Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2020

Новости за 24.09.2020

Таҳқиқи парвандаи писарони Саид Қиёмиддини Ғозиро ба поён расондаанд

Ozodi.org 

Таҳқиқи парвандаи се писари Саид Қиёмиддини Ғозӣ, рӯҳонии шинохта дар давраи ҷанги дохилии Тоҷикистонро ба поён расондаанд. Мақомот дар ин бора расман хабар намедиҳанд, вале як манбаи огоҳ рӯзи 23-юми сентябр гуфт, ки парванда барои муҳокима ба додгоҳ фиристода шудааст. Ба қавли манбаъ, рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии Саидмуҳаммади 44-сола, Саидҳасани 33-сола ва Саидмуҳаммадии 25-сола оғоз мешавад. Дар ҳамин ҳол, сомонаи "Ахбор" рӯзи 22-юми сентябр хабар дод, ки Саидмуҳаммад, писари калонии Қиёмиддини Ғозӣ ба 25 соли зиндон маҳкум шудааст. Читать дальше...

Баъди занозании тарафдорони ҳизбҳои сиёсии Қирғизистон 4 касро ҳабс карданд

Ozodi.org 

Додгоҳи ноҳияи Аравани Қирғизистон рӯзи 23 сентябр 4 гумонбар дар занозании дастаҷамъиро барои 2 моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Шоми 20 сентябр дар ноҳияи Аравани вилояти Ӯш дар маъракаи таблиғотии ҳизби "Мекеним Қирғизистон" занозании дастаҷамъӣ рух дод, ки дар натиҷа 12 одам ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Пулиси вилояти Ӯш гуфт, занозанӣ баъди он шуруъ шуд, ки номзади ҳизби "Мекеним Қирғизистон" нисбати номзади маҳаллии ҳизби дигар носазо гуфт. Ҳизби "Мекеним Қирғизистон" баъди занозанӣ дар изҳороте ҳодисаи рухдодаро "иғво" унвон кард. Читать дальше...

Қазоқистон ба санади бекор кардани ҳукми қатл пайваст

Ozodi.org 

Қазоқистон ба санаде пайваст, ки аз кишварҳои узв бекорсозии ҳукми қатлро тақозо мекунад. Аз вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон рӯзи 24 сентябр хабар доданд, ки намояндаи ин кишвар дар СММ Кайрат Умаров Санади иловагии Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро имзо кард, ки ба бекорсозии ҳукми қатл равона шудааст. Соли 2003 Қазоқистон ба ҳукми қатл моратория эълом карда буд. Моратория маънии муваққатан боз доштани иҷрои ҳукми қатлро дорад ва дар қонунгузории Қазоқистон то кунун моддаҳое мавҷуд буданд... Читать дальше...

Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ мекунад

Ozodi.org 

Дар Иттиҳоди Аврупо изҳор доштанд, ки интихоботи президентии рӯзи 9 август дар Белорус на озод буд ва на мунсифона. Иттиҳоди Аврупо натиҷаҳои тақаллубшудаи интихоботро эътироф намекунад ва ба ин далел, ёд кардани савганд аз сӯи Александр Лукашенкоро ба унвони президенти тозаинтихоби он кишвар номашруъ медонад. Дар ин робита, Иттиҳоди Аврупо муносибатҳояшро бо Белорус бозбинӣ хоҳад кард, хабар додааст Жозеп Боррел, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ. Савганд ёд... Читать дальше...

Зойиров гуфт, ки афроди ношинос ӯро задаанд

Ozodi.org 

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ) гуфт, ки шоми 22-юми сентябр шахсони ношинос дар наздикии хонааш дар шаҳри Душанбе ба ӯ ҳамла карда, ба сару чашмаш осеб расонданд. Раҳматилло Зойиров рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳамлаварон ду нафар буданд ва "аз пушт зарба заданд". Мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон дар бораи ҳодиса ибрози бехабарӣ карданд.



Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не? ВИДЕО

Ozodi.org 

"Шумо ба интихобот меравед?" Дар барномаи "Гапи Озод" посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар чунин шахсонро накуҳиш мекунанд ва мегӯянд, интихобот тақдири ояндаи кишварро ҳал мекунад ва бояд бираванд.

Гапи Озод: Ба интихобот меравед, ё не?

Ozodi.org 

Шумо ба интихобот меравед? Дар барномаи Гапи Озод имрӯз посух ба ҳамин пурсишро ҷустуҷӯ мекунем, зеро баъзеҳо менависанд, ки ба интихобот намераванд, баъзеи дигар мегӯянд, интихобот тақдири кишварро ҳал мекунад ва ман меравам. Имрӯз тарафдорони ин ду ақидаро ба барномаи "Гапи Озод" даъват кардем.

Исроилу Фаронса барои мубориза бо вирус чораҳои сахттар андешиданд

Ozodi.org 

Исроил ва Фаронса ду кишвари дигаре шуданд, ки барои роҳ надодан ба густариши бештари коронавируси нав маҳдудиятҳои наве ҷорӣ карданд. Дар Амрико гуфтанд, барои офаридани ваксина ба зидди бемории COVID-19 ба шитобкориву саҳлангорӣ роҳ намедиҳанд. Бенямин Вебсайти хабарии YNet дар Исроил рӯзи 24-уми сентябр хабар дод, ки ҳукумати нахуствазир Бенямин Нетаняҳу қарор кард, муқаррароти манъу гаштугузор сахттар карда шавад. Нетаняҳу пештар аз ин гуфта буд, ки сар аз рӯзи 25-уми сентябр дар тамоми Исроил... Читать дальше...

Ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба варзиши сабук, ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор шуд, 216 нафар дар ҳайати 12 даста – седастаӣ аз шаҳри Душанбе, вилоятҳои Хатлону Суғд, дастаҳои ВМКБ (вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳистон), ШНТМ (Шаҳру навоҳии тобеи марказ) ва минтақаи Рашт - аз рӯи 40 навъи рақобатҳо иштирок карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст. Ба иттилои манбаъ, варзишгари маъруф Гулсумбӣ Шарифова (Душанбе-1) дар давидан ба масофаҳои кӯтоҳ соҳиби 4 медали тилло гардид. Читать дальше...

"Хатлон" рақиби "Равшан" дар финали Ҷоми Тоҷикистон-2020 шуд

Ozodi.org 

Дастаи футболи “Хатлон”-и Бохтар, ки дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар тими “Истаравшан”-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуд, ба финали мусобиқа роҳ ёфт. Бозии “Хатлон” - “Истаравшан” рӯзи чоршанбе, 23-юми сентябр, дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар доир гардид. Голҳоро Кароматулло Саидов ва Худойдод Узоқов ба самар расонданд. Ёдовар мешавем, дастаи футболи лигаи аввал “Равшан”-и Кӯлоб, ки 22-юми сентябр дар майдони худ дар бозии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 бар тими... Читать дальше...

Трамп гуфт, интихоботи президентӣ эҳтимолан ба Додгоҳи олӣ меравад

Ozodi.org 

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи чаҳоршанбе аз раъй додан тариқи пост ё почта интиқод карда, пешбинӣ намуд, ки эҳтимолан Додгоҳи олии Амрико дар бораи натиҷаи интихоботи президентии моҳи ноябр тасмим хоҳад гирифт. Раиси ҷумҳури Амрико дар суханронии худ дар Кохи Сафед изҳор дошт, ки раъй додан аз тариқи почта дар интихоботи дар пешистодаи Амрико дар даврони паҳншавии коронавирус, боиси "тақаллуб"-и густурда мешавад. Доналд Трамп дар ин нишасти хабарӣ гуфт, "хуб, бояд бубинем чӣ мешавад, худатон инро медонед". Читать дальше...

