Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2020

Новости за 15.12.2020

Ҷанҷоли муҳоҷирони тоҷик бо кордиҳандаи рус барои пул ба пулис рафт. ВИДЕО

Ozodi.org 

Як гурӯҳ аз муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо нишони эътироз ба пардохт нашудани ҳаққи корашон девори сохтаи худро вайрон кардаанд. Кордиҳандаи рус мегӯяд, таъхире дар пардохти маош ҷой надошт ва баръакс барои тахриби девор ба зидди муҳоҷирон ба пулис шикоят кардааст.

Пизишкони тоҷик ҷарроҳии наву мушкилро дар Душанбе таҷриба карданд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пизишкони тоҷик бори аввал дар Душанбе пайвандсозии ғадуди зери меъдаро таҷриба карданд. Онҳо гуфтанд, "баъд аз ҷарроҳӣ меъёри қанд дар бадани бемор муътадил шуда, кори гурдаҳоро танзим мекунад".

Гуштигири тоҷик Мубинҷон Аҳмадовро пеш аз сафари Сербистон, дар Хуҷанд корд задаанд

Ozodi.org 

Мубинҷон Аҳмадов, як гуштигири тоҷик, ки барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Сербистон омодагӣ медид, дар занозании гуруҳӣ дар Хуҷанд пас аз бозии футбол захмӣ шудааст. Намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, Мубинҷон Аҳмадовро бо корд задаанд.

Ҳамсари Ҷунайдулло Умаров мегӯяд, аз ӯ манзилеро мегиранд, ки шавҳараш дар он "хонадомод" буд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандони Ҷунайдулло Умаров, сардори пешини Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯянд, давлат ғайриқонунӣ манзили онҳоро гирифта истодааст. Вале мақомот бар инанд, ки хонаву дари Умаров дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ бо қарори додгоҳ мусодира шудааст.

Ҷанҷоли муҳоҷирон бо кордиҳанда бо тахриби сохтмон анҷом ёфт

Ozodi.org 

Як гуруҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Екатеринбург пас аз пардохт нашудани ҳаққи корашон ба нишони эътироз девори бинокардаашонро вайрон карданд. Кордиҳандаи рус мегӯяд, таъхире дар пардохти маош ҷой надошт ва барои тахриби девор ба пулис шикоят кардааст.

Ҳамсари Ҷунайдулло Умаров мегӯяд, манзилашро ғайриқонунӣ мусодира мекунанд

Ozodi.org 

Пайвандони Ҷунайдулло Умаров, сардори пешини Раёсати бозрасии ҳарбии Вазорати дифоъ мегӯянд, давлат ғайриқонунӣ манзили онҳоро гирифта истодааст. Вале мақомот бар инанд, ки хонаву дари Умаров дар деҳаи Нилкони ноҳияи Рӯдакӣ бо қарори додгоҳ мусодира шудааст.



Аввалин ҷарроҳии пайванди гурда ва ғадуди зери меъда дар Тоҷикистон

Ozodi.org 

Ҷарроҳони тоҷик бори аввал амалиёти пайвандсозии гурда ва ғадуди зери меъдаро анҷом додаанд. Ин навъи ҷарроҳиро табибони Маркази миллии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон дар Душанбе ба сомон расонданд.

Вокунишҳои байналмилалӣ ба эъдоми рӯзноманигори мухолиф дар Эрон

Ozodi.org 

Эъдоми рӯзноманигори мухолиф Руҳуллоҳ Зам дар Эрон, ки гуё фаъолиятҳои онлайнияш ба тазоҳуротҳои зиддиҳукуматии соли 2017 дар он кишвар ташвиқ кардаанд, вокунишҳои байналмилалиро ба бор овард.

Ҷабборов гуфт, ки чаро ба мансабҳои давлатӣ хешонашро таъйин кард

Ozodi.org 

Содир Ҷабборов, иҷрокунандаи пешини вазифаҳои президент ва яке аз довталабони асосии курсии раисҷумҳури Қирғизистон, ки баъди ҳаводиси 5-6-уми октябри имсол сари қудрат омадааст, гуфт, барои чӣ хешонашро ба вазифаҳои давлатӣ таъйин кард.

France Football беҳтарин футболбозони ҳама давру замонро номбар кард

Ozodi.org 

Нашрияи France Football дастаи орзуҳо (Dream Team) - беҳтарин футболбозонро дар таърихи варзиш муаррифӣ кард. Рӯйхати пурра дар вебсайти маҷалла дастрас аст. Дарвозабони дастаи мунтахаби миллии СССР Лев Яшин дар дарвозаи дастаи рамзӣ ҷой гирифт. Беҳтарин ҳимоятгарон дар таърих Кафуи бразилӣ, намояндаи Олмон Франс Бекенбауэр ва Паоло Малдинии итолиёвӣ мебошанд. Нимҳимоятгарони дастаи France Football Лоттар Маттеуси олмонӣ, Диего Марадонаи аргентинӣ, Хави Эрнандеси испанӣ ва Пелеи бразилӣ интихоб шуданд. Читать дальше...

"Дастёр"-и Маҳмурод Одинаевро боздошт кардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Пайвандонаш мегӯянд, Зулфиқор Одинаев, бародарзодаи Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, низ дастгир шудааст. Ба иддаои онҳо, ӯ даҳ рӯз боз дар боздоштгоҳи муваққатии Шуъбаи корҳои дохилии Ҳисор нигоҳдорӣ мешавад ва "барояш хӯрок мебаранд".

