Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Май
2024

Новости за 26.05.2024

Тоҷикистон дари як бозори марзиро ба рӯйи афғонистониҳо боз кардааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон ҳар ҳафта ба гурӯҳе аз сокинони Афғонистон иҷоза медиҳад, ки вориди чанд ноҳияи сарҳадии Тоҷикистон шуда, тиҷорат кунанд. Афғонистон зиёда аз се сол боз зери идораи “Толибон” аст. Гурӯҳе, ки Тоҷикистон созмони террористӣ медонад ва ҳукуматашро ба расмият намешиносад.

Донишмандон роҳи табобати ношунавоиро ёфтанд

Ozodi.org 

Дар Бритониё тахминан ним сол баъд аз амалиёти озмоишии генетикӣ ҳисси шунавоии як кӯдак барқарор шудааст. Ӯ дигар ба истифодаи дастгоҳи таҳкими садо ниёз надорад. Табибон умедворанд, ки ин роҳи табобат ҳисси шунавоии ҳазорҳо шахси ниёзмандро барқарор карда метавонад.

Бозори Рӯзвай барои мардум муҳим шудааст

Ozodi.org 

Ҳукумати Тоҷикистон, ки Толибонро ба расмият намешиносад, ҳар ҳафта ба гуруҳе аз сокинони ҳамсоякишвар иҷоза медиҳад, вориди чанд ноҳияи марзӣ шаванду тиҷорат кунанд. Бозорҳои наздимарзӣ ягона ҷое барои сокинони Афғонистон аст, ки метавонанд, биёянду бо ҳамсоягонашон додугирифт кунанд.



CPJ аз ҳукумати Тоҷикистон хост, аз таъқиби хабарнигорони паноҳҷӯ даст бардорад

Ozodi.org 

Committee to Protect Journalists (Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон), қароргоҳаш дар Ню-Йорк, рӯзи 24-уми май аз ҳукумати Тоҷикистон хост, аз таъқиби хабарнигорони "Аздо ТВ" дар Аврупо ва наздиконашон дар дохили ҷумҳурӣ даст бардорад.

Туркия мунтазири раиси ҷумҳури нав дар Эрон. Ба ҷойи Раисӣ кӣ меояд?

Ozodi.org 

Дар Туркия чашмҳои зиёде ба сӯи Эрон дӯхта шудааст, ки ба ҷойи президенти собиқ Иброҳим Раисӣ кӣ меояд. Раиси ҷумҳури Эрон ва чанд ҳамроҳаш, аз ҷумла вазири умури хориҷӣ, 19 май дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ҷон бохтанд. Робитаҳои ду кишвар, ки рақиб низ ҳастанд, дар як марҳилаи муҳиме қарор дорад.

Туркия мунтазири раиси ҷумҳури нав дар Эрон?

Ozodi.org 

Дар Туркия ҳоло чашмҳои зиёде ба сӯи Эрон дӯхта шудааст, ки ба ҷойи президенти собиқ Иброҳим Раисӣ кӣ меояд. Раиси ҷумҳури Эрон ва чанд ҳамроҳи дигараш аз ҷумла вазири умури хориҷӣ рӯзи 19-уми май дар натиҷаи суқути ҳавопаймо ҷон бохтанд.

Зани тоҷик барои қаллобӣ паси панҷара рафт

Ozodi.org 

Чанде аз сокинони Душанбе шикоят доранд, ки миллионҳо сомонии онҳоро зане бо ваъдаи тиҷорат аз худ карда барнагардондааст. Ба қавли ҷабрдидагон, онҳо бо Зулфия Рабиева ном зан тиҷорат доштанд ва дар муддати кутоҳе даҳҳо ҳазор долларашонро аз даст доданд.


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Большой шлем

Рублёв и еще два российских теннисиста не сыграют на Олимпиаде в Париже






Жители Воскресенска выиграли «Гонку героев»

Инфекционист раскрыл характерные для ботулизма симптомы

"Москвич Mag": школьник нарядился сталкером и распугал жителей Новой Москвы

483 пострадавших на производстве белгородца прошли лечение в центрах реабилитации