳимоят шудааст. Дар ин гузориш омадааст, Чин иттилоъро саривақт ва шаффоф пешниҳод кардааст.

Собиқ раҳбари атлетикаи ҷаҳонӣ барои фасодхорӣ дар додгоҳ посух медиҳад

Ozodi.org 

Рӯзи 8 июн дар додгоҳе дар Париж собиқ раҳбари Анҷумани байнулмилалии федератсияҳои варзиши сабук (IAAF) бо иттиҳоми фасодхорӣ ва пулшӯии марбут ба моҷарои допингии Русия ҳозир мешавад. Додситонҳо мегӯянд, ки Ламин Диак аз варзишгарони рус талаб кардааст, ки барои пинҳон кардани иттиҳоми гумонбар буданашон дар истеъмоли доруҳои нирӯафзои мамнӯъ ё допинг 3,3 миллион доллари амрикоӣ пардохт кунанд. Ба Ламин Диаки 87-сола, ки иттиҳомро рад кардааст, то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Дар паи моҷарои... Читать дальше...

Коронавирус ба 19 нафари дигар дар Бадахшон сироят кардааст

Ozodi.org 

Бино ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, рӯзи 7-уми июн дар вилояти Бадахшон 19 мавриди сирояти коронавируси навро сабт кардаанд, ки ба гуфтаи хабаргузорӣ дар муқоиса ба ҳафтаҳои гузашта бисёр кам аст. Хабаргузорӣ рӯзи 8-уми июн навишт, ки дар ин бора ҳангоми ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз густариши СOVID-19 бо ҳузури раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов хабар додаанд. Дар хабар омадааст, то “7-июн ҳамагӣ 19 нафар дар муассисаҳои табобатӣ бистарӣ гардиданд. Ин нишондод дар муқоиса ба як ё ду ҳафтаи пеш... Читать дальше...



Донишманди дар ИМА озодшудаи эронӣ ба Теҳрон расид

Ozodi.org 

Оҷонсии нимарасмии ISNA гуфт, ки донишманди эронӣ Маҷид Тоҳирӣ рӯзи 8 июн баъди озод шуданаш аз як зиндони амрикоӣ дар доираи як табодули зиндониҳо ба ватан баргашт  Тоҳирии шаҳрванди Амрикову Эрон, ки ба муддати 16 моҳ дар ИМА дар боздошт буд, рӯзи 4 июн озод шуд. Дар ҳамин ҳол дар Эрон маллоҳи амрикоӣ Майкл Вайт, ки бо иттиҳоми таҳқири раҳбари олии Эрон Оятулло Хоманеӣ ва нашри иттилои хусусӣ дар интернет ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд, инчунин озод гардид. ISNA  навишт, ки муовини вазири хориҷаи... Читать дальше...

Дар Қатар музокироти сулҳи Афғонистон баррасӣ шуд

Ozodi.org 

Фиристодаи ИМА барои Афғонистон Залмай Халилзод дар Қатар даври навбатии музокирот бо раҳбарияти сиёсии Толибонро барпо кард.  Рӯзи 7 июн Мулло Абдулғанӣ Бародар, сухангӯи Толибон дар Твиттер навишт, ки Халилзод ва Бародар озодкунии зиндониҳо ва шурӯи музокироти миёни ҳукумати Афғонистон ва Толибонро баррасӣ карданд. Рӯзи 29 феврали соли 2020 ИМА ва Толибон созишеро имзо карданд, ки барои хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистон равона шудааст. Бар асоси ин созиш қарор аст нирӯҳои амрикоӣ хоки Афғонистонро... Читать дальше...

