Шоҳида Қаландарова: "Шарм намедорам, вақте бо писарон рақобат мекунам".САДО.ВИДЕО
Роҳи ин духтараки деҳотии тоҷик ба варзиши калон аз майдонҳои хурду сабқатҳо дар тӯю маросимҳои наврӯзӣ оғоз шудааст. Ҳарифони ӯ дар ин сабқатҳо ҳамеша писарон буданд.
"Имсол дар мусобиқоти гуштингирон дар ноҳияҳои Абрдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик бо писарон ва як духтар қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷоизаҳои зиёд шудам. Ман шарм намедорам, вақте ки бо писарон рақобат мекунам",- гуфт Шоҳида Қаландарова дар суҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ.
Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон мардум ба намудҳои варзиши мардона машғул шудани духтаронро чандон қабул надоранд. Шоҳида мегӯяд, назари тамошобинон ба иштироки ӯ дар мусобиқаҳои гуштини миллӣ гуногун аст, ҳарчанд дар ғалабааш ҳама каф мекӯбанд.
Шоҳида дар деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ таваллуд шудааст. 21 сол дорад. Аз хурдӣ ба гуштин ҳаваси зиёд доштааст. Падараш ӯро дар тӯю маъракаҳо ҳамроҳи худ мебурд ва бо писарон гуштӣ меандохт. Аз ҳамон замон вай дар сабқатҳои наврӯзии паҳлавонӣ иштирок мекунад.
Шоҳида аввал ба самбо шуғл меварзид. Ӯ соли 2014 дар мусобиқаи қаҳрамонии самбои ҷаҳон миёни наврасон дар шаҳри Лимассоли Кипр дар сабқати духтарон дар вазни то 56 кило бо медали биринҷӣ мукофотонида шудааст. Баъдан ӯ ҷудоро интихоб кард ва дар ин риштаи олимпӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардид.
“Тӯли ҳафт сол мешавад, ки ба гуштии ҷудо машғулам. Устоди варзиши Тоҷикистон мебошам. Дар бисёр мусобиқоти байналмилалӣ ширкат варзида, парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаам. Соли 2015 бори аввал дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Осиё дар Чирчики Узбекистон дар вазни то 57 кило ғолиб омада, медали тилло гирифтам. Соли 2016 низ дар ин мусобиқа ғолиб шудам”, - иброз дошт Шоҳида Қаландарова.
Барои натиҷаҳои баланд Шоҳидаро ба ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон миёни занон дохил намуданд. Ӯ соли 2018 дар Бозиҳои XVIII тобистонаи осиёӣ дар Индонезия дар сабқати занон дар риштаи ҷудо танҳо варзишгаре буд, ки Тоҷикистонро намояндагӣ кард.
Шоҳида моҳи апрели соли 2019 дар Ҷоми бози Осиё оид ба ҷудо миёни наврасону ҷавонон дар шаҳри Тошканд дар сабқати духтарон дар вазни зери 57 кило медали нуқра гирифт.
Инчунин порсол Шоҳида дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва навҷавонон дар шаҳри Чолпон-Отаи вилояти Иссиқкӯли Қирғизистон медали тилло ба даст овард. Ӯ дар вазни зери 63 кило миёни духтарон дар даври ниҳоӣ бар Фарангиз Ҳоҷиева аз Узбекистон дастболо шуд.
Шоҳида Қаландарова донишҷӯи бахши севуми Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст. Ӯ ҳоло дар ҳайати дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2021 дар Токио мубориза мебарад.
Ӯ порсол дар якчанд мусобиқаи интихобии олимпӣ барои ба даст овардани имтиёзҳо ҷиҳати дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Токио мубориза бурд. Чунончи, дар мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо бо номи Гранд Слем дар пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳрии Абу Забӣ ва Гранд Слем дар Екатеринбурги Русия ширкат кард.
"Орзу дорам ба мисли муштзани маъруфи тоҷик Мавзуна Чориева, ки дар Бозиҳои олимпӣ медали биринҷӣ гирифтааст, ман ҳам ҷоизадори Олимпиада шавам", - мегӯяд Шоҳида Қаландарова.
Суҳбати ихтисосии Радиои Озодиро бо Шоҳида Қаландарова инҷо бишнавед: