Трамп гуфт, пуштибонӣ аз амалиёт дар Яманро идома медиҳад
![Трамп гуфт, пуштибонӣ аз амалиёт дар Яманро идома медиҳад](https://gdb.rferl.org/813161AA-CA16-4E4D-854C-2382EBFC0F33_w800_h450.jpg)
Рӯзи сешанбе 16-уми апрел президенти ИМА Доналд Трамп ба қатъномаи Конгресс дар мавриди қатъи кумаки низомӣ ба эътилофи байналхалқие вето гузошт, ки дар Яман маъракаи низомӣ анҷом медиҳад.
Ин эътилоф дар Яман зидди ҳусиҳои рӯ ба Эрон меҷангад. Ҳусиҳо назорати қисмати бештари Яманро дар ихитёр доранд.
Дар изҳороти Кохи сафед омадааст, ки ба чунин қатънома ҳеч зарурате нест ва Конгресс талош дорад, президентро аз бахшҳои асосии фаъолияти ҳукумати иҷроия маҳрум созад.
Қонунгузорони Амрико бо такя ба талафоти зиёди сокинони осоишта дар ҷангҳои зидди ҳусиҳои Яман талаб карданд, ки сарбозони амрикоӣ аз минтақаҳои ҷангӣ берун оварда ва тамоми кумакҳо ба эътилоф қатъ шавад.
Дар Яман бо роҳбарии эътилофи Арабистони Саудӣ аз соли 2015 ба ин сӯ маъракаи низомӣ идома дорад. Президент Трамп гуфт, амалкарди ИМА амнияти "80 ҳазор шаҳрванди амрикоиеро таъмин мекунад, ки дар кишварҳои узви эътилоф зиндагӣ доранд ва эҳтимол аст, ҳадафи ҳамлаҳои ҳусиҳои Яман қарор гиранд".
"Сокинони Яман шадидан ба кумаки башарӣ ниёз доранд, на ба бомба", - гуфт Бернӣ Сандерс, яке аз муаллифони қатънома. "Қатънома ба саудиҳо паёми рушанест, ки агар робита бо Конгресс барояшон аҳамият дорад, бояд муҳосираро бардоранд ва кумакҳои башариро ба Яман иҷозаи вуруд диҳанд", - гуфт Роу Ҳанна, узви дигари Конгресс.
Ҷонибдорони қатънома натавонистанд, барои бекор кардани ветои президент раъйи кофӣ ба даст оранд.