Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 11.09.2020

Баҳси ҷонибдорон ва мухолифони футболбозии духтарон дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи футболбозии духтарони тоҷик гап мезанем, ки Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дод ва ба баъзеҳо хуш наомад. Инҷо духтарони футболбози дастаи "Равшан"-и Кӯлоб бозӣ мекунанд ва ҳам мегӯянд, чӣ гуна писарон ба бозии онҳо "каҷ" менигаранд.

"Футбол намегӯяд, писарӣ ё духтар"

Ozodi.org 

Имрӯз дар бораи футболбозии духтарони тоҷик гап мезанем, ки Радиои Озодӣ дар бораи онҳо гузориш дод ва ба баъзеҳо хуш наомад.



Таъхири қаҳрамониҳои Осиё U-16 ва U-19 ба як сол

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 10 сентябр дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё як қатор қарорҳои муҳим қабул гардиданд

Тоҷикистону Чин ҳамкориҳои баъд аз давраи пандемияро баррасӣ карданд

Ozodi.org 

Тоҷикистону Чин хостори таҳкими ҳамкориҳои бештар дар марҳилаи пас аз пандемияи коронавирус шудаанд. Иқтисоди Тоҷикистон, ки сахт вобастаи сармоя ва тиҷорат бо Чин аст, дар ин марҳила, ба пуштибонии Пекин ниёз дорад. Мавзӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Ван И, вазирони умури хориҷии ду кишвар рӯзи 10-уми сентябр дар Маскав баррасӣ шудааст. Ин мулоқот дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой доир шуд. Ба иттилои расонаҳои чинӣ... Читать дальше...

Ҳинду Чин ба хатми таниши марзӣ розӣ шуданд

Ozodi.org 

Ҳинду Чин ба мувофиқа расиданд, ки аз минтақаи баҳсии марзӣ нирӯҳояшонро ақиб мекашанд, чун тирандозии ахир боиси эҷоди таниш дар равобити миёни ду ҳамсояи дорои силоҳи ҳастаӣ шуд. Ин созиш рӯзи 11-уми сентябр дар Маскав дар паи мулоқоти вазирони хориҷаи Ҳинду Чин ҳосил шуд. Дар изҳороти вазирони хориҷаи Ҳинду Чин Субраҳмониён Ҷайшанкар ва Ван И гуфта шудааст, ки “ҳодисаи ахири марзӣ ба манфиати ҳеҷ як ҷониб нест. Мувофиқа ҳосил шуд, ки нирӯҳои марзбонӣ аз ҳарду ҷониб бояд муколамаро идома диҳанд... Читать дальше...

Як узви баландпояи ДОИШи Афғонистон боздошт шуд

Ozodi.org 

Мақомоти амниятии Афғонистон гуфтанд, ки як узви баландпояи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро дар Кобул боздошт карданд, ки дар сӯиқасд ба ҷони ду донишманди умури динӣ дар Кобул гумонбар мешаванд. Раёсати миллии амният рӯзи 10-уми сентябр гуфт, дар амалиёти вижа Убайдуллоҳро боздошт карданд, ки ҳамчунин бо исми Акрам Маданӣ маъруф аст. Ӯро раҳбари амалиёти гурӯҳи “Давлати исломӣ” дар шимолушарқи Афғонистон  меноманд. Ин хабарро ҳанӯз ҷангиён тасдиқ накардаанд. Дар изҳорот омадааст, ки Убайдулло соли 2012... Читать дальше...

Интихобот кай аст ва номзадҳоро мешиносед?

Ozodi.org 

Хабарнигори Радиои Озодӣ аз чанд раҳгузар дар Душанбе пурсид, ки оё медонанд, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистон кай аст ва дар он кадом номзадҳо ба мақоми президент ширкат мекунанд. Посухҳои ҷолиби онҳоро худатон бубинед.

Як моҳ баъди таркишҳои харобкор дар бандари Бейрут сӯхтор сар зад

Ozodi.org 

Як моҳ баъди он ки дар таркишҳои мудҳиши пойтахти Лубнон 190 нафар кушта шуд, дар як бандари шаҳри Бейрут сӯхтори азиме сар зад.  Сӯхтор рӯзи 10-уми сентябр дар минтақаи фурӯши маҳсулоти аз андоз озод рух дод. Барои хомӯш кардани сӯхтор хадамоти оташнишониву низомиён ва чархболҳо ҷалб шуданд. То шаб сӯхтор хомӯш карда шуд. Сабаби сар задани оташ гуфта намешавад.  Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх гуфт, ки ин ҳодиса ба фаъолияти онҳо таъсиргузор шуд, чун сӯхтор ба амборҳои ғизои онҳо асар кард. Дар таркиши моҳе пеш... Читать дальше...

София рӯзи 64-уми эътирозҳои зиддиҳукуматиро пуштисар кард

Ozodi.org 

Дар шаҳри София рӯзи 64-ум аст, ки мардум бо талаби истеъфои ҳукумат ва додситони кулл ба хиёбонҳо мебароянд. Эътирозгарон алайҳи ҳизби муҳофизакори GERB ва ҳукумати он эътироз мекунанд. Рӯзи панҷшанбе эътирозгарон зери назари наздики полис дар беруни сохтмони парлумон дар София ҷамъ омада, бо нидоҳои “мафия, бирав!” ба истеъфои ҳукумати нахуствазир Бойко Борисов ва додситони кулл Иван Гешнев даъват карданд. Дар эътирози мардум гуфта мешавад, ки ҳукумат ва низоми адлия дар дасти як гурӯҳи олигархҳо мебошад. Читать дальше...