Эҳтимоли берун шудани нирӯҳои ИМА аз Олмон ва даъвати раҳбари НАТО ба тақвияти паймон

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки шарикони аврупоии НАТО аз эҳтимоли тарки Олмон кардани нирӯҳои ИМА хатар доранд, дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг қарор аст дар як суханрониаш рӯзи 8 июн ба тақвияти ҳайати ин паймони низомӣ даъват бикунад. Суханронии Столтенберг, ки аз ҷониби Шӯрои Атлантика ва Бунёди олмонии Маршал дар ИМА ташкил шудааст, замоне баргузор мешавад, ки дар Полшаву соҳилҳои Балтика шарикони НАТО машқҳои низомии худро барпо мекунанд. Нашрияи the Wall Street Journal рӯзи 7 июн гуфт, ки эҳтимоли хуруҷи... Читать дальше...

Маросими видоъ бо Ҷорҷ Флойд дар Ҳюстон

Ozodi.org 

Қарор аст рӯзи 8 июн маросиме ба хотири Ҷорҷ Флойд, марди сиёҳпӯсти аз дасти полиси Миннеаполис кушташуда баргузор гардад, ки боиси эътирозҳои сартосарии зидди нажодпарастӣ дар ИМА шуд. Маросиме дар Ҳюстон чанд соат баъди он баргузор мешавад, ки шӯрои шаҳри Миннеаполис ба пароканда кардани ҳайати полиси шаҳр ва ҷалби кормандони нав иқдом кард ва ин тасмим мояи эътирози шаҳрдорӣ шуд. Раиси полис Арт Асеведо рӯзи 7 июн гуфт, ки ҷасади Флойд ба зодгоҳи ӯ шаҳри Ҳюстон интиқол дода шуд.  Қарор аст маросими... Читать дальше...

Ню-Йорк марҳилаи аввали сабукиҳои баъди карантинро ҷорӣ мекунад

Ozodi.org 

Шаҳри Ню-Йорк, ки чандин ҳафта маркази пандемияи коронавируси ИМА буд, шурӯъ аз 8 июн бархе тиҷоратҳоро боз мекунад. Айни замон дар Бритониё  аз аксар нафароне, ки тоза вориди ин кишвар мешаванд, тақозо мешавад, ки давоми ду ҳафта дар карантин бошанд.  Ду моҳ пеш ҳар рӯз дар Ню-Йорк садҳо нафар дар паи COVID-19 ҷон медод ва ҳоло шумори олудагии ҳаррӯзаи сокинони шаҳр дар ҳудуди 500 нафар буда омори марги инсонҳо ҳам хеле поин рафтааст. Дар Ню-Йорк бар асари COVID-19 22 ҳазор нафар ҷон додааст. Мақомот гуфтанд... Читать дальше...

Дар Қазоқистон беш аз 100 мубталои коронавирус ба рӯйхати умумӣ шомил нашуданд

Ozodi.org 

Дар Қазоқистон беш аз ҳазор нафар, ки натиҷаи ташхисашон барои коронавирус мусбат баромадааст, ба рӯйхати расмии мубталоёни коронавирус дар ин кишвар шомил нашудаанд. Вазорати тандурустии Қазоқистон аз 3 июн рӯйхати алоҳидаи онҳоеро нашр мекунад, ки бемориро бидуни нишона паси сар мекунанд ва ҳоло шумори онҳо ба 1044 расидааст. Дар давоми як рӯзи ахир дар ин кишвар 165 ҳолати нави мубталошавӣ ба вирус ба қайд гирифта шудааст. Ин рақам ба мубталоёне, ки ҳеч нишонаи бемориро надоранд, дахл намекунад. Читать дальше...

