Мақомот дар Чеченистон, як ҷумҳурие дар Қафқози Шимолӣ иддао карданд, ки ба хотири пешгирии "аз ҷониби фаъолони ҳуқуқ рабуда шудани” як зан, ӯро аз дохили паноҳгоҳи қурбониёни хушунати хонаводагӣ берун оварданд. Ҳалимат Тарамова, духтари як муттафиқи деринаи раҳбари Чеченистон Рамазон Қодировро полис рӯзи 10-уми июн бо зӯр аз дохили як паноҳгоҳе дар Махачқалъа, пойтахти Доғистон берун бурданд. Баъди ин Тарамова ба Чеченистон бурда шуд ва ҳоло, ба қавли фаъолони ҳуқуқ, ӯ метавонад як қурбонии “куштори номусӣ” шавад. Читать дальше...