Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Сентябрь
2021

Новости за 28.09.2021

"Толибон" омаданд, кори сартарошҳо кам шуд

Ozodi.org 

Баъди ба қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон кори ороишгоҳҳо суст ва даромадашон кам шудааст. Сабаб ҳам худи "Толибон" будаанд, ки ришу мӯйи дароз доранд ва дар гузашта онҳоеро, ки риш намегузоштанд, ҷазо медоданд.

Нархи “хӯроки асосӣ”-и мардуми Тоҷикистон боло рафтааст

Ozodi.org 

Ба дунболи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, акнун орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ гарон шудааст. Фурӯшандаҳо мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.

Нархи "хӯроки асосӣ" дар Тоҷикистон боло рафтааст. ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар пайи болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон, орд ҳам қимат шудааст. Сокинон мегӯянд, дар шаҳри Душанбе арзиши як халта орд аз 230 то 255 сомонӣ ва дар минтақаҳо то 290 сомонӣ аст. Тоҷирон мегӯянд, боди гаронӣ аз Қазоқистон мевазад.

Навалний ба ҷоизаи ба номи Сахаров пешбарӣ шуд

Ozodi.org 

Мунаққиди зиндонии Кремлин Алексей Навалний ба бурдани ҷоизаи ҳуқуқи башари ба номи Андрей Сахаров пешбарӣ шуд. Ин ҷоизаро Парлумони Аврупо барои талошҳои шахсият ва созмонҳо дар таъмини ҳуқуқи башар таъсис додааст. Навалнии 45-сола баъди заҳролуд шуданаш соли гузашта ба Русия баргашт ва баробари ворид шуданаш ба Маскав январи имсол боздошт ва ба 2,5 соли зиндон ҳабс шуд. Питер ван Дален, як узви Парлумони Аврупо аз Нидерланди дар ин бора дар Брюссел гуфт:   “Барои ман боиси ифтихор аст, ки Алексей... Читать дальше...

Михаил Саакашвили гуфт, ба Гурҷистон меравад

Ozodi.org 

Михаил Саакашвили, собиқ президенти Гурҷистон гуфт, ки барои кӯмак дар “наҷоти кишвар” рӯзи интихоботи 2-юми октябр ба Гурҷистон меравад. Саакашвилӣ, ки ҳоло дар Украина ба сар мебарад, гуфт, бо вуҷуди таҳдиди ҳабсаш, ки онро худи ӯ дорои ангезаҳои сиёсӣ меномад, ба Тифлис парвоз хоҳад кард. Саакашвилӣ дар як видео акси билети ҳавопаймояшро нишон дода гуфтааст, ки ният дорад шоми 2-юми октябр ба кишвар ворид шавад. Ӯ дар ин видео мегӯяд: “Ман ба хотири наҷоти Гурҷистон метавонам дар канори шумо бошам”. Читать дальше...

Муллифи «I Believe I Can Fly» дар истисмори шаҳвонии занону духтарон айбдор шуд

Ozodi.org 

Дар ИМА овозхони маъруф Ар Келли (R Kelly), муаллифи оҳанги «I Believe I Can Fly» дар истисмори шаҳвонии занон ва духтарони ноболиғ гунаҳгор дониста шуд ва ба ӯ даҳсолаҳо зиндон таҳдид мекунад. Нашрияи The New York Times мегӯяд, дар қарори додгоҳи ҳакамии  Ню-Йорк рӯзи 27-уми сентябр омадааст, ки Ар Келлӣ давоми солиёни дароз даст ба истисмори шаҳвонии занон ва духтарони ноболиғ задааст.  Ин додгоҳ ҳукм кард, ки гуноҳи Ар Келли аз рӯи ҳамаи нӯҳ иттиҳом собит шудааст. Ин иттиҳомот марбут ба як ҳолати... Читать дальше...

Мунтахаби футболи занонаи Индонезия ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат гирифт

Ozodi.org 

Дастаи мунтахаби миллии футболи занонаи Индонезия дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи «С», ки дар Варзишгоҳи марказии Душанбе доир гардид, ғолиб шуд ва ба қисми ниҳоии мусобиқа роҳ пайдо кард. Мунтахаби Индонезия дар бозии дувуми мусобиқаи интихобӣ дастаи Сингапурро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод. Бозии аввал низ бо ҳамин ҳисоб ба нафъи индонезиягиҳо хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, футболбоззанони Индонезия ҳамчун ғолиби гурӯҳ ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2022 роҳхат гирифтанд. Дар Душанбе... Читать дальше...



Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо мехоҳад аъмоли Толибон ва ДОИШро таҳқиқ кунад

Ozodi.org 

Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноятҳо гуфт, ки ба таври оҷил бояд иҷозаи таҳқиқи ҷиноятҳои ҷангиву ҷиноят алайҳи башарият дар Афғонистон дода шавад, то ки амалҳои “Толибон” ва гурӯҳи “Давлати исломӣ” мавриди тафтиш қарор гирад. Додситон Карим Хон дар изҳороте рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ки аризаи дархости онҳо ба додгоҳ супурда шуд ва таъҷилӣ будани ин тафтишотро ба ҳузури “Толибон” дар Афғонистон рабт медиҳанд. Моҳи марти порсол додгоҳи байналмилалӣ айни чунин дархости додситони пешин Фату Бенсударо қонеъ кард... Читать дальше...

То барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк" рӯзҳои башумор монд. Бо амонати мардум чӣ хоҳад шуд? ВИДЕО

Ozodi.org 

Дар ҳоле, ки то чанд рӯзи дигар раванди барҳамхӯрии "Тоҷпромбонк" - муассисаи молии муфлисшуда ба поён мерасад, гурӯҳе аз муштариёни ин бонк ба Додгоҳи иқтисодии Душанбе аз дарёфт накардани маблағи пасандозҳояшон шикоят бурданд.

ИМА марди руси муттаҳам дар тақаллуби кортҳои бонкиро истирдод кард

Ozodi.org 

Вазорати умури дохилии Русия рӯзи 28-уми сентябр гуфт, ки ИМА як шаҳрванди Русияро, ки барои ҷиноятҳои интернетӣ ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, истирдод кард. Алексей Бурковро моҳи июни соли гузашта додгоҳи ноҳиявии Вирҷиния барои фурӯши кортҳои бонкии дуздӣ ва дигар фаъолиятҳои мабут ба тақаллуб дар интернет айбдор карда буд. Додгоҳ гуфт, ки Бурков аз роҳи истифодаи тақаллубии кортҳои бонкӣ ба ИМА дар ҳаҷми 20 миллион доллар осеб расонидааст. Бурков декабри соли 2015 дар Исроил боздошт шуд ва аз он ҷо баъдан ба ИМА истирдод гардид. Читать дальше...

"Тоҷпромбонк"-ро мебанданд, амонати муштариён чӣ мешавад?

Ozodi.org 

То замони пурра барҳам хӯрдани "Тоҷпромбонк", яке аз ниҳодҳои молии муфлисшуда дар Тоҷикистон, рӯзҳои башумор мондааст, аммо муштариён мегӯянд, ҳанӯз амонатҳои худро гирифта наметавонанд. Онҳо 27 сентябр аз Додгоҳи иқтисодии Душанбе ёрӣ хостанд. Мудири махсус мегӯяд, амонати муштариёнро медиҳанд.

Соли 2020 дар ИМА ҳодисаҳои куштор якбора боло рафтааст

Ozodi.org 

Дар ИМА дар соли 2020 ҳодисаҳои куштор якбора боло рафта, назар ба соле аз он пеш 30 дарсад афзоиш ёфтааст. Ин омори рекордӣ аз соли 1990 будааст. Бюрои федеролии тафтишот дар як гузориш рӯзи 27-уми сентябр гуфт, ҳодисаҳои куштор ва куштори тасодуфӣ то тахминан 30 дарсад афзуда, 21570 ҳолатро дар соли гузашта ташкил додааст. Соли 1990 дар авҷи эпидемияи  марбут ба истеъмоли кокаин ва ҷиноятҳои мудҳиш дар саросари ИМА 23 ҳазор ҳодисаи куштор сабт шуда буд. Соли гузашта 76 дарсади кушторҳо бо истифода аз силоҳ содир шудааст. Читать дальше...