Сохтмони хати метрои Тошканд - "Дӯстлик-Куйлюк" ба поён расид

Ozodi.org 

Марҳилаи аввали сохтмони хати метрои шаҳри Тошканд -- "Дӯстлик-Куйлюк" ба поён расид. Ба иттилои шаҳрдории пойтахти Узбекистон, дарозии масир 11 километр буда, дар он 7 истгоҳ бунёд шудааст. Бар пояи иттилои расмӣ, суръати миёнаи қатора дар роҳи зеризаминӣ 60 километр дар як соатро ташкил медиҳад. Истгоҳҳои бунёдшуда барои 5 вагон пешбинӣ шуда, ҳамаи онҳо дар шакли меъмории миллӣ ва бо гуногунӣ аз ҳамдигар сохта шудаанд. "Ҳамаи истгоҳҳо аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Барои мусофирон вагонҳои замонавӣ бо таҷҳизоти лозимӣ хидмат хоҳанд расонд"... Читать дальше...

Тазоҳуроти мухолифони президенти пешини Қирғизистон дар Бишкек

Ozodi.org 

Мухолифони президенти пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев дар назди додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек, ки қарор буд имрӯз баррасии парвандаи ҳаводиси деҳаи Кой-Тошро идома диҳад, даст ба тазоҳурот заданд. Иштирокдорони тазоҳурот ба "зиндонӣ кардани Отамбоеву тимаш" даъват мекарданд. Ба гуфтаи онҳо, Отамбоев бояд қарзҳоеро пардозад, ки дар давраи президентияш Қирғизистон дарёфт кардааст. Ин гуруҳи қирғизистониҳо 1 май низ тазоҳурот карда буданд. Дар назди додгоҳ наздикону пайвандони гумонбарҳои парвандаи мазкур низ ҷамъ шуда буданд. Читать дальше...

Донишгоҳҳои Қирғизистон имсол довталабонро онлайнӣ қабул мекунанд

Ozodi.org 

Қабули довталабон ба донишгоҳҳои Қирғизистон имсол ба иллати ҳамагир шудани коронавирус тавассути низоми ягонаи тестӣ онлайнӣ сурат хоҳад гирифт. Дар ин бора муовини вазири маориф ва илми Қирғизистон Нурлан Омуров хабар дод. "Вазорати маориф низомеро коркард кардааст. Пештар довталабон дар ба дари донишгоҳҳо мегаштанд. Имсол онҳо метавонанд ҳамаи корҳоро фосилавӣ анҷом диҳанд. Довталабон танҳо бояд дар платформаҳои Маркази санҷиши умумиҷумҳуриявӣ худро ба қайд гиранд", - гуфт ӯ. Ба гуфтаи муовини вазир... Читать дальше...

Доналд Трамп амр дод, сарбозони Горди миллӣ аз Вашингтон ба қароргоҳҳояшон баргарданд

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, рӯзи 7-уми июн амр додааст, 5 ҳазор аз сарбозони Горди миллиро аз Вашингтон берун баранд. Ин нерӯҳоро чанд рӯз пеш барои фӯру нишондани тазоҳуроте ба ин шаҳр сафарбар карданд, ки баъди марги як марди сиёҳпӯст, ҳангоми боздошти маъмурони пулис сар зад.

Новости России
Москва

Что лечит невролог и с какими симптомами к нему обращаться?


"Шикор"-и занони ронанда дар кӯчаҳои Ишқобод идома дорад

Ozodi.org 

Дар Туркманистон бештари занҳо ба иллати маҳдудияти ғайрирасмие, ки мақомоти он кишвар ҷорӣ кардаанд, аз истифодаи мошини шахсӣ худдорӣ мекунанд. Ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Ишқобод, дар пойтахти Туркманистон "шикор"-и занҳое, ки пушти фармон менишинанд, ҳанӯз идома дорад. Бештари занҳо ба хотири аз даст надодани шаҳодатномаи ронандагӣ мошинҳоро дар хона мегузоранд. "Шумори бонувоне, ки мошинҳояшонро дар хона мегузоранд, то рафт афзоиш меёбад. Онҳоро ҳушдор додаанд. Читать дальше...

