Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Декабрь
2021

Новости за 25.12.2021

Содир Ҷабборов: "ҳалношуда мондани масоили марзӣ ба тамомияти арзии Қирғизистон таҳдид мекунад" 

Ozodi.org 

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфтааст, “то охир мувофиқа нашудани марзи давлатӣ бо кишварҳои ҳамсоя ба тамомияти арзии Қирғизистон таҳдид мекунад”.

Ҷаласаи панҷрӯзаи Комиссияи муштараки демаркатсионии Тоҷикистону Узбекистон анҷом ёфт

Ozodi.org 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки давоми панҷ рӯзи гузашта дар шаҳри Душанбе ҷаласаи калони мақомдорони Тоҷикистону Узбекистон барпо шуд. Дар ин ҷаласа, ки рӯзҳои  20-25 декабр ҷараён гирифт,   Комиссияи муштараки демаркатсионӣ ҷараёни кору гуфтугӯҳои муштаракро баррасӣ кардааст. Дар хабр омадааст, ки  “тарафҳо натиҷаи корҳои геодезӣ-топографӣ, аэроаксгирӣ ва демаркатсионие, ки дар соли 2021 анҷом дода шуданд, ҷамъбаст карда”,  барномаи кориву нақшаи  соли 2022-ро мувофиқа намуданд. Ҷаласаи навбатӣ  дар Ӯзбекистон барпо мегардад. Читать дальше...

Попи Рум, Елизавета ва Байден - омодагиҳо ба ҷашни Милоди Масеҳ идома дорад

Ozodi.org 

Попи Рум Франсиск рӯзи 25 декабр аз балкони Петри муқаддас дар Ватикан Милоди Масеҳро табрик мекунад ва интизор меравад, ки маликаи Бритониё Елизаветаи II бо нахустин муроҷиати телевизиониаш баъди марги ҳамсараш баромад мекунад. Зоҳиран мавзӯи пандемия, ки дар давоми ду соли охир беш аз 5,3 миллион нафарро куштааст ва ҳоло ҳам дар як марҳилаи бисёр сангине қарор дорад, яке аз мавзӯъҳои асосии суханрониҳои онҳо хоҳад буд. Суханронии табрикии Попи Рум нисфирӯзӣ ба вақти Итолиё садо медиҳад ва шом ӯ дар сари дастурхони идона ҳозир хоҳад шуд. Читать дальше...

Марги 16 паноҳҷӯ дар обҳои аҳри Эгей тасдиқ шуд

Ozodi.org 

Рӯзи 24 декабр дар натиҷаи чаппа шудани қаиқе дар обҳои баҳри Эгей, ки муҳоҷиронро ба Юнон интиқол медод, 16 нафар кушта шуд. Ба иттилои сарҳадбонон, қаиқ дар фосилаи 8 км то соҳил бо 80 мусофираш чаппа шуд ва 62 нафари онҳо наҷот ёфтанд. Наҷотбахшон гуфтанд, ки шабонгоҳ амалиёти ҷустуҷӯи ғарқшудаҳоро ба роҳ монданд. Дар чанд вақти ахир дар натиҷаи ғарқ шудани киштиву қаиқҳо бо паноҳҷӯён дар обҳои баҳри Эгей 30 нафар кушта шудааст. Рӯзи 23 декабр вақте дар 200-километрии шаҳри Атен як киштӣ ба кӯҳе бархӯрд... Читать дальше...

Дар як садамаи Эрон 10 нафар ҷон дод

Ozodi.org 

Дар як садамаи автомобилии ҷанубуғарби Эрон дастикам 10 нафар ҷон дод. Ба иттилои хабаргузории ИРНА, фоҷеа замони бархӯрди мошини борбарбе ба як минибус рух дод. Як минибусе бо коргарон аз шоҳроҳе убур мекард, ки шаҳрҳои Хуррамшаҳр бо Аҳвози  вилояти Хузистонро мепайвандад. Шумори маҷрӯҳшудагони ба беморхона интиқолёфтаро  панҷ то понздаҳ нафар мегӯянд. Садамаҳои автомобилӣ дар Эрон бисёр рух медиҳад ва яке аз пурқурбонитарини он моҳи марти имсол буд, вақте 14 нафар, аз ҷумла ҳашт кӯдак ҷон доданд. Читать дальше...



Ҷоизаи духтари Рамазон Қодиров барои “ҳимоят аз ҳуқуқи инсон”  

Ozodi.org 

Дар Ҷумҳурии Чеченистон ваколатдори ҳуқуқи башар Нурдӣ Нуҳоҷиев гуфт, ки духтари 22-солаи раҳбари ин ҷумҳурӣ Оишат Қодирова бо нишони “Барои ҳимоят аз ҳуқуқи инсон” мукофотонида мешавад. Дар шарҳи ҷоиза гуфта шудааст, ки он барои ҳимоят аз ҳуқуқи конститутсиониву манфиатҳои шаҳрвандон тақдим мешавад. Духтари Рамазон Қодиров, ки таҳти таҳрими ИМА мебошад, соли ҷорӣ ба мақоми вазири фарҳанги Чеченистон таъин шуд. Соли 2020 ӯро бо медали “Барои хидматҳояш дар назди Ҷумҳурии Чеченистон” қадрдонӣ карданд. Читать дальше...

Аз чор мақомдори тоҷик ҳамагӣ як нафарашон зан будааст

Ozodi.org 

Ба иттилои мақомоти давлатии Тоҷикистон, 25,8 фоизи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва 23,8 фоизи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Тоҷикистонро занон ташкил медиҳанд. Муовини раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон Умеда Абдуллозода дар як мусоҳибааш бо “Ховар” гуфтааст, давоми панҷ соли гузашта дар Тоҷикистон шумори хизматчиёни давлатӣ аз ҳисоби занону духтарон як фоиз зиёд шудааст, дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, ҳадаф то 30 дарсад расонидани шумори бонувон будааст. Дар... Читать дальше...

