Трамп тарҳи сулҳи Ховари Миёнаро муаррифӣ кард
Президенти ИМА Доналд Трамп барномаи деринтизори сулҳи худро барои Ховари Миёна пешниҳод кард. Ӯ ваъда дод, ки Байтулмуқаддас пойтахти Исроил хоҳад монд. Ба гуфтаи Трамп, Байтулмуқаддаси Шарқӣ бояд пойтахти Фаластин шавад.
Вай ҳамчунин бо пешниҳоди ташкили ду давлат афзуд, ки ягон исроилӣ ва фаластинӣ аз хонаи худ ҷудо нахоҳад шуд.
Президенти ИМА, ки дар Кохи Сафед дар ҳузури сарвазири Исроил Бенёмин Натаняҳу суханронӣ мекард, ҳушдор дод, ки нақшаи сулҳи ӯ метавонад барои фаластиниҳо охирин имконият бошад.
Ба иттилои ББС, нақшаи сулҳ махфӣ ва зери назорати Ҷаред Кушнер, домоди Трамп таҳия шудааст.
Трамп нақшаи сулҳи 80-саҳифаии худро аз дигар нақша ё пешниҳодҳое, ки барои сулҳи Ховари Миёна таҳия шуда буданд, комилтар ва муфассалтар номид.
Трамп гуфт, имрӯз Исроил "барои сулҳ қадами бузургеро мегузорад". Байтулмуқаддас пойтахти тақсимнашавандаи Исроил мемонад. Сулҳ ҳамеша созишро мехоҳад, вале мо ҳеҷгоҳ дар робита ба масоили амният аз Исроил созишро нахоҳем хост",-афзуд ӯ.
Трамп гуфт, "имрӯз ба раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос нома фиристодам. Қаламраве, ки барои давлати Фаластин муайян шудааст, барои чаҳор соли оянда дар вазъи кунунӣ хоҳад монд. Ин муддатро мешавад барои омодагӣ ба табодули минтақаҳо истифода кард. Фаластиниҳо ҳақ доранд, давлати худро дошта бошанд".
"Ховари Миёна зуд тағйир меёбад ва мо бояд дар фикри насли ҷавон бошем", - изҳор дошт Трамп. Ӯ зикр кард, ки гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" сад дар сад шикаст хурд ва раҳбараш Абубакр Бағдодӣ кушта шудааст.
"Ҷаҳони Ислом бояд иштибоҳеро, ки соли 1948 анҷом дод, ислоҳ кунад ва Исроилро эътироф намояд. Замони ин фаро расидааст", - афзуд ӯ.
Президенти ИМА ба Умон, Баҳрайн ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои ҷонибдорияшон аз нақшаи сулҳ миннатдорӣ баён кард.
Малик Абдуллоҳи дуввум, подшоҳи Урдун дар оғози ин ҳафта гуфт, ин тарҳ муваффақ нахоҳад буд. Бархе расонаҳои минтақа иддао кардаанд, ки Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба Амрико гуфтаанд, танҳо дар сурати ҳимояти Маҳмуд Аббос аз "муомилаи қарн", ин кишварҳо низ пуштибони ин тарҳ хоҳанд буд.
Вазорати умури хориҷии Эрон тарҳи "муомилаи қарн"-ро "хиёнати қарн" дар "ҳаққи мардуми Фаластин ва уммати исломӣ" хонд ва хостори муқобилаи ҳукуматҳо ва миллатҳои минтақа ва ҷаҳон бо ин тарҳ шуд.
Аббос Мусавӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон ин тарҳ ва тарҳҳои монандро "маҳкум ба шикаст" донист ва афзуд, ки "танҳо роҳҳи ҳалли бӯҳрони Фаластин баргузории ҳамапурсӣ дар миёни сокинони аслии сарзамини Фаластин хоҳад буд".