Дар Ҷопон маҳдудиятҳои вобаста ба COVID-19 бекор мешаванд

Ozodi.org 

Ҷопон ният дорад муқаррароти ҳолати изтирории вобаста ба пандемияи COVID-19-ро дар охири моҳи сентябр бекор кунад. Нахуствазир Йошиҳиде Суга  дар ҷаласаи ахири ҳукумат гуфт, ки дар машварат бо мутахассисон маҳдудиятҳо бекор мешаванд. Ҷопон бо шакли босуръат сироткунандаи “Делта”-и коронавирус дастбагиребон буд ва бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар шароити маҳдудиятҳои сахти беҳдоштӣ баргузор шуданд. Вақтҳои охир ҳодисаҳои нави олудашавӣ ба коронавирус кам мешавад. Ин дар ҳолест, ки дар як гузорише Бонки Ҷаҳонӣ гуфт... Читать дальше...

Шурӯи сохтмони роҳи Дарвоз-Рӯшон

Ozodi.org 

Рӯзи 27-уми сентябр маросими ба истифода дода шудани қитъаи навсохти роҳи Кӯлоб-Хоруғ-Қулма-Чин баргузор шуд, ки аз деҳаи Ёгед гузашта то маркази ноҳияи Дарвоз мерасад. Маросим бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Ба иттилои хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон, қитъаи роҳи нав  26 километр буда, бо маблағгузории ҳукумати Тоҷикистон, Бонки исломии рушд, Хазинаи саудии рушд, Хазинаи кувайтии рушди иқтисодии араб ва Хазинаи ОПЕК бо харҷи қариб 32 миллион доллар сохта шудааст. Читать дальше...

Ҷопон беморхонаи сироятии Душанберо аз нав муҷаҳҳаз кард

Ozodi.org 

Ҳукумати Ҷопон бо маблағи грантии тақрибан 90 ҳазор доллар таҷҳизоти беморхонаи сироятии шаҳри Душанберо навсозӣ кардааст. Рӯзи 27-уми сентябр, дар маросими гузоришдиҳӣ аз анҷоми лоиҳа сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Мияшита Такаюки ширкат намуд. Сафорати Ҷопон мегӯяд, дар доираи «Лоиҳаи такмили таҷҳизоти тиббии беморхонаи бемориҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе» барои муҷаҳҳаз кардани беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе бо дастгоҳҳои зарурии тиббӣ 90 ҳазор доллар масраф шуд. Дипломати ҷопонӣ дар ин маросим гуфт... Читать дальше...

Президенти Фаронсаро бо тухм заданд

Ozodi.org 

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронсаро рӯзи 27-уми сентябр дар як чорабиние, ки он ҷо хӯрокҳои фаронсавӣ тарғиб мешуд, бо тухм заданд. Ҳодиса дар шаҳри Леон дар намоишгоҳи хӯрок сурат гирифт. Дар як навори видеоӣ аз ҷойи ҳодиса дида мешавад, ки як тухм ба китфи Эммануэл Макрон мерасад, вале намешиканад. Ҳамин лаҳза эътирозгаре бо нидои «Зинда бод инқилоб» фарёд мекашад. Як мардро барои тухмпартоӣ дастгир кардаанд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, сухангӯи Эммануэл Макрон ба дархости шарҳи ҳодиса посух надодаааст. Читать дальше...

Тоҷикистону Қирғизистон: номаи азсаргирии ҳамкориҳо беҷавоб монд?

Ozodi.org 

Масъулони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар номае аз мақомоти Қирғизистон хостори азсаргирии ҳамкориҳо шудааанд, аммо то ҳол посухи ин муроҷиатро дарёфт накардаанд. Баъди як низои  мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон поёни апрели имсол, ки дааҳҳо нафар аз ҳарду тараф куштаву захмӣ шуданд, равобити миён ду ҳамсояи наздик бад шудааст. Қирғизистон чор моҳ ба ин тараф сарҳад бо Тоҷикистонро баста, парвози ҳавопаймоҳоро манъ кардааст ва  ба донишҷӯёни тоҷик иҷозаи ворид шудан ба Бишкекро намедиҳад. Читать дальше...

Гузоришҳо: баъди 1-уми октябр рейди зидди муҳоҷирони ғайриқонунӣ шурӯъ мешавад

Ozodi.org 

Бар асоси бархе хабарҳои расида, мақомоти Русия мехоҳанд шурӯъ аз 1-уми октябр дар ҳудуди Русия рейдҳои зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ барпо кунанд. Тибқи як ҳуҷҷате, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, ба ниҳодҳои дахлдор супориш шудааст, барои муайян, нигаҳдорӣ ва муҷозоту ихроҷи шаҳрвандони хориҷие, ки то 30-юми сентябр буду боши худро дар қаламрави Русия қонунӣ накардаанд, чоранадешӣ намоянд. Ҳамчунин тибқи дастур, барои сарборӣ нашудан ба марказҳои муваққатии нигаҳдории муҳоҷирони ғайриқонунӣ, бояд ҷойҳои иловагӣ ташкил карда шавад. Читать дальше...

