Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2024

Новости за 25.05.2024

Мардуми Дархон ба деҳа об оварданд

Ozodi.org 

Сокинони як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон баъди чанд соли камобӣ, барои овардани оби ошомиданӣ аз камари кӯҳ ҳиммат бастаанд. Сокинони деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич бо ҳашар ин корро анҷом медиҳанд.

Ба Дархон об оварданд, то ранҷи мардум камтар шавад

Ozodi.org 

Сокинони як деҳаи дурдасти шимоли Тоҷикистон баъди чанд соли камобӣ, барои овардани оби ошомиданӣ аз камари к=ҳ ҳиммат бастаанд. Бошандагони деҳаи Дархони ноҳияи Деваштич ба тариқи ҳашар ин корро анҷом медиҳанд.

Дар Хатлон ҷойи меваҳои таҳҷоӣ танг мешавад

Ozodi.org 

Дар вилояти Хатлон бархе боғпарварон ба шинондани ниҳолҳои хориҷие пардохтанд, ки зуд бузург мешаванду ҳосил медиҳанд ва дер мепоянд. Навъҳои таҳҷоии мева ба мисли шафтолуву себу зардолу ба қавли деҳқонон агарчанд ширину болаззаттар ҳастанд, аммо бинобар набуди шароити нигаҳдорӣ зуд вайрон мешаванд.

Мотосиклсаворон дар Хуҷанд ҷамъ омаданд

Ozodi.org 

Дар шимоли Тоҷикистон ҷашнвораи варзишие баргузор шуд, ки ба он мотосиклронҳо аз Қирғизистон ҳам омаданд. Ҷашнвораи мотосиклронии “Суғдиён” охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд ва ин навъи варзишкоронро аз чанд кишвари пасошӯравӣ ба ҳам овард.

Шикоят аз боздошт барои ришу ҳиҷоб зиёд мешавад

Ozodi.org 

Бархе аз сокинон дар Душанбе ба Радиои Озодӣ шикоят карданд, ки онҳоро барои ришу ҳиҷобашон бозпурсӣ кардаанд. Дар наворҳое, ки мо гирифтем ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ҳаст, дида мешавад, ки мақомот занонро маҷбур мекунанд, рӯймолҳояшонро ба «шакли тоҷикӣ» ба сар кунанд.



Мақомот мегӯянд, Қонуни танзими расму оин самар додааст

Ozodi.org 

Мақомоти расмии Тоҷикистон мегӯянд, хароҷоти мардум барои маросимҳои ҷашну арӯсӣ ва ё азову мотам дар як солҳои ахир бисёр коҳиш ёфтааст ва ин ба шарофати қонуни танзими расму ойин аст, ки баҳси зиёдеро барангехта буд.

Қаҳрамони ҷаҳон аз Тоҷикистон ба кишвар баргашт

Ozodi.org 

Шаби гузашта даҳҳо нафар ҳаводорону пайвандон ва ҳам намояндагони мақомоти Тоҷикистон ба фурудгоҳи Душанбе ба пешвози Сомон Маҳмадбеков рафтанд. Сомон Маҳмадбеков, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон миёни бузургсолон барандаи медали биринҷӣ гардид.

Ҷавонони тоҷик гуфтанд, сабаби ифротгароӣ чист.

Ozodi.org 

Дар ду соли ахир исми ҷавонони тоҷик дар чанд кишвари хориҷӣ бо иттиҳоми даст доштан дар амалҳои террористӣ расонаӣ шуд. Сабабҳои рӯ овардани ҷавонон ба тундгароиро коршиносон фақр, ноогоҳӣ ва таълими нодурустӣ динӣ ва дигар мушкилиҳои иҷтимоӣ медонанд.

Кай таҳқири муҳоҷирони тоҷик дар Русия хотима меёбад? (Рӯзгори муҳоҷир #22)

Ozodi.org 

Дар шумораи навбатии барномаи "Рӯзгори муҳоҷир" дар бораи мушкилиҳое суҳбат мекунем, ки солҳои ахир муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия бо он мувоҷеҳ шудаанд. Як қаҳрамони мо намедонад, ки чаро аз Русия ихроҷ шудааст, дигаре аз кораш дар Русия қаноатманд буд, вале ҳаёт дар ватанро аз ҳама авло медонад.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Анна Калинская

Калинская обыграла Азаренко и вышла в финал турнира в Берлине






США нанесли удар по российским туристам. К чему готовятся туроператоры

Готовый арендный бизнес — игра в одиночку

Гастроэнтеролог Сухорукова рассказала о полезных свойствах клубники

NetEase: Китай отверг предложение предать Россию, на что США промолчали