Дар як бомбгузорӣ муовини волии вилояти Кобул кушта шуд

Ozodi.org 

Дар таркиши бомба ва тирборон дар Кобул рӯзи 15 декабр ба камияш, се нафар, аз ҷумла муовини волии вилояти Кобул кушта, чандин каси дигар захмӣ шуданд. Сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Афғонистон Тариқ Ориён гуфт, таркиши бомбае, ки ба мошини зиреҳдори муовини волӣ Маҳбубуллоҳ Муҳибӣ часпонда шуда буд, ду нафарро кушт ва дуи дигарро захмӣ кард. Бомбгузорӣ дар маҳаллаи Мукриён (Микрорайон)-и шаҳри Кобул ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳамлаи дигар, афроди мусаллаҳ як афсари полисро куштанд ва як полиси дигарро дар ноҳияи Баграм захмӣ карданд... Читать дальше...

Новости России
Москва

В Москве арестовали 19-летнего виновника смертельного ДТП возле деревни Терехово


Ғолибони мусобиқаи шиноварӣ аз Душанбе ва Суғд

Ozodi.org 

Дар мусобиқаи шиноварӣ, ки бо ширкати 60 варзишгар дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор шуд, мубориза барои медалҳо миёни шогирдони мактабҳои шиноварии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд сурат гирифт. Ба иттилои Федератсияи шиноварии Тоҷикистон, рақобатҳо оид ба тарзҳои мухталифи шиноварӣ (озод, пуштнокӣ, парвона ва брасс) дар масофаҳои гуногун миёни писарону духтарон баргузор шуд. Дар натиҷа намояндагони дастаи Душанбе-1, ки дар бештари масофаҳо ғолиб омаданд, дар ҳисоби дастаӣ ҷойи аввалро азони худ карданд. Читать дальше...

Табиби тоҷик дар Русия ҷоизаи вижа гирифт

Ozodi.org 

Фурқат Ғафуров, зодаи шаҳри Хуҷанд, ки тайи тақрибан ҳашт сол боз дар Русия машғули кору зиндагист, рӯзи 4-уми декабр барои фаъолиятҳои пизишкӣ соҳиби ҷоизаи вижа шуд. Губернатори вилояти Маскав аз заҳматҳои ин ҷарроҳи тоҷик қадрдонӣ кардааст.

Таҳқиқоти рӯзноманигорӣ дар бораи робитаи президенти муваққатии Қирғизистон бо Матраимов

Ozodi.org 

Рӯзноманигори мустақил Алӣ Токтакунов ва асосгузори сомонаи Factcheck.kg Болот Темиров таҳқиқотеро дар бораи робитаи иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон Талант Мамитов ва муовини пешини раиси Хадамоти гумруки ин кишвар Райимбек Матраимов нашр карданд. Рӯзноманигорон суол гузоштаанд, ки чаро иҷрокунандаи вазифаҳои президенти Қирғизистон роҷеъ ба қазияи пурсарусадои Матраимов хомуш аст. Онҳо гуфтаанд, Мамитов соли 2019 раиси комиссияи порлумоние буд, ки масъалаи ғайриқонунӣ берун бурдани... Читать дальше...

Байден пас аз таъйиди расмии пирӯзӣ: "Демократия ғалаба кард"

Ozodi.org 

Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико рӯзи душанбеи 14-уми декабр чанд соат пас аз он, ки Коллеҷи интихоботии он кишвар пирӯзии ӯ дар интихоботро ба расмият шинохт, зимни суханронӣ аз мардуми ИМА хост, ки бо ваҳдат ба сӯи оянда бингаранд. Ӯ бо ишора ба раъйи Коллеҷи интихоботӣ онро натиҷаи "пирӯзии демократия" донист ва гуфт, ки асосҳои ҳокимият дар кишвар мавриди фишор, озмун ва таҳдид қарор гирифт", аммо фурӯ нарехт. Вай афзуд, "он чӣ дар таҳи дили мардуми Амрико метапад, ин аст, демократия... Читать дальше...

Қариб 400 рӯзноманигор дар саросари дунё дар зиндон қарор дорад

Ozodi.org 

На камтар аз 387 корманди расонаҳо дар саросари дунё барои иҷрои вазифаҳои касбӣ зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора дар гузориши созмони ҳомии ҳуқуқи "Хабарнигорони бидуни марз" зикр шудааст. Аз Тоҷикистон дар гузориш исми журналисти мустақил Далер Шарипов ёд шудааст, ки моҳи апрел  бо иттиҳоми  барангехтани кинаву адовати миллӣ ва мазҳабӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд. Наздиконаш ин ҳукмро ноодилона номиданд. Бештаре аз ин рӯзноманигорон дар зиндонҳои панҷ кишвар: Чин, Арабистони Саудӣ, Миср, Ветнам ва Сурия қарор доранд. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

16-летняя теннисистка Андреева обновила рекорд турниров WTA-1000






Москвичам рассказали о благотворительном маркете на фестивале «Пасхальный дар»

Красноярск принял Всероссийские соревнования по дзюдо памяти Геннадия Михеева

В Москве шестилетний ребёнок вызвал скорую помощь и спас мать, впавшую в кому

Брискеты и пастрами из смокера и хрустящие баклажаны с томатами - на площадках фестиваля «Пасхальный дар» представлена интересная гастрономическая программа