Қазоқистон дар Самарқанд консулгарӣ боз мекунад

Ozodi.org 

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 23 сентябр фармони боз кардани консулгарии генералии ин кишвар дар шаҳри Самарқанди Узбекистонро имзо кард. Дар фармон гуфта шудааст, ки барои боз кардани консулгарӣ тамоми чораҳо андешида шавад. Санаи боз шудани консулгарии генералии Қазоқистон дар Самарқанд гуфта намешавад. Пештар хабар дода шуд, ки то охири соли равон дар Самарқанд консулгарии генералии Туркия боз мешавад.

Макрон хост, як ҳайат зери сарпарастии СММ ба Шинҷон фиристода шавад

Ozodi.org 

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон дар пайи нигарониҳо аз поймол шудани ҳуқуқи ақалиятҳои миллӣ, аз ҷумла уйғурҳо дар Чин даъват кард, ки зери сарпарастии СММ як ҳайат ташкил ва ба минтақаи Шинҷон фиристода шавад. Ин даъвати Макрон ҳангоми суханрониаш дар Маҷмаи умумии СММ рӯзи сешанбе сурат гирифт. "Нигарониҳое, ки ҳамаи мо дар робита ба вазъи ақалиятҳои мусулмони уйғур дар Чин дорем, бояд ба назар гирифта шаванд",-изҳор дошт ӯ. Бино ба хабарҳо, зиёда аз 1 миллион уйғур ва намояндагони ақалиятҳои... Читать дальше...

Дар Минск эътирозгаронро бо мошинҳои обпош пароканда карданд

Ozodi.org 

Пулиси шаҳри Минск барои пароканда кардани эътирозгарони зидди маросими савгандёдкунии президенти Белорус Александр Лукашенко аз мошинҳои обпош истифода кард. Дертар шоҳидон гуфтанд, ки дар маркази пойтахти Белорус садои тир низ шунида шуд. Боздошти бераҳмонаи иштирокчиёни эътирози бидуни иҷозат низ сурат гирифтааст. Баъди ҳозир шудани нерӯҳои иловагӣ ба маҳалли тазоҳурот чандин бор оташ кушода шудааст. Ба иттилои хабаргузории "Интерфакс", маъмурон ба осмон оташ кушодаанд. Кормандони мақомоти... Читать дальше...

Додгоҳи Қирғизистон 300 ҳазор сом ҷуброни "Азия Нюс" ба як вазирро қонунӣ номид

Ozodi.org 

Додгоҳи олии Қирғизистон 23 сентябр шикояти нашрияи "Азия Нюс"-ро аз болои ҳукми додгоҳи шаҳрии Бишкек баррасӣ карда, онро бетағйир гузошт. Дар ин бора фаъоли маданӣ Одил Турдуқулов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Додгоҳи олии Қирғизистон низ нашрияро вазифадор кард, ки ба вазири умури дохилии ин кишвар Кашкар Ҷунушалиев 300 ҳазор сом (беш аз 3780 доллар) ҷуброн пардозад. Ин қарорро моҳи феврали соли равон додгоҳи шаҳрии Бишкек содир карда буд, вале масъулони нашрия ба он изҳори норозигӣ карда, ба Додгоҳи олии Қирғизистон... Читать дальше...

Шикояти сокинон аз беобӣ дар як ноҳияи сероби Тоҷикистон. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сокинони дастикам чаҳор маҳалла дар маркази ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон шикоят доранд, ки солҳост ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва касе ба мушкили онҳо расидагӣ намекунад. Мақомот мегӯянд, соли гузашта бо мадади соҳибкорону шахсони алоҳида хатти об кашиданд ва мушкил аз байн рафтааст.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Стефанос Циципас

Греческий теннисист Стефанос Циципас поблагодарил мать за советское воспитание






Как картины И. Пырьева помогали бойцам на передовой?

Три цвета: прокуратура оценит «серую» долю детского отдыха

Главе Якутии Айсену Николаеву вручили медаль Минобороны РФ «За помощь и милосердие»

Синоптики предупредили москвичей о холодной погоде и порывистом ветре 9 мая