Facebook тамғагузории хабари расонаҳои зери назорати давлатҳоро оғоз кард

Ozodi.org 

Шабакаи иҷтимоии Фейсбук аломатгузории матолиб ва гуруҳи расонаҳоеро оғоз кард, ки аз сӯи давлатҳо назорат мешаванд. Дар иттилоияи ширкат омадааст, ки дертар таблиғоти онҳо низ тамғагузорӣ хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир нишонае, ки ишора мекунад, ин расона ба давлат тааллуқ дорад, дар саҳифаҳои телевизиони давлатии русии RT, телевизиони чинии CCTV ва хабаргузории чинии "Синхуа" пайдо шудааст. Ба ҷуз ин, саҳифаи нашрияи расмии Ҳизби коммунистии Чин - "Женмин жибао" низ чунин амломатгузорӣ шудааст. Барои ин расонаҳо то охири сол... Читать дальше...

Эътирози чандин ҳазор одам дар Вашингтон, Лондон ва Берлин

Ozodi.org 

Ҳазорҳо сокини ИМА дар Вашингтону бештари шаҳрҳои ин кишвар бо талаби адолат дар низоми адлия ва зидди нажодпарастӣ, зиёдаравии кормандони пулис даст ба тазоҳурот заданд. Дар шаҳрҳои Аврупо низ чунин эътирозҳо анҷом шуданд ё дар ҳоли анҷомёбӣ ҳастанд. Шаҳрдори Вашингтон Мюриэл Баузер ба далели ба гуфтаи ӯ, аз ҳад зиёд сахт будани вокуниш ба бетартибиҳо бо президенти ИМА Доналд Трамп вориди баҳс шуд. Дар роҳ ба сӯи Кохи сафед шиореро овехтанд, ки дар он навишта шудааст, "Ҳаёти сиёҳпӯстон аҳамият дорад". Читать дальше...

Кишоварзони узбек аз норасоии об шикоят доранд

Ozodi.org 

Заминҳое, ки дар атрофи обанбори Сардобини Узбекистон ҷойгир ҳастанд, баъди рахна шудани садди обанбор беоб монданд. Ба гуфтаи кишоварзон аз вилояти Сирдарё, вазъи заминҳое, ки аз оби обанбор вобастагӣ доштанд, буҳронӣ аст. Кишоварзоне, ки аз вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон ба Сирдарё рафта буданд, мегӯянд, ба иллати набудани об заминҳоро гузошта, дубора ба хонаҳояшон баргаштаанд. Бархе аз кишоварзон дар ноҳияи Сардобин гуфтанд, дар натиҷаи фоҷеаи мазкур зироатҳои худро пурра аз даст додаанд. ... Читать дальше...

Кобул: Кушта шудани афғонҳо дар Язди Эрон "ҷиддӣ" таҳқиқ мешавад

Ozodi.org 

Дипломатҳои афғон дар Теҳрон мегӯянд, баррасиҳо дар бораи оташ гирифтани мошини ҳомили муҳоҷирон ва паноҳандагони афғон дар шаҳри Язди Эрон идома дорад ва Кобул аз Вазорати умури хориҷии Эрон хостааст дар ин бора "таҳқиқоти ҷиддӣ" анҷом диҳад. Рӯзи панҷшанбеи 4-уми июн дар ҷараёни тирандозӣ ба як мошин ва сипас оташ гирифтани он дар Язд, се шаҳрванди афғон кушта ва ҳашт тани дигар захмӣ шуданд. Фотима Толиқонӣ, котиби аввали Сафорати Афғонистон дар Теҳрон дар сӯҳбат ба бахши афғонистонии Радиои Озодӣ гуфтааст... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Саснович вышла в основную сетку турнира WTA-1000 в Риме






Несколько автомобилей столкнулись в Можайском районе

Синоптики предупредили москвичей о холодной погоде и порывистом ветре 9 мая

В Мариинском театре начались гастроли балетной труппы Большого

Уголовное дело возбудили после смертельного ДТП с грузовиком в Подмосковье