Майк Помпео дар роҳ ба Давҳа гуфт, танҳо роҳи сулҳ дар Афғонистон музокирот аст

Ozodi.org 

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео гуфт, ба эҳтимоли зиёд музокироти қарибулвуқӯи сулҳи Афғонистон “пурбаҳс” хоҳад буд, вале баъди низоъҳои тӯлонӣ ин танҳо роҳи пешрафт ва дастёбӣ ба сулҳ мебошад. Помпео ин нуктаро рӯзи 11-уми сентябр дар роҳ ба шаҳри Давҳаи Қатар баён кард. Қарор аст рӯзи 12-уми сентябр дар ин ҷо музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон шурӯъ шавад. Музокироти сулҳи миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон як шарти муҳими созиши сулҳи Вашингтон ва гурӯҳи шӯришӣ аст, ки моҳи феврал ҳосил шуда буд. Читать дальше...

"Беларус ба кӯмак ниёз дорад". Як узви мухолифин аз ИА ёрӣ хост

Ozodi.org 

Як раҳбари мухолифони Беларус аз Иттиҳоди Аврупо хост, ки ваъдаашро дар заминаи пуштибонӣ аз демократия дар ин кишвар иҷро ва эълон кунад, ки ҳукумати Александр Лукашенкоро дигар ба расмият намешиносад. Павел Латушко, собиқ вазири фарҳанг ва ҳоло як узви муҳими мухолифини Беларус дар Шӯрои ҳамоҳангсоз рӯзи 10-уми сентябр бо вазири хориҷаи Чехия Томаш Петршик дидору гуфтугӯ кард. Латушко дар мусоҳиба бо бахши Беларусии Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага гуфт, аз марзи кишвар савори мошини дипломатӣ гузашт... Читать дальше...

Новости России
Москва

Жёсткие экологические требования решат инновационные энерготехнологии


Таъхири қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ва ҷавонон ва лағви Ҷоми AFC   

Ozodi.org 

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Осиё миёни наврасон (U-16) дар Баҳрайн ва ҷавонон (U-19) дар Узбекистон ба соли 2021 интиқол ёфт. Ин тасмим дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё (AFC), ки 10-уми сентябр ба таври онлайн доир гардид, гирифта шуд. Дар ин бора сомонаи расмии AFC хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, кумитаи иҷроияи AFC иқрор шуд, ки пандемияи COVID-19 имкон надод мусобиқаҳо имсол баргузор шаванд. Ба хотири ҳифзи саломатии варзишгарони ҷавон ва мушкилоти сафар қарор қабул шуд... Читать дальше...

Рӯзи шанбе музокироти сулҳи Толибон ва ҳукумати Афғонистон шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Қарор аст дар Қатар рӯзи 12-уми сентябр музокироти деринтизори миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон баргузор шавад. Котиби давлатии ИМА Майк Помпео аз хабари шурӯи муколамаи байни афғонҳо истиқбол ва ҷонибҳоро даъват кард, ки “ин шонси таърихии хатми чор даҳсола ҷангро аз даст надиҳанд”.  Чанде баъди ин президенти ИМА Доналд Трамп ба хабарнигорон гуфт, ки Помпео ба Давҳа рафта дар шурӯи музокирот иштирок мекунад. Фавзия Куфӣ, як узви тими музокиротии ҳукумати Афғонистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт... Читать дальше...

Ятимов бо мақомоти афғон тақвияти марз ва муқобила бо терроризмро баррасӣ кард

Ozodi.org 

Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба Кобул сафар карда, бо мақомоти афғон гуфтугӯ кардааст. Дар хабаре, ки рӯзи панҷшанбеи 10-уми сентябр дар сайти расмии Вазорати дифои Афғонистон нашр шуд, гуфта мешавад, ки Асадуллоҳ Холид, сарпарасти Вазорати дифои он кишвар ва Саймуъмин Ятимов дар бораи ҳамкориҳои марзӣ, мубориза бо терроризм ва мавзуи сулҳ, гуфтугӯ кардаанд. Дар ин идомаи ин хабар омадааст, ки сарпарасти Вазорати дифои Афғонистон аз ҳамкориҳои Тоҷикистон... Читать дальше...

Сарвазирони Тоҷикистону Узбекистон имкони бозкушоии марзҳоро баррасӣ мекунанд

Ozodi.org 

Ҷаласаи навбатии комисияи байниҳукуматии Тоҷикистону Узбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ рӯзҳои 28 ва 29 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Дар ин бора хабаргузориҳо бо такя ба манобеи худ дар ҳукумати Тоҷикистон иттилоъ медиҳанд. Ҷаласаи комисияи байниҳукуматиро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва ҳамтои узбеки вай Абдулло Орипов роҳбарӣ мекунад. Гуфта мешавад, дар ин ҷаласа имкони бозкушоии марзҳои ду кишвар баррасӣ хоҳад шуд. Марзи ду кишвар... Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анастасия Потапова

Потапова всухую обыграла Шнайдер в 1-м круге турнира в Мадриде






Стройка началась. На юго-востоке Москвы готовят площадку по реновации

С 1 мая в Московской области начинается речная навигация

Кожно-венерологический диспансер Подмосковья изменил логотип

Горожан предупредили о сильном ливне и грозе в ближайшие часы