Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 09.09.2021

Ҷавонон дар бораи Рӯзи Истиқлол чӣ медонанд?

Ozodi.org 

Санаи нуҳуми сентябр дар Тоҷикистон Рузи истиқлол таҷлил мешавад. Дар остонаи ин ҷашн хабарнигори Радиои Озодӣ аз ҷавонони пойтахт пурсид, ки “Дар моҳи сентябри дар Тоҷикистон кадом ид таҷлил мешавад”. Посухҳоро дар ин навор тамошо кунед.

Тоҷикон дар бораи Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ медонанд?

Ozodi.org 

Дар 20-умин солгарди қатли Аҳмадшоҳи Масъуд, яке аз фармондеҳони шинохтаи Афғонистон, ки соли 2001 аз дасти ду террорист кушта шуд, хабарнигори Радиои Озодӣ аз раҳгузарон дар Душанбе пурсид, ки дар бораи ӯ чӣ медонанд.



Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон бо гузашти низомӣ, раҳпаймоӣ ва барномаҳои фарҳангӣ таҷлил шуд

Ozodi.org 

Имруз, 9-уми сентябр Тоҷикистон 30-юмин солгарди истиқлоли худро таҷлил мекунад. Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолият ба даст овард ва ҳамагӣ чанд моҳ баъд дар гирдоби ҷанги дохилӣ уфтод. Тоҷикистон беш аз 70 сол як ҷумҳурии зери итоати Шӯравӣ буд. Мақомот имсол ҷашни истиқлолро дар муқоиса ба солҳои гузашта бошукуҳтар баргузор мекунанд. Дар остонаи ин ҷашн президент Эмомалӣ Раҳмон афви умумӣ эълон кард ва дар назар аст, ки 16 ҳазор нафар мавриди афв қарор бигиранд. Дар силсилаи чорабиниҳо ба ин муносибат... Читать дальше...

Ба навзоде дар Душанбе Масъуд ном ниҳоданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ва писарашро бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад? ВИДЕО

Ozodi.org 

Навзодеро дар Душанбе ба ифтихори қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш, Масъуд ном гузоштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд солҳо ба зидди Шӯравӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Афғонистон ҷангида, 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби афроди “Ал-Қоида” кушта шуд.

Масъудро бо Тоҷикистон чӣ мепайвандад?

Ozodi.org 

Навзодеро дар Душанбе ба ифтихори қаҳрамони миллии Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш, Масъуд ном гузоштаанд. Аҳмадшоҳи Масъуд солҳо ба зидди Шӯравӣ ва гуруҳи “Толибон” дар Афғонистон ҷангида, 9-уми сентябри соли 2001 аз ҷониби афроди “Ал-Қоида” кушта шуд.

Шаш автомобил - шоҳҷоизаҳои мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ

Ozodi.org 

Дувумин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштини миллӣ рӯзи якшанбеи 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки паҳлавонон аз 13 кишвар - Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Узбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон - баргузор мешавад. Дар ин бора сомонаи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, мусобиқа бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи гуштингирии ҷумҳурӣ ба... Читать дальше...

Русия дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ дар Қазон пешсаф, Тоҷикистон ҳафтум аст

Ozodi.org 

Дар аввалин Бозиҳои кишварҳои ИДМ (Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил), ки дар шаҳри Қазони Тотористони Русия ҷараён дорад, варзишгарони тоҷик дар ҳафт рӯзи рақобатҳо 13 медал – 7 нуқра ва 6 биринҷӣ – гирифтаанд. Тоҷикистон дар байни 9 кишвари ширкаткунандаи бозиҳо мисли пешин дар ҷойи ҳафтум аст. Рӯзи 8-уми сентябр варзишгарони ҷавони тоҷик дар сабқати бокси тайландӣ ду медал ба даст оварданд. Бибинишастамо Холова дар вазни то 60 кило миёни занон бо медали нуқра ва Амонҷон Даминов дар вазни то 71 кило... Читать дальше...