Новости России
Москва

Всероссийский интеллектуальный забег «Бегущая книга» 2024


Матбуот: ИМА хостори истифодаи пойгоҳи Русия дар ОМ шуд

Ozodi.org 

Амрико ният доштааст аз пойгоҳҳои ҳарбии Русия дар Осиёи Миёна истифода барад. Ба ин хотир генерал Марк Миллӣ,  раҳбари фармондеҳии Вазорати дифои Амрико бо ҳамтои русаш Валерий Герасимов мулоқот карда ин мавзӯро матраҳ кардааст. Дар ин бора нашрияи Wall Street Journal дар такя ба манобеи худ хабар додааст. Герасимов дар ин бобат ба ҳамтои амрикоӣ худ ҳеҷ ваъдаи аниқе надодааст. Мулоқоти ин ду низомӣ дар Финладия ҳафтаи гузашта доир шуда буд, аммо ҷузъиёти ин дидор ҳоло расонаӣ мешавад. Ин дар ҳолест... Читать дальше...

"Тоҷикистон роҳ надод, Толибон таҳдид карданд." Вазъи паноҳҷӯёни афғон дар марзи Ишкошим. ВИДЕО

Ozodi.org 

"Толибон" ба садҳо паноҳҷӯе, ки мехостанд аз Афғонистон ба Ишкошими Тоҷикистон гузаранд, таҳдид кардаанд, ки ба макони худ баргарданд. Дар сурати барнагаштан ба онҳо бархӯрди шадид сурат мегирад. Инҳо гурезаҳое ҳастанд, ки ба гуфтаи худашон марзбонони тоҷик барояшон иҷозаи вурудро надоданд.

Дар Олмон роҳбарони ду ҳизб барои ташкили ҳукумат талош доранд

Ozodi.org 

Дар Олмон баъди ҳисоби овозҳои интихоботи порлумон раисони ҳизбҳои пешсаф муколамаи ибтидоӣ барои ташкили ҳукумати навро шуруъ карданд. Дар интихоботи рӯзи 26-уми сентябри Олмон SPD ё Ҳизби сотсиал-демократ аз ҳизби ҳокими Ангела Меркел пеш гузашт. Бино бар натиҷаҳои пешакии интихоботи парлумонии Олмон, ки 27-уми сентябр нашр шуд, ҳамакнун сотсиал-демократҳои ғолиб ва ҳам иттиҳоди ҳизбҳои росту марказгарои зери назари Меркел (Иттиҳоди масеҳиёну демократҳои Олмон ва Иттиҳоди иҷтимоии масеҳиёни Бавария) иддао карданд... Читать дальше...

Як фаъоли туркман бо хатари истирдод ба Туркия рӯбарӯ аст

Ozodi.org 

Як фаъоли туркман ва сокини Истанбул, ки бо интиқодҳояш аз ҳукумати  худкомаи Туркманистон маъруф аст, ахиран боздошт шуда бо хатари истирдод ба ватан рӯбарӯ шудааст. Маркази ҳуқуқи башари “Мемориал” дар Маскав рӯзи 27-уми сентябр гуфт, Дурсултон Таганова ҳоло дар як боздоштгоҳи шаҳри Истанбул нигаҳдорӣ мешавад ва дар сурати истирдодаш ба Туркманистон, ӯро ҳабсу шиканҷа интизор аст. Дар як навори видеоие, ки ба забони туркӣ сабт шуда дар Телеграм канали Turkmen.news нашр шуд, худи ин фаъоли ҷамъиятӣ мегӯд, ки боздошт шудааст. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Ролан Гаррос

Увидит ли Париж Мирру из России? Андреева дает жару в Мадриде и включается в олимпийскую гонку






Врач Тяжельников рассказал о рекомендациях на разговение на Пасху

Беременная Малахова пришла на ММКФ в прозрачном белье

Диетолог Макиша: витамин К в ряде случаев может привести к образованию тромбов

Новый инфоцыган: куда пропал и сколько зарабатывает Нагиев