Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2021

Новости за 20.12.2021

Дар як вилояти Русия таксиронии муҳоҷиронро манъ карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Тюмен низ таксиронии муҳоҷирони кориро манъ карданд. Фармон дар ин заминаро волии вилоят Александар Мур имзо намудааст. Тибқи он ба шаҳрвандони хориҷие ки бо патент кор мекунанд, фаъолият дар нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ, таксиронӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад. Ба ширкатҳои нақлиётӣ то 1-уми марти соли 2022 мӯҳлат дода шудааст, ки тибқи талаботи нав амал кунанд. Дар ҳафт моҳи имсол раванди муҳоҷират ба ин минтақаи Русия густариш ёфта, ҳудуди 31 ҳазор нафар хориҷиён ба ин вилоят омадаанд. Читать дальше...

Дар Кобул садҳо нафар мунтазири дарёфти шиносномаи хориҷӣ ҳастанд

Ozodi.org 

Рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Кобул садҳо афғонистонӣ барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ пушти дари Хадамоти шиносномадиҳӣ рафтанд. Мақомдорони Толибон ваъда дода буданд, ки 19-уми декабр Хадамоти шиносномадиҳӣ корашро аз сар мегирад. Аз моҳи август, замоне, ки Толибон Афғонистонро таҳти тасарруф дароварданд, мардуми зиёде ин кишварро тарк кардааст ва шумори бузурги шаҳрвандон талош доранд, барои сафари хориҷӣ шиноснома ба даст оранд. Моҳи октябр Толибон тақдими шиносномаҳоро оғоз намуда буданд... Читать дальше...



Ғалабаи 23-юми "Тоҷики тиллоӣ" дар бокси ҳирфаӣ

Ozodi.org 

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи бокси ҳирфаӣ “Shamo Boxing Promotions 66”, ки дар маҷмааи варзишии "Криля Советов"-и шаҳри Маскави Русия доир гардид, чаҳор пирӯзӣ ба даст оварданд. Барои мухлисони бокс рӯйдоди муҳим дар ин мусобиқа баъди чаҳор сол ба ринг ё майдончаи бокс баргаштани муштзани маъруфи тоҷик Соҳиб Усаров мебошад, ки бо лақаби “Golden Tajik” ("Тоҷики тиллоӣ") маъруф аст. Соҳиб дар вазни 55 кило бо варзишгари узбек Бахит Абдураҳимов рақобат кард. Ӯ дар ин муборизаи тезу тунд ва... Читать дальше...

Фаъолони Бадахшон ба Рустами Эмомалӣ муроҷиат карданд

Ozodi.org 

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоми 20-уми декабр дар як муроҷиатномаи видеоӣ аз Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон хостанд, ҳодисаҳои ахири вилоятро дар иҷлосияи навбатӣ баррасӣ кунад.

Русия мегӯяд, аз панҷ зодаи Тоҷикистон 34 кг ҳероин мусодира шуд

Ozodi.org 

Панҷ зодаи Тоҷикиcтон дар фурӯши маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон муттаҳам мешаванд. Тибқи итиллои Додситони кулли Русия, парвандаи боздоштшудаҳоро, ки дар муомилоти ғайриқонунии ҳероин гумонбаранд, додгоҳи вилояти Маскав баррасӣ мекунад. Фурӯш тавассути махфигоҳҳо дар вилоятҳои гуногуни Русия, аз ҷумла дар шаҳру вилояти Маскав ва кишвари Ставропол ба роҳ монда шуда буд. Дар ҷараёни амалиёти тафтишотӣ кормандони пулис аз ин афрод беш аз 34 кило ҳероин дарёфту мусодира шудааст. Ба онҳо солҳои... Читать дальше...

Дар Тюмен таксиронии муҳоҷиронро манъ карданд

Ozodi.org 

Дар вилояти Тюмен низ таксиронии муҳоҷирони кориро манъ карданд. Фармон дар ин заминаро волии вилоят Александар Мур имзо намудааст. Тибқи он, ба шаҳрвандони хориҷие, ки бо патент кор мекунанд, фаъолият дар нақлиёти мусофирбарии шаҳриву наздишаҳрӣ, таксиронӣ ва идораи мошинҳои боркаш иҷозат дода намешавад. Ба ширкатҳои нақлиётӣ то 1 марти соли 2022 мӯҳлат дода шудааст, тибқи талаботи нав амал кунанд. Дар ҳафт моҳи имсол раванди муҳоҷират дар ин минтақаи Русия густариш ёфта, ҳудуди 31 ҳазор нафар хориҷиён ба ин вилоят омадаанд. Читать дальше...

Пайвандони як муҳоҷири тоҷик ба "худкушӣ"-и ӯ бовар надоранд

Ozodi.org 

Пайвандони Маҳмуд Аҳмадов, як муҳоҷири 57-солаи тоҷик, ки ҷасадашро дар Иркутски Русия овехта пайдо карда буданд, ба худкушии ӯ бовар надоранд. Ҷамъияти тоҷикони муқими Иркутск ҳафтаи гузашта ҷасади ин муҳоҷирро ба ватан фиристоданд. Хушбахт Аҳмадов, бародари марҳум мегӯяд, дар хулосаи ташхисе, ки ҳамроҳи ҷасад ба онҳо равон карданд, сабаби марг "монанд ба худкушӣ" гуфта шудааст. Хулосае, ки наздикони Маҳмуд Аҳмадов аслан ба он бовар надоранд ва тақозои тафтиши ҳодисаро доранд. Ин муҳоҷир солҳо боз дар Русия зиндагӣ карда... Читать дальше...

Беш аз 200 нафар дар тӯфони Филиппин ҷон бохтанд

Ozodi.org 

Шумораи талафоти ҷонӣ аз тӯфони қавӣ дар Филиппин ба беш аз 200 тан расид. Мақомҳои ин кишвар рӯзи 20-уми декабр гуфтанд, ки 52 тан ҳанӯз нопадид ҳастанд ва хати иртибот бо чанд вилоят ва шаҳр қатъ шудааст. Тибқи иттилои мақомоти пулиси Филиппин, дастикам 208 нафар ба ҳалокат расида, 239 тани дигар захмӣ шудаанд. Кормандони Идораи ҳолатҳои фавқулодда ба минтақаи дурдаст расидаанд ва интизор меравад, ки шумораи талафот боз ҳам афзоиш ёбад. Тӯфон дар Филиппин рӯзи ҷумъаи 17-уми декабр рух дод. Бисёре аз қурбониён бар асари афтодани дарахтон... Читать дальше...

Кишварҳои исломӣ барои Афғонистон сандуқи ёрӣ таъсис доданд, аммо Толибонро ба расмият нашинохтанд

Ozodi.org 

Кишварҳои исломӣ ба таъсиси сандуқи кӯмак ба мардуми Афғонистон мувофиқат карданд, вале дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати Толибон тасмиме нагирифанд. Рӯзи 19-уми декабр дар шаҳри Исломободи Покистон нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои исломӣ баргузор шуд. Мавзуи меҳварӣ расонидани кӯмак ба Афғонистон буд. Дар ҳоле, ки миллионҳо шаҳрванди Афғонистон бо гуруснагӣ ва сармои сахти зимистон рӯбарӯ ҳастанд, ин кишварҳо ӯҳдадор шуданд, ки сандуқе барои кӯмакҳои башардӯстона ба ин кишвар таъсис диҳанд. Читать дальше...

Захмӣ шудани 3 нафар дар тирпаронии ҷавонон дар Қазоқистон

Ozodi.org 

Дар робита ба тирпаронӣ ва захмӣ шудани се духтар дар шаҳраки Байконури вилояти Қизилордаи Қазоқистон 9 нафар боздошт шудааст. "Ҳашт гумонбар муайян ва дастгир шуданд. Ҳамчунин гумонбари асосӣ дар ин тирандозӣ боздошт гаштааст ва ҳоло баёнот медиҳад", - иттилоъ додааст пулиси вилояти Қизилорда. Ба иттилои пулис, аз гумонбари асосӣ силоҳ мусодир шудааст ва бояд аз ташхис гузаронида шавад. Тафтишоти ҳодиса бар асоси банди "Қасди куштор" идома дошта, гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудаанд. ... Читать дальше...

Мутахассисони Узбекистон фурудгоҳи Мазори Шарифро таъмир мекунанд

Ozodi.org 

Узбекистон гурӯҳи мутахассисонашро ба шаҳри Мазори Шарифи Афғонистон фиристод, то дар барқарор кардани фурудгоҳи ин шаҳри ҳаммарзи Узбекистон ва ҳам азсаргирии парвозҳо мусоидат кунанд. Исматулло Эргашев, фиристодаи вижаи президенти Узбекистон дар Афғонистон рӯзи 17-уми декабр гуфт, ки кори таъмири фурудгоҳ дар аввалҳои соли оянда ба итмом мерасад. Ёрии Тошканд баёнгари омодагии Узбекистон ба ҳамкорӣ бо маъмурияти Толибон аст, ки августи соли ҷорӣ баъди тарки Афғонистон кардани нирӯҳои ғарбии таҳти... Читать дальше...

Ҷабборов: Қирғизистон то январи соли 2022 аз "Қумтор" $300 млн даромад мегирад

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов 19-уми декабр дар вохӯрӣ бо сокинони вилояти Ҷалолобод гуфт, ки ин кишвар то моҳи январи соли 2022 аз кони тилои "Қумтор" то 300 миллион доллар фоидаи холис ба даст хоҳад овард. Ба гуфтаи ӯ, ширкати "Қумтор Голд Компанӣ" дар ҳоли ҳозир сад дар сад ба ҳукумати Қирғизистон тааллуқ дорад ва танҳо "баъзе аз расмиётҳое мондааст, ки бояд иҷро шаванд". Ҷабборов афзуд, ки даромади аз кони мазкур омада ба баланд бардоштани маошу кумакпулиҳо ва сармоягузории тарҳ равона мешавад. Читать дальше...

Садама дар кони "Рубана"-и Русия. 128 ангиштканро берун оварданд

Ozodi.org 

Дар шахтаи ба номи А.Д.Рубанаи шаҳри Ленинске-Кузнетскийи вилояти Кемерови Русия гармшавии қабати ангишт ба амал омадааст. Хабаргузории "ТАСС" бо истинод ба манбаи худ дар ширкати "СУЭК-Кузбасс" иттилоъ дод, ки ҳамаи 128 ангиштканро берун бароварданд. Дар ширкати "СУЭК", ки кони ангиштро дар ихтиёр дорад, ба "РБК" сабаби ҳодисаро гармшавии қабати ангишт номидаанд. Дертар хабаргузории "Интерфакс" бо истинод ба ситоди фаврӣ хабар дод, ки сабаби рух додани ҳодиса "раванди кимиёӣ дар қабати ангишт" мебошад. Читать дальше...


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Даниил Медведев снялся с четвертьфинала «Мастерса» в Мадриде из‑за травмы






К Абрамсу уже принесли цветы...

Директор лицея Белоусов: для успешной сдачи ЕГЭ ребенку важно выбрать стратегию

Новый инфоцыган: куда пропал и сколько зарабатывает Нагиев

В Приамурье вахтовику по ошибке прислали 65 мобильных телефонов