Ширкатҳои хориҷӣ дар Қирғизистон пойгоҳи барқу гармидиҳӣ месозанд

Ozodi.org 

Се ширкати хориҷӣ - бритониёӣ, туркӣ ва чинӣ - барои сохтани Пойгоҳи барқу гармидиҳӣ-2 дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон изҳори омодагӣ кардаанд. Дар ин бора Таалайбек Иброев, вазири энержӣ ва саноати Қирғизистон хабар дод. Вазир гуфт, айни замон арзиши сохтмони пойгоҳи гармидиҳӣ дақиқ нест. Пештар аз ин дастгоҳи президенти Қирғизистон хабар дод буд, ки аз 2 то 5 соли оянда бунёди як пойгоҳи барқу гармидиҳии дигар дар Бишкек дар нақша аст. Тарҳи пойгоҳи барқу гармидиҳӣ ҳанӯз соли 1991 таҳия шуда буд.

Новости России
Москва

Почти 350 малышей появились на свет в роддоме МОЦОМД в апреле


Тоҷикистон як шаҳрванди Қирғизистонро бо айби фурӯши шираи камол боздошт кард

Ozodi.org 

Рӯзи 6-уми сентябр кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кубаничбек Акматов - сокини вилояти Бодканди Қирғизистонро боздошт карданд. Ба иттилои пешакӣ, Акматов дар минтақаи байнимарзӣ дар наздикии деҳаи Уч-Добои вилояти Бодканд боздошт шудааст. Вай аз куҳҳои Қирғизистон шираи камол ҷамъ оварда буд. Мақомоти Тоҷикистон Акматовро дар фурӯши шираи камол ба шаҳрвандони Тоҷикистон айбдор мекунанд. "Ҳангоми боздошт аз шаҳрванди Қирғизистон 100 кило шираи камол пайдо шудааст. Дар фурсатҳои... Читать дальше...

Узбекистон додани визаҳои электрониро муваққатан қатъ кард

Ozodi.org 

Шуруъ аз 6-уми сентябр дар Узбекистон додани визаҳои электронӣ ба хориҷиҳо қатъ шудааст. Дар ин бора аз вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон иттилоъ доданд. Вазорат гуфт, қатъи визаҳои электронӣ ба "корҳои ислоҳӣ дар низоми e-visa.gov.uz марбут аст". Визаҳои электронӣ ба шаҳрвандони кишварҳои хориҷие дода мешуд, ки Узбекистон бо онҳо тартиби содаи равуоро барқарор кардааст. Ин гуна визаро шаҳрвандони хориҷие дастрас мекарданд, ки бо ҳадафҳои сайёҳӣ ва ба муҳлати то 30 рӯз вориди Узбекистон мешуданд.

Сафир гуфт, намояндагиҳои расмии Кобул дар хориҷа ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд. ВИДЕО

Ozodi.org 

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки аз тақрибан ҳафтод намояндагии расмии Кобул дар кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳеч кадом ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардаанд. Гуруҳи “Толибон” 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро расонаӣ намуд.

Сафир мегӯяд, ҳукумати "Толибон"-ро эътироф накардаанд

Ozodi.org 

Сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки аз тақрибан ҳафтод намояндагии расмии Кобул дар кишварҳои ҷаҳон ва Созмони Милали Муттаҳид ҳанӯз ҳеч кадом ҳукумати “Толибон”-ро эътироф накардаанд. Гуруҳи “Толибон” 7-уми сентябр ҳайати ҳукумати муваққати худро расонаӣ намуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Андрей Рублёв

На кураже: Рублёв пробился в финал «Мастерса» в Мадриде, Медведев снялся из-за травмы






В Крыму Черноморский флот и МЧС ищут троих срочников, унесенных в открытое море

Обыкновенный соловей (Luscinia luscinia)

Более 70 тыс тюльпанов, бегоний и гиацинтов высадят в городские клумбы Химок

К Абрамсу уже принесли цветы...