Вазорати молия гуфт, ки барои муқобила бо COVID-19 чӣ қадар пул ҷамъ кард
Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Сандуқи вижаи муқобила бо коронавирус дар кишвар 6,3 миллион сомонӣ ва 12,3 ҳазор доллар ҷамъ шудааст. Нуралӣ Шоқурбонов, сардори дафтари матбуоти Вазорати молия, 12-уми май дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, "аз ин пулҳо ягон сомониаш харҷ нашудааст". Ба навиштаи сухангӯи Вазорати молия, пулҳоро бар асоси дастури Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо бемории ҳамагир ва Вазорати тандурустӣ сарф хоҳанд кард. Шоқурбонов мегӯяд, дар бораи харҷи маблағҳо... Читать дальше...