Мы в Telegram
Добавить новость
ru24.net
World News in Tajik
Апрель
2019

Новости за 21.04.2019

Экзит-пол: ҳунарпеша Зеленский президенти нави Украина интихоб шуд

Ozodi.org 

Дар Украина даври дувуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ба поён расид. Бино бар натиҷаи экзит-пол ё пурсиши пас аз раъйдиҳӣ, 73,2 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Володимир Зеленский овоз доданд ва раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко ҳамагӣ 25,3 дарсад овоз гирифт.

Чанд гумонбари ширкат дар таркишҳои Шри-Ланка боздошт шуданд

Ozodi.org 

Бино ба хабари манобеи гуногун пас аз таркишҳои имрӯзаи маргбори Шри-Ланка аз се то ҳафт нафар бо гумони даст доштан дар онҳо бозошт шудаанд Рӯзи якшанбе дар натиҷаи силсилаи бомбгузориҳо дар се ибодатгоҳи католикӣ ва чаҳор мемҳонсарии Шри Ланка 138 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 400 тани дигар захм бардоштаанд. Шабакаи телевизионии News1st-и ин кишвар теъдоди кушташудагонро 180 ва захмиёнро 500 нафар меномад. Таркишҳо дар макони ҷамъомад ва ибодати онҳое рух, ки Иди Фусҳоро таҷлил мекарданд. Читать дальше...

Ал-Арабия аз пешгирии ҳамла дар Саудӣ хабар дод

Ozodi.org 

Телевизиони давлатии Арабистони Саудӣ гузориш дод, ки маъмурони амниятӣ аз ҳамлаи мусаллаҳона ба як идораи пулис дар вилояти Риёз пешгирӣ карда ва чаҳор нафар ҳамлагарро куштаанд. Телевизиони “Ал-Арабия” рӯзи 21-уми апрел гуфт, ҳодиса дар шаҳри Зулфӣ, воқеъ дар шимолуғарби Риёз ба вуқуъ пайвастааст. Ба гуфтаи телевизион, ҳамлаварон дар даст, пулемеёт, бомба ва дигар навъҳои аслиҳа доштаанд. Баъди шуруи саркӯби аъзои Ал-Қоида дар Арабистони Саудӣ дар даҳ соли пеш, ошӯбгарон ба чандин идораҳои амниятӣ ҳамла карданд. Читать дальше...

Русия 49 сол дар Сурия мемонад?

Ozodi.org 

Башшор Асад, раиси ҷумҳури Русия бо чанде аз мақомоти баландпояи Русия мулоқот кардааст. Бино ба гузоришҳои расонаҳои ду кишвар, тарафҳо дар бораи иҷораи бандари Тартуси Сурия гуфтугу доштаанд ва мумкин аст, созиш дар ин заминаро имзо кунанд. Русия мехоҳад, пойгоҳи низомии мазкурро барои 49 сол ба иҷора бигирад. Вазорати умури хориҷии Русия гуфт,  ки Башор Ассад бо Александр Лаврентиев, фиристодаи хос барои Сурия, Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷӣ, Юрий Борисов, муовини нахуствазир ва... Читать дальше...



Ду мансаби нави Дилшод Назаров

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дилшод Назаров, гурзандози тоҷик, муовини раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон, раиси Федератсияи варзиши сабуки Осиёи Миёна интихоб шуд

Даври дуввуми интихоботи сарнавиштсози Украина

Ozodi.org 

Дар Украина даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва мумкин аст, ба ҳукуматдории раиси ҷумҳури феълӣ Петро Порошенко хотима гузорад. Назарсанҷиҳо дар остонаи интихобот нишон дод, ки рақиби 41-солаи ӯ, ҳаҷвнигор Владимир Зеленский тарафдорони бисёр зиёд дорад. Дар як назарсанҷии “Рейтинг” - як муассисаи таҳқиқи афкори умум аз рӯзи 18-уми апрел тақрибан 58 дар сади мардум гуфтаанд, ба тарафдорӣ аз Зеленский раъй медиҳанд. Фақат 21 дар сад гуфтаанд, ки дар интихоботи рӯзи 21-уми апрел Петро Порошенкоро дастгирӣ мекунанд. Читать дальше...

Дар бомбгузориҳои Шри Ланка 100 нафар ҷон додаанд

Ozodi.org 

Дар натиҷаи силсилаи бомбгузориҳо дар Шри Ланка камаш 100 нафар кушта шудаанд ва бештар аз 400 тани дигар захм бардоштаанд. Таркишҳо рӯзи 21-уми апрел дар меҳмонсарову калисоҳо дар пойтахти кишвар шаҳри Коломбо рух дод ва дар маҳалли ибодати онҳое, ки Иди Фусҳоро таҷлил мекарданд. Дар шаҳри Ногомбо дар шимоли пойтахт дар се калисо ва дар шаҳри Баттикалоа дар як калисо таркиш ба амал омадааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ акси хуну харобӣ дар яке аз ин калисоҳоро гузоштаанд ва аз мақомот кумак хостаанд. Читать дальше...

Ширкати се филм аз Тоҷикистон дар ҷашнвораи “Вориш”

Ozodi.org 

Се филм аз номи Тоҷикистон дар нуҳумин даври ҷашнвораи байнулмилии “Вориш” дар Бобули Эрон намоиш дода мешаванд. Бино бар барномаи ҷашнвора, филмҳои “Нолаи танбӯр”-и Аниса Собирӣ, “Даре ба сӯйи Худо”-и Маъруф Ноёфт ва “Ҳаморзуӣ – шавқи дидани Помир”-и Брайан Матт, Морган Мончад ва Сифей Вера дар он ба намоиш хоҳанд даромад. Мавзӯи тоҷикӣ ҳамчунин дар як асари филмсозони Афғонистон аз меҳвари ҷашнвора хоҳад буд, ки “Симфонияи даврони Толиб Шаҳидӣ” ном дошта, ба зиндагӣ ва корномаи ин оҳангсози маъруфи тоҷик бахшида шудааст. Читать дальше...

Пирӯзии давандаҳои хориҷӣ дар ниммарафони Душанбе

Sputnik Тоҷикистон (sport) 

Дар 10-умин Ниммарафони байналмилалии Душанбе, ки 20 апрел бахшида ба Рӯзи пойтахт баргузор шуд, миёни мардон Фенти Тилахан аз Ҳабашистон – Эфиопия ва миёни занон Даря Маслова аз Қирғизистон мақоми аввал гирифтанд


Спорт в России и мире

Новости спорта


Новости тенниса
Даниил Медведев

Медведев и Сафиуллин сыграют в паре на турнире в Галле






Житель Одинцово рассказал, что пострадавшего в поножовщине ранили в бедренную артерию

Ушла из жизни народная артистка России Надежда Красная

Сервис "Кухня на районе" приостановил работу из-за отравления москвичей салатом

Специалистов МОЦОМД поздравили с профессиональным праздником