Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июль
2020

Новости за 30.07.2020

Шумораи қурбониёни COVID-19 дар ИМА ба 150 ҳазор тан расид

Ozodi.org 

Шумораи қурбониёни коронавирус дар Амрико рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл аз 150 ҳазор нафар гузашт. Донишгоҳи Ҷонз Ҳопкинз --яке аз марказҳое, ки омори олудашудаҳо ба вируси каронаро дар ҷаҳон ва шумораи қурбониёнро сабт мекунад, гузориш дод, ки то соати 16-и рӯзи чаҳоршанбе 150 ҳазору 34 нафар дар Амрико бар асари COVID-19 ҷон бохтаанд. Ин марказ теъдоди афродеро, ки низ то кунун дар Амрико ба ин беморӣ гирифтор шудаанд, беш аз 4,4 миллион гуфтааст. Амрико баландтарин омори гирифторӣ ба коронавирус ва марг аз ин бемориро дар ҷаҳон дорад. Читать дальше...

Додгоҳ як сокини Душанберо барои пешниҳоди ҳамхобагӣ ба як зан муҷозот кард

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Душанбе Қосим Оеви 30-соларо барои озори як зан 406 сомонӣ ҷарима кард. Дар ин бора Раёсати умури дохилии Душанбе хабар дод. Ҳодиса 12 июли соли равон рух додааст. Ин зан дар шабакаи "Фейсбук" навишт, ки дар роҳ мунтазири таксӣ буд ва ҷавоне бо мошини навъи Mercedes-Benz омада, бар ивази 100 доллар ба ӯ пешниҳоди ҳамхобагӣ кард. Зан дар посух зарфи обро ба самти мошин ҳаво дода, дар натиҷа ҷавон вайро дашном додааст. "Чаро мардҳо ин гуна рафтор мекунанд? Магар онҳо, модар, хоҳар, зан ё духтар надоранд? Читать дальше...

Раиси пешини порлумони Эрон дубора ба COVID-19 мубтало шуд

Ozodi.org 

Расонаҳои Эрон рӯзи чаҳоршанбеи 29-уми июл хабар доданд, ки Алӣ Лориҷонӣ, раиси пешини порлумони ин кишвар дубора ба коронавирус мубтало шуда, ба бемористон интиқол ёфтааст. Ин гузоришҳо ҳолати умумии Алӣ Лориҷониро "мусоид" гуфтаанд. Ба навиштаи расонаҳои Эрон, оқои Лориҷонӣ ҳоло зери муроқибати табибон қарор дорад. Алӣ Лориҷонӣ дар охирҳои моҳи март, ки он замон раиси порлумони Эрон буд, низ ба ин беморӣ гирифтор шуда буд. Ӯ дар ҳоли ҳозир узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низоми Эрон аст.

Ҳабси писари сарвазири пешини Доғистон барои куштори донишҷӯдухтари қазоқ

Ozodi.org 

Додгоҳе дар шаҳри Москва писари раиси пешини ҳукумати Доғистон Мухтор Маҷидов Муртузалиро ду моҳ ҳабс кард. Ӯ дар куштори донишҷӯдухтари қазоқ Томирис Байсафӣ айбдор мешавад. Модари донишҷӯдухтар Жанна Ахметова дар шабакаи иҷтимоии "Инстаграм" ба президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, маъмурияти президенти Русия ва раиси Кумитаи тафтишотӣ Александр Бастрикин барои ҳабси ҷавони доғистонӣ миннатдорӣ баён кард. "Президенти мо нишон дод, ки дар ин дунё на ҳама чизро мешавад харид ё барои қонуншиканӣ ҷавоб нагуфт. Читать дальше...

Таэквандо онлайнӣ шуд. Мақоми аввали Умедҷон дар мусобиқаи Перу. ВИДЕО, САДО

Ozodi.org 

Умедҷон Сайдуллозода, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи байнулмилалии онлайнии Перу оид ба таэквондо дар равияи пумсэ, ки бо иштироки варзишгарони 26 кишвар доир гардид, мақоми аввалро соҳиб шуд.

Умедҷон дар мусобиқаи таэквондои Перу ҷои аввалро гирифт

Ozodi.org 

Як варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалии Таэквандо тавассути интернет ширкат варзида соҳиби ҷои аввал гаштааст. Бинобар пандемияи короновирус мусоибқаи байналмилалии Таэквандо дар равияи Пумсе дар Перу онлайн баргузор шуд ва ҷои аввал насиби Умедҷон Сайдуллозода шуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Синнер повторил достижение Джоковича и Надаля по победам на "Больших шлемах"






Гуцул заявила о желании Гагаузии дружить с Россией

В Екатеринбурге пройдет концерт «Содружество народов — содружество культур» с участием солистов из Минска, Москвы и Уфы

Тренер "Динамо" Личка заявил, что ездит в Москве на метро

FT: Переговоры России и Китая по «Силе Сибири — 2» зашли в тупик