Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Июнь
2021

Новости за 01.06.2021

Мунтахаби Ҷопон аввалин шуда ба даври баъдии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 роҳ ёфт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи Ҷопон, ки рӯзи 28-уми май дар бозии интихобии қаҳрамонии ҷаҳон-2022 дар варзишгоҳи «Ниссан»-и шаҳри Иокогама мунтахаби Мянмарро бо ҳисоби бузурги 10:0 шикаст дод, дар гурӯҳи “F” ғолиб шуд ва пешакӣ ба даври баъдии мусобиқа роҳ пайдо кард. Дар бозӣ муқобили мунтахаби Мянмар ҳамлагари «Вердер»-и Олмон Юя Осако панҷ гол, нимҳимоятгари «Ливерпул»-и Англия Такуми Минамино, ки дар мавсими гузашта дар бошгоҳи «Саутгемптон»-и Англия бо ҳуқуқи иҷора бозӣ мекард, ду гол, инчунин Ҳидемаса Морита... Читать дальше...

Русия дар Минтақаи ғарбӣ қисмҳои нави низомӣ таъсис медиҳад

Ozodi.org 

Вазорати мудофиаи Русия дар Минтақаи ғарбӣ наздики 20 қисми нави низомӣ таъсис медиҳад. Дар ин бора Сергей Шойгу, вазири мудофиаи Русия иттилоъ дод. Вай гуфт, ин тасмим баъди фаъолшавии НАТО бо роҳбарии ИМА дар наздикии марзҳои Русия гирифта шудааст. Шойгу ҳамчунин афзуд, то охири соли ҷорӣ ба қисмҳои низомии Минтақаи ғарбӣ наздики ду ҳазор аслиҳа ва дастгоҳҳои муосир интиқол медиҳанд. Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО гуфт, ки иттиҳоди низомиву сиёсӣ дар ҷустуҷӯи роҳи муколама бо Москва... Читать дальше...

Дар Узбекистон донишҷӯён, хабарнигорон ва нависандагонро ваксина мезананд

Ozodi.org 

Дар Узбекистон рӯзи 31-уми май марҳилаи нави ваксиназанӣ шуруъ шуд. Ин дафъа донишҷӯёне, ки ба хориҷ барои таҳсил мераванд, рӯзноманигорон, блогерҳо, нависандагон ва кормандони ширкатҳои радиову телевизиониро ваксина мегиранд. Дар ин бора Насиба Тоирова, як мақомдори беҳдоштии Узбекистон рӯзи 31-уми май хабар дод. Марҳилаи аввали ваксиназании зидди коронаврус дар Узбекистон аз ваксинзании сокинони аз 65-сола боло, кормандони соҳаи тиб, омӯзгорон, кормандони муассисаҳои томактабӣ ва афроди дорои бемориҳои музмин шуруъ шуда буд.

Блогери узбек барои наворгирии раиси вилоят дашном шунид

Ozodi.org 

Блогер аз вилояти Қашқадарёи Узбекистон Умед Каримов хабар дод, ки ӯ дар қабули сайёри раиси вилоят дар ноҳияи Косон таҳқир шудааст. "Раиси вилоят ҳангоми қабули сайёри худ вакилонро танқид кард. Ман ба хотири таваҷҷуҳи ӯро ҷалб накардан пинҳонӣ навор мегирифтам. Дар ҳамин ҳол корманди шуъбаи кор бо ноболиғони маъмурияти вилоят маро дашном дода, амр кард, ки дигар ба қабули раиси вилоят наравам", - навишт блогер, ки бо номи "Капитан Каримов" маъруф аст. Блогер дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст... Читать дальше...

Гурӯҳе аз хонандагони мактаб дар Душанбе худро аз ошёнаи сеюм партофтаанд

Ozodi.org 

Гурӯҳе аз хонандагони мактаби миёна дар Душанбе пас аз хабардор шудан аз "амалиёт"-и нозирони милиса дар яке аз марказҳои бозиҳои компютерӣ худро аз ошёнаи севум ба замин партофтаанд. Ба иттилои дарёфтӣ чанде аз онҳо маҷруҳ шуда, камаш як нафар дар бемористон бистарист.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Свёнтек прошла в полуфинал турнира WTA-1000 в Риме






Центр имени Гамалеи начал клинические исследования новой формы «Фтортиазинона»

В жилом комплексе Новое Летово в остеклении лоджий используются запатентованные системы алюминиевых профилей

Заставил завидовать нам весь мир. Взлёты и падения Николая Семашко

В Москве поймали педофила, заставлявшего ребенка посылать ему интимные фото