Омбудсмени тоҷик аз ҳамтои русаш таъмини ҳуқуқи муҳоҷирони дар Иркутск боздоштшударо тақозо кард

Ozodi.org 

Омбудсмени тоҷик аз ҳамкори русаш тақозо кардааст, ки қазияи кушта шудани ду шаҳрванди Тоҷикистон дар деҳаи Заларии ноҳияи Заларински вилояти Иркутски Русия дар таърихи 12 ноябр мунсифона ва бо риояи ҳуқуқи шаҳрвандони боздоштшуда баррасӣ шавад. Ба навиштаи “Ховар”, сӯҳбати телефонии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Татяна Москалкова рӯзи 24 декабр сурат гирифт. “Умед Бобозода зимни суҳбат таваҷҷуҳи Татяна Москалковаро ба зарурати таҳқиқи фоҷиаи мазкур ҷалб намуда, дархост намуд... Читать дальше...

Абу-Забӣ: мусофирони тоҷикистонӣ аз карантини баъди сафар озод ҳастанд

Ozodi.org 

Мақомоти Абу-Забӣ, пойтахти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ аз 26-уми декабр ба шаҳрвандони 73 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон иҷоза доданд, ки вақти сафар ба ин шаҳр аз карантини ҳатмии вобаста ба пандемияи коронавирус озод бошанд. Дар ин бора рӯзи 25 декабр матбуоти Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар дод. Ба истилоҳ “рӯйхати кишварҳои сабз”е, ки мақомоти Абу Даби тартиб медиҳанд, бо сабаби паҳншавии бештари навъи Омикрони коронавирус аз 95 кишвари пешин то 73 адад кам карда шудааст. Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд... Читать дальше...

Раҷаббой Аҳмадзода аз чанд қисми низомии Конибодому Исфара дидан кард

Ozodi.org 

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран аз чанд  қисми низомии шаҳрҳои Исфараю Конибодом дидан карда бо низомиёни хидматчӣ гуфтугӯ кардааст. Ба навиштаи хабаргузории «Ховар», ин сафар рӯзи 23 декабр барпо шудааст. Дар хабар омадааст, ки  Аҳмадзода  аз қисмҳои ҳарбии мустақар дар шаҳри Конибодом, аз ҷумла дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комендатураи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон боздид намудааст. Дидбонгоҳи  сарҳадии... Читать дальше...

Наздикони Гулбиддин аз навори видеоӣ саҳнаи куштори писарашонро шинохтанд

Ozodi.org 

Пайвандони Гулбиддин Зиёбеков, ҷавони кушташуда дар як амалиёти нирӯҳои интизомии ВМКБ мегӯянд, навори видеоие, ки ахиран дар шабакаи YouTube нашр шуд, ҳақиқати лаҳзаи захмию  боздошти Гулбиддинро аз тарафи кормандони интизомӣ нишон медиҳад.

Тоҷикистону Русия низоми муттаҳидаи дифои зиддимушакӣ месозанд

Ozodi.org 

Шӯрои Федератсияи Русия дар ҷаласаи рӯзи 24 декабраш созишномаи низоми муттаҳидаи дифои зиддимушакии миёни Тоҷикистон ва Русияро тасвиб кард. Хабаргуҳории ТАСС менависад, бар асоси ин санад  ду кишвар як низоми муштараки минтақавии дифои зиддимушакӣ таъсис медиҳанд, ки бахше аз низоми дифои зиддимушакии Иттиҳоди давлатҳои мустақил мешавад. Дар санад гуфта шудааст, ки бо сабаби ҷудо аз ҳам будани ду қаламрав, дар ҳарими ҳавоии Тоҷикистон як минтақаи ҷудогонае дар доираи  амнияти дастаҷамъӣ таъсис мешавад. Читать дальше...

Эмомалӣ Раҳмон ба мулоқоти ғайрирасмии раҳбарони ИДМ меравад

Ozodi.org 

Рӯзи 28 декабр қарор аст дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҷаласаи ғайрирасмии сарони кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) барпо шавад. Ба навиштани Кремл, дар ин ҷаласа, ки бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин баргузор мешавад, раиси ҷумҳуриҳои Озарбойҷон Илҳом Алиев, Беларус – Александр Лукашенко, Қазоқистон – Қосимҷомарт Тоқаев, инчунин президенти аввалини Қазоқистон  Нурсултон Назарбоев, нахуствазири Арманистон Никол Пашинян, президентони Қирғизистон Содир Ҷабборов, Туркманистон ... Читать дальше...

Агар умр вафо мекард, Худойназар Асозода, як муҳаққиқи Айниву Улуғзода 80-сола мешуд

Ozodi.org 

Агар умр вафо мекард, рӯзи 25 декабр Худойназар Асозода, пажӯҳишгари саршиноси адабиёти тоҷик, ки солҳо дар донишгоҳҳои Тоҷикистон тадрис карда, муддате раиси Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳам буд, 80-сола мешуд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
WTA

Елена Рыбакина выступила с критикой в адрес WTA






Глава Раменского округа Николай Ханин сложил полномочия по собственному желанию

Дневник редактора моды: запуск нового бренда Беллы Хадид, Ирина Шейк в кампейне Marc Jacocbs и другие фэшн-новости недели

В Тулу привезли частичку Вечного огня из Александровского сада

«Ты вернул нам жизнь!» Плакаты из коллекции ГИМ увидят 